Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

25 000 қурбонии тоҷики "террори сурх"-и Сталин (2 ВИДЕО)


Маросими рӯзи 29 октябр дар майдони Лубянка
Маросими рӯзи 29 октябр дар майдони Лубянка

Хабарнигор ва муҳаққиқи тоҷик Қурбони Аламшоҳ мегӯяд, танҳо дар солҳои 1937-1938 дастикам 25 000 нафар аз тоҷикон қурбони "террори сурх"-и диктатори Шӯравӣ Иосиф Сталин шудаанд.

Рӯзи 29 октябр дар шаҳри Маскав як гурӯҳи фаъолон дар назди бинои собиқи КГБ дар майдони Лубянка гирдиҳам омаданд ва хотираи ҳазорон нафар мардону занонро, ки қурбони “террори бузург”-и Иосиф Сталин шудаанд, гиромӣ доштанд. Ин террор дар таърихи Русия бо номи “террори сурх” шӯҳрат дорад.

Фаъолон бо навбат дар назди ёдгории “Санги Соловки” дар майдони Лубянка бо садои баланд ном, синну сол, касбу кор ва санаи куштори тақрибан 30 ҳазор нафарро қироат карданд. Ин 30 ҳазор нафар дар солҳои 1937-38 ба дасти мақомоти Шӯравӣ ба қатл расидаанд.

Сокинони Маскав ва дигарон бо худ гул ва шамъ оварданд ва дар ин маросим ширкат карданд. Ин маросим зери шиори “Номҳоро бозгардонед” баргузор шуд. “Мемориал»- қадимтарин созмони дифоъ аз ҳуқуқи башари Русия ин маросимро созмон дод.

Солҳои 1937-38 аз ҳамаи кишварҳои Шӯравии пешин, аз ҷумла аз Тоҷикистони дурдаст низ ҳазорон нафар боздошт ва баъдан бедарак шуданд ва то ҳол сӯҳбат дар бораи онҳо гӯё мавзӯи ғайримуҷоз боқӣ мондааст.

Қурбони Аламшоҳ
Қурбони Аламшоҳ

Рӯзноманигори тоҷик Қурбони Аламшоҳ аз ҷумлаи кам касонест, ки дар бойгониҳои Тоҷикистон ва Шӯравии пешин як ҷо бо масоили дигар ин масъаларо низ таҳқиқ кардааст. Дар мусоҳибае аз вай пурсидам, оё зарурати ба истилоҳ “сафед кардан”-и номи чунин одамон дар Тоҷикистон низ пеш наомадааст?

Қурбони Аламшоҳ: Ин тадбир на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар ҳамаи ҷумҳуриҳои Шӯравии собиқ бояд анҷом бигирад. Ин мавзӯи хеле муҳим ва бахше таърихи кишвари мост. Солҳои тӯлонӣ дар бораи ин мавзӯъ сухан гуфтан аслан мамнӯъ буд. Мардум намедонистанд, ки барои чӣ ин террор рух додааст? Замоне фаро расидааст, ки мардум дар бораи он бидонанд. Дар солҳои 1937-38 беҳтарин фарзандони миллат аз тарафи мақомоти давлатӣ ҳабс шуданд ва бе тафтиш ва бидуни ҳукми додгоҳ ба қатл расиданд, ҳарчанд ки онҳо аз тарафдорони ҳукумати нав буданд. Дар соли 1937 дар Тоҷикистон тақрибан тамоми котибони аввали ҳизбӣ, ҳам дар сатҳи ҷумҳурӣ ва ҳам дар сатҳи вилоятҳо, вазирон, котибони ноҳияҳо ва кормандони дигари ҳукуматӣ бе тафтишу ҳукми додгоҳ ба ҳабс гирифта шуданд ва аксари онҳоро ба қатл расонданд. Имрӯз мо бояд бидонем, ки онҳо киҳо буданд ва гуноҳашон чӣ буд, ки ба чунин сарнавишт гирифтор шуданд.

Озодӣ: Оё метавон тахмин зад, ки шумораи қурбониёни “террори сурх” чӣ қадар аст?

Қурбони Аламшоҳ: Шояд аз 20 то 25 ҳазор нафар бошад. Аммо боз ҳам ин як ҳисоби тахминист ва шумори воқеъии қурбониён метавонад хеле бештар ҳам бошад.

Озодӣ: Оё барои дақиқ кардани шумораи чунин афрод касе дар Тоҷикистон таҳқиқот анҷом додааст?

Яке аз китобҳои ангуштшумор дар бораи "террори сурх" дар Тоҷикистон
Яке аз китобҳои ангуштшумор дар бораи "террори сурх" дар Тоҷикистон

Қурбони Аламшоҳ: Мутаассифона, дар бораи ин мавзӯи муҳим ҳанӯз дар илми тоҷик тақрибан таҳқиқот анҷом нагирифтааст. Танҳо рӯзноманигорони алоҳида дар расонаҳои гурӯҳӣ мақолаҳое ба нашр расондаанд. Вале аз нигоҳи илмӣ ин мавзӯъ ҳанӯз таҳқиқ нашудааст. Дар баъзе кишварҳои дигари Шӯравии собиқ дар ин бора, дар бораи репрессия порламонҳо қонунҳои махсус баровардаанд. Вале дар Тоҷикистон мо ҳанӯз ба ин мавзӯъ рӯ наовардаем. Мо бояд ин мавзӯъро пайгирӣ кунем. Бояд аз ҳисоби кормандони давлатӣ ва муассисаҳои илмӣ кумиссиюни махсус ташкил шавад, то ин мавзӯъро таҳқиқ кунанд. Хуб аст, агар дар ин бора як қонун ҳам ба тасвиб расад.

Озодӣ: Бубинед, дар Тоҷикистон чанд категория қурбони ин террор шудаанд, масалан босмачиҳо ҳам ҳастанд, донишмандон ҳам ҳастанд, ки ба баҳонаи мулло будан онҳоро гирифтанд ва кормандони ҳизбиву давлатии вақти Шӯравӣ ҳам буданд. Дуруст аст?

Қурбони Аламшоҳ: Бале, муллоҳо ҳам буданд. Донишмандоне, ки хати арабиро мехонданд, мегуфтанд, ки инҳо мулло ҳастанд ва бар зидди ҳукумати Шӯравӣ мубориза мекунанд. Баъдтар аз соли 1937 “террори сурх” сар шуд. Кормандони давлативу ҳукуматӣ гирифтори он шуданд. Таърихи террор дар Тоҷикистон якчанд зина дорад ва аз гурӯҳҳои зиёде иборат аст, ки таҳқиқи хуб мехоҳад.

Озодӣ: Касе таҳқиқ накардааст ва ба бойгониҳо ҳам барои таҳқиқ роҳ дода намешавад?

Қурбони Аламшоҳ: Ман ду соли пеш дар бойгониҳо хеле зиёд кор кардам. То ҳол парвандаҳои зиёде ҳастанд, ки мӯҳри сиррӣ доранд ва бидуни иҷозаи махсус касе ба онҳо дастрасӣ надорад. Чунин вазъ гувоҳӣ медиҳад, ки сиёсати омӯзиши бойгониҳо дар Тоҷикистон бояд бозбинӣ шавад ва ақалан пажӯҳишгарон ба чунин парвандаҳо дастрасӣ дошта бошанд.

Ин 2 видеоро хабарнигорони Озодӣ дар бораи қурбониёни таъқиботи сталинӣ дар соли 2011 гирифтаанд:

Сталин ва Тоҷикистон (бахши 1)
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:56 0:00

Сталин ва Тоҷикистон (Бахши 2)
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:25 0:00

XS
SM
MD
LG