Отамбоев, ки рӯзи душанбе дар нишасти хабарии муштарак бо Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар шаҳри Бишкек сӯҳбат мекард, гуфт, “ҳалли масоили марзие, ки солҳо боз ҷамъ шудаанд, шурӯъ шуд.“ Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “масоили марзӣ бояд оромонаву санҷида ҳал шаванд.”
Хабарнигори бахши қирғизии Радиои Озодӣ, ки дар нишасти хабарӣ ҳузур дошт, мегӯяд, Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин афзудааст, ки “масоили меросмонда аз таърих бояд дар рӯҳияи ҳамкорӣ, созиш, гузаштҳои дутарафа ва ҳифзи манофеъи ҳамдигар” ҳал шаванд ва ду тараф ба дигарон намунаи ҳалли созандаи мушкилотро нишон бидиҳанд.
Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба вазъи амниятӣ дар Осиёи Марказӣ гуфт, ба эътиқоди ӯ, гумон аст, ки баъди ихроҷи нерӯҳои хориҷӣ аз Афғонистон дар соли 2014, кишварҳои минтақа ба ҳамлаҳои васеъи ифротгароёни исломӣ рӯ ба рӯ шаванд. Ӯ гуфт: “Ман фикр намекунам, ки баъди тарки нерӯҳои эътилофӣ, ифротгароёни зиёд ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ворид шаванд. Аммо бояд барои ин омода шуд, аз ин рӯ мо аз ҳампаймонҳои худ, муттаҳидони стротегии худ мехоҳем, ки барои тақвияти марзҳои ҷанубии кишварҳои муштаракулманофеъ, марзи Тоҷикистону Афғонистон кумак кунанд, ки мо тавонем, худрову Осиёи Марказиро, кишварҳои муштаракулманофеъ, Русия ва Аврупоро муҳофизат кунем.”
Эмомалӣ Раҳмон ва Алмосбек Отамбоев дар мулоқоташон дар шаҳри Бишкек мувофиқа кардаанд, ки рӯзи сешанбе дар нишасти ғайрирасмии сарони кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ, масъалаи бунёди роҳи оҳани Русия-Қазоқистон-Қирғизистон-Тоҷикистонро матраҳ кунанд. Алмосбек Отамбоев, гуфт, ки ин роҳи оҳан сипас ба Афғонистон ва то ба Халиҷи Форс хоҳад рафт ва барои ҳамаи кишварҳои узви созмон зарур аст.
Раҳбарони Тоҷикистону Қирғизистон ҳамчунин ба масоили тақсими об дар Осиёи Марказӣ ва бунёди нерӯгоҳҳои баҳсбарангези барқи обӣ дар минтақа низ таваҷҷӯҳ карда ва аз ҷумла аз Узбакистон хостанд, ба ҷойи мухолифат дар амалӣ кардани ин тарҳҳо саҳм бигирад. Ба гуфтаи хабарнигори бахши қирғизии Радиои Озодӣ, Эмомалӣ Раҳмон ва Алмосбек Отамбоев, таъкид кардаанд, ки нерӯгоҳҳои бузурги барқи обии худро хоҳанд сохт ва ваъда додаанд, ки манфиати кишварҳои дигари минтақаро ҳам ба инобат хоҳанд гирифт. Эмомалӣ Раҳмон гуфт: "Дар арсаи гидроэнергетика Тоҷикистону Қирғизистон мавқеъи бисёр наздик доранд. Мо захираҳои нафту газ надорем, об сарвати миллии мост ва мо онро бояд барои эҳтиёҷоти худ истифода барем. Бар асоси ойинномаи Созмони Милал мо ҳақ дорем, сарвати миллии худро барои некӯаҳволии кишвари худ истифода кунем.”
Эмомалӣ Раҳмон аз нерӯгоҳи барқи обии Роғун ва ташхиси он аз сӯи Бонки Ҷаҳонӣ ёдрас шудааст, ки ҳоло идома дорад. Раиси ҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳарду кишвар ба иҷрои тарҳи КАСА-1000 умед мебанданд, ки қарор аст, нерӯи барқи зиёдатии Тоҷикистону Қирғизистонро аз тариқи қаламрави Афғонистон ба Покистони мӯҳтоҷи нерӯи барқ бирасонад. Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, ҳангоми иҷрои ин тарҳҳо Тоҷикистону Қирғизистон дасти ҳамдигарро мегиранд ва қавл медиҳанд, ки ба кишварҳои поёноб ноҳаққӣ нашавад, вале аз сарвати бебаҳои худ истифода хоҳанд кард.
Алмосбек Отамбоев бо тақвияти ин фикр гуфтааст, ки “иҷрои барномаҳои энержӣ ҳаққи қонунии мост ва аз кишварҳои поёноб мехоҳем, дар он ширкат кунанд. Қазоқистон майли ширкат дар ин тарҳҳоро нишон додааст ва мо Узбакистонро ҳам ба ин тарҳ даъват мекунем.”
Бо вуҷуди оби фаровон Тоҷикистону Қирғизистон дар зимистон ба нерӯи барқ мӯҳтоҷ мешаванд ва қасд доранд, бо бунёди нерӯгоҳҳои бузурги барқи обӣ дар рӯдхонаҳои худ, аз ин мусибати бебарқӣ халос шаванд, вале дар ин роҳ ба мухолифати сарсахтонаи Узбакистон рӯ ба рӯ шудаанд, ки мегӯяд, дар сурати бунёди нерӯгоҳи Роғун дар Тоҷикистон ва нерӯгоҳи Қамбарота-1 дар Қирғизистон, кишварҳои дигари минтақа оби кофӣ нахоҳанд ёфт. Эмомалӣ Раҳмон рӯзи сешанбе бо як сафари расмии дурӯза вориди Қирғизистон шуд. Зимни сафари ӯ, 10 санади ҳамкорӣ, дар арсаҳои гуногун аз ҷумла дар самти ҳамкориҳои фарҳанги варзишӣ ва илму техникӣ имзо шуд.