Ҳукумати Узбекистон барои таъмири осорхонаи Садриддин Айнӣ, нависандаи саршинос ва қаҳрамони халқи тоҷик, 300 миллион сум – муодили 37 ҳазор доллар – додааст.
Амина Шарофиддинова, яке аз фаъолони ҷамъияти тоҷикони Узбекистон, рӯзи 1-уми феврал гуфт, ин иқдом дар остонаи таҷлил аз 140-солагии Садриддин Айнӣ сурат гирифт. «Агар ба ҳамин муносибат нимтанаи Садриддин Айнй, ки чанд сол боз дар «ҳабси хонагӣ» қарор дорад, дар ҷои пешинааш барқарор мешуд, кори хайре буд», - афзуд ӯ.
Қарор аст, 140-солагии Садриддин Айнӣ моҳи апрели имсол таҷлил шавад. Ҳукумати Тоҷикистон ҳам барои таҷлил аз ин сана барнома таҳия карда, баргузории чорабиниҳоро дар назар дорад.
Хона-музейи Садриддин Айнӣ дар майдони Регистони Самарқанд воқеъ аст. Соли 2009 мақомоти Узбекистон гуфта буданд, ки ин осорхонаро тахриб мекунанд. Далелашон ҳам ин буд, ки бинои осорхона хеле фарсуда шуда, ниёз ба таъмир дорад.
Ин тасмим вокунишҳои зиёдеро дар пай дошт. Аз ҷумла рӯшанфикрони тоҷик аз мақомҳои узбак хостанд, ки даст аз тахриби осорхонаи Садриддин Айнӣ бардоранд. Бо ҳамин, мақомоти Узбекистон осорхонаи Садриддин Айниро тахриб накарданд ва он то ҳанӯз дар ҷои худ боқист.
Солҳои зиёди умри Садриддин Айнӣ дар Самарқанд гузаштааст ва осорхонаи ӯ дар ин шаҳри қадимии тоҷикон соли 1956, ду сол баъди вафоти ин нависандаи саршиноси тоҷик, таъсис ёфтааст.