Қарор аст чопи дубораи ҷилди аввали куллиёти Садриддин Айнӣ, ки аз ашъори назмии сардафтари адабиёти муосири тоҷик иборат аст, танҳо ба миқдори ҳазор дона сурат бигирад. Эраҷ Айнӣ, набераи устод ва раҳбари Сандуқи гиромидошти Садриддин Айнӣ 16-уми апрел дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки "ин миқдор хеле ночиз аст. Зеро, дар Тоҷикистон 4,5 ҳазор китобхона ва ҳамин миқдор китобхонаҳои мактабӣ ҳастанд ва ҳазор дона китоб ҳатто барои тақсим ба ин китобхонаҳо кифоят намекунад. Гузашта аз ин, аҳолии Тоҷикистон беш аз 8 миллион нафар шудааст ва чопи ҳар ҷилди куллиёт ба миқдори ҳазор дона қатрае дар баҳр беш нест".
Ба гуфтаи Эраҷ Айнӣ, феълан ҷилди дувуми куллиёти Садриддин Айнӣ иборат аз “Намунаҳои адабиёти тоҷик” барои чопи дигарбора омода мешавад. “Мо тасмим гирифтем миқдори бештари ҷилдҳои куллиёти устод Айниро тавассути намояндагии Сандуқи ба номи Айнӣ дар Русия нашр кунем. Алексей Афғонов, масъули Хонаи интишороти Садриддин Айнӣ дар Русия ба Радиои Озодӣ хабар дод, ки ба ин манзур ба мақомоти Русия муроҷиат карда, иҷозаи расмии чопи осори Садриддин Айниров дарёфт кардаанд. Ба ин тартиб, Русия чопи китобҳои Садриддин Айниро сармоягузорӣ мекунад.
Вай ҳамчунин гуфт, ки ба манзури таблиғи адабиёти ғании тоҷикон ин Хонаи интишорот нашри китобҳои дигари адибони классик ва муосири тоҷикро роҳандозӣ мекунад. “Мо феълан китоби шеърҳои Сергей Есенин дар тарҷумаи Лоиқ Шералиро нашр кардем. Мехоҳем имсол осори Абӯалӣ Ибн Сино, Умари Хайём ва Садриддин Айниро ба се забон – тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ нашр кунем. Ҳамчунин мо аз ақалиятҳои миллии Тоҷикистон - яғнобиҳо, аққалиятҳои миллии Бадахшон, узбекҳову қирғизҳо хоҳиш кардем, ки ашъори интихобкардаи мо аз ҷумлаи адабиёти русро ба забони худ тарҷума кунанд ва баъд аз чоп мо онро ба ин ақаллиятҳо тақсим кунем”, - афзуд Алексей Афғонов.
Зимнан, имрӯз дар шаҳри Душанбе маросимҳои ҷашнӣ дар иртибот ба 140-солагии Садриддин Айнӣ бо баргузории ҳамоиши байналмиллалии илмӣ дар Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон идома дошт.
Ба иттилои Эраҷ Айнӣ, ҳамзамон дар шаҳри Самарқанд низ имрӯз, 16-уми апрел бо ширкати донишмандони хориҷӣ ҳамоиши байналмиллалии адабиву илмӣ сурат мегирад. Дар остонаи баргузории ин ҳамоиш мақомоти Самарқанд маросими мавриди истифода қарор додани гулгаште ба номи устод Садриддин Айниро доир кардаанд. Қарор аст, 26-уми апрел дар шаҳри Бухоро -- зодгоҳи Садриддин Айнӣ маросимҳои ҷашнии сардафтари адабиёти муосири тоҷик идома ёбад.