Бештари ин шеърҳо ба мавзӯҳои мазҳабӣ ва сиёсӣ бахшида шудаанд, ки сабаби манъи нашрашон шудааст.
Баъд аз 65 соли фавти Садриддин Айнӣ, сардафтари адбиёти шӯравии тоҷик муҳаққиқон дар бойгонии ин адиб дар шаҳри Душанбе беш аз 30 шеъри устодро пайдо карданд, ки ҳанӯз дар ҳеҷ ҷо нашр нашудааст. Абдухолиқ Набавӣ, пажӯҳишгари осори Садриддин Айнӣ 30-уми август дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки соли ҷорӣ муҳаққион тасмим гирифтанд барои таҳияи нашри нави куллиёти осори ин адиби равоншод бойгонии ӯро дубора мавриди таҳқиқ қарор диҳанд. Ҷаноби Набавӣ гуфт, ки дар канори пайдо кардани дастхатҳои романҳои устод Айнӣ ҳамзамон шеъру қасида ва дубайтиҳои адиб ошкор шудаанд, ки ҳатто дар ҷилди 8-уми куллиёти осори Садриддин Айнӣ қаблан нашр нашудааст. Вай афзуд:
“То ҳол мо беш аз 30 шеъри устодро пайдо кардем, ки ҳанӯз дар ҳеҷ ҷо нашр нашудаанд. Бештаре аз онҳо ба мавзӯҳои мазҳабӣ ва бархеи дигар ба мавзӯҳои сиёсӣ бахшида шудаанд. Устод Айнӣ, ки аз қабл рӯҳияи панисломӣ доштанд, дар солҳои баъдӣ низ ин рӯҳияро ҳифз карда буданд. Ҳатто дар “Ёддоштҳо” навиштаанд, ки замони 75 калтаки чӯбӣ хӯрдани худ эҳсос мекарданд, ки ҷон ба ҷонофарин месупоранд ва мисли ҳамаи мусалмонон калимаи Шаҳодатро ба забон меоварданд. Аммо, дар замони шӯравӣ эҳсоси худсонсорӣ дар адиб боло мегирад ва бештаре аз навиштаҳои худро нашр намекунанд. Аммо, бархе дигар аз осори эҷодкардаи адибро мақомоти вақти шӯравӣ иҷоза намедоданд, ки нашр шавад”.
Абдухолиқ Набавӣ ба унвони мисол аз осори ошкоршудаи устод Айнӣ дастхатҳои ӯро намоиш доданд ва гуфтанд, ки “Садриддин Айнӣ ба ҷуз аз хатти форсӣ дигар ба ҳеҷ хатте наменавиштанд, ҳатто бархе аз романҳову шеърҳояшонро ба забони узбекӣ, вале бо хатти форсӣ навиштаанд”. Абдухолиқ Набавӣ ба унвони мисол қитъаҳои назмии устод Айниро қироат кард, ки саршор аз мухотаб ба парвардигор мебошад:
Аҳвол вахим аст, Худоё, мададе кун,
Олом азим аст, Худоё мададе кун...
Бо ин ҳама ғам чора ҳамин аст, ки гӯям:
Аллоҳ карим аст, Худоё мададе кун...
Дар ҳамин ҳол Мубашшири Акбарзод, ходими илмии Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти Академияи илмҳои Тоҷикистон хабар дод, ки дар зудтарин фурсат нашри дубораи куллиёти осори Садриддин Айнӣ дастикам дар 22 ҷилд сурат хоҳад гирифт. Бад ин манзур гурӯҳи пажӯҳишгарони ин муассиса ба бойгонии шахсии Садриддин Айнӣ эъзом шуда, осори нашрнашудаи устодро пайдо кардаанд. Вай афзуд:
“Мо ҳатто шеърҳои нашршудаи устод Айнӣ бо дастхатҳои ӯро муқоиса карда, фарқиятҳои зиёдеро ошкор кардем ва дар нашри нави куллиёти осори Айнӣ шеърҳо ва романҳои Садриддин Айнӣ дар шакли аслӣ нашр хоҳанд шуд. Бояд гуфт, ки дар миёни шеърҳои Садриддин Айнӣ, ки пайрави сабкҳои назмии адабиёти классикӣ буданд, шеърҳое низ пайдо шуданд, ки дар онҳо мухотаби шоир маъшуқ аст, на маъшуқа. Ин як сабки маъмулӣ дар адабиёти классикӣ мебошад”.
Садриддин Айнӣ 15 апрели соли 1878 дар Бухоро таваллуд шуда, 15 июли соли 1954 дар синни 76-солагӣ дар Душанбе фавтидааст. Ӯро сардафтари адабиёти муосири шӯравии тоҷик унвон карда, номи ноҳияву хиёбонҳо исми Садриддин Айниро доранд. 8-сентябри соли 1998 бо фармони раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба Садриддин Айнӣ унвони Қаҳрамони Тоҷикистон дода шудааст. Ба эътиқоди соҳибназарон, Садриддин Айнӣ дар ташаккули ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати Иттиҳоди Шӯравӣ дар муқобили пантуркистҳо қарор дошта, тавонистааст ҳуввияти тоҷикон ба унвони миллати қадимаву тамаддунсозро собит созад.