Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳмон дар Бишкек бо Путин мулоқоти алоҳида хоҳад дошт


Алмосбек Отамбоев(аз чап), Владимир Путин ва Эмомалӣ Раҳмон(аз рост)
Алмосбек Отамбоев(аз чап), Владимир Путин ва Эмомалӣ Раҳмон(аз рост)

Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Бишкек бо ҳамтои русаш Владимир Путин як мулоқоти алоҳида хоҳад кард.

Юрий Ушаков, ёвари Путин гуфтааст, ки мулоқот Путин ва Раҳмон дар ҳошияи нишасти ғайрирасмии сарони кишварҳои узви созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ ва нишасти Шӯрои олии иқтисодии АвроОсиё доир хоҳад шуд. Путин ба манзури ширкат дар ин ду нишаст ва мулоқотҳои алоҳида бо Раҳмон ва бо раисиҷумҳури Қирғизистон Алмосбек Отамбоев рӯзи 27 май озими Бишкек хоҳад шуд.

Баҳси пойгоҳи 201

Ушаков Паймони амнияти дастаҷамъиро “як омили умда дар амри таъмини субот дар паҳнои кишварҳои муштаракулманофеъ(СНГ)” номида гуфтааст, ин созмон тавони “ҳалли нафақат масоили низомӣ, балки тавони ҳалли масоили сиёсиро ҳам дорад.” Ба гуфтаи Ушаков, дар нишасти Бишкек масоили рушби минбаъдаи шабакаи амнияти дастаҷамъӣ, такмили омодагии нирӯҳои муштараки Паймони амнияти дастаҷамъӣ баҳс хоҳанд шуд.


Вале мавзӯъи асосӣ муқобила ба таҳдидҳоест, ки аз қаламрави Афғонистон бармехезанад, бахусус бо назардошти хуруҷи нирӯҳои байналмилалӣ аз он кишвар дар соли 2014,”- афзудааст ёвари Путин. Ушаков дар ин росто аз ҷумла ба зарурати таҳкими ҳифозати марзи Тоҷикистону Узбакистон ва мубориза бо қочоқи маводи мухаддир ва ифротгароӣ таъкид кардааст.

Паймони амнияти дастаҷамъӣ эътилофи амниятии кишварҳои пасошӯравист, ки Тоҷикистону Қирғизистон, Қазоқистону Беларус ва Арманистонро дар меҳвари Русия муттаҳид мекунад. Шӯрои АвроОсиё ниҳоди иҷроияи Иттиҳоди гумрукӣ ва тарҳи ҳанӯз иҷроинашудаи Паҳнои воҳиди иқтисодист, ки феълан Русияву Беларус ва Қазоқистонро дар бар мегирад. Ба нишасти Бишкек раисиҷумҳури Украина Виктор Янукович низ даъват шудааст.

Дидори Путин бо Раҳмон нахустин мулоқоти онҳо дар пайи танишҳоест, ки равобити Душанбеву Маскавро дар ин авохир сардтар кардааст. Русия қарордоди низомии моҳи октябри соли 2012 имзокардааш бо Тоҷикистонро, ки замони ҳузури пойгоҳи 201-умаш дар он кишварро то соли 2042 тамдид мекунад, алакай ба тасвиб расонд. Вале ҷониби Тоҷикистон ин қарордодро то ҳол барои тасвиб ба парлумон ироа накардааст. Дар Душанбе бар инанд, ки ин қарордод бояд якҷо бо ваъдаҳои Русия дар бораи лағви боҷи гумрукии фурӯши маводи сӯхташ ба Тоҷикистон ва додани сабукиҳо ба муҳоҷирони тоҷик ба иҷро бидарояд.

Ҳамин тавр, дар ин авохир бархе доираҳои Маскав тавассути расонаҳояш масъалаи бозгашти эҳтимолии нирӯҳои марзбонии Русия ба марзи Тоҷикистону Афғонистонро матраҳ мекунанд ва дар маҳофил фишорҳои афзоянда ба муҳоҷирони тоҷик ва қазияи тафтиши ногаҳонии қатори Душанбе-Маскав аз сӯи муовини сарвазири Русия Дмитрий Рогозин дар моҳи апреллро аз фишангҳое медонанд, ки Маскав ба хотири таҳмили хостаҳояш ба Душанбе истифода мекунад.

Аммо таҳлилгарон мегӯянд, баъид нест, агар Раҳмон ва Путин дар Бишкек битавонанд рӯи ин ва масоили дигари танишзо дар равобити ду кишвар ба созиш бирасанд. Як масъалае ки ба ақидаи онҳо, метавонад, яхи нофаҳмӣ байни Душанбеву Маскавро об кунад, ваъдаи ҳадди ақал шифоҳии Путин барои ҳимоят аз номзадии Эмомалӣ Раҳмон дар интихоботи моҳи ноябри раёсатҷумҳурии Тоҷикистон буда метавонад.


Комёб Ҷалилов
Комёб Ҷалилов
Таҳлилгари масоили амниятии Тоҷикистон Комёб Ҷалилов мегӯяд, Душанбе пешниҳоди бозгашти нирӯҳои марзбонии Русия ба марзи Тоҷикистону Афғонистонро набояд бипазирад. Ӯ мегӯяд, русҳо бигзор дар таҳкими ҳифозати ин марз кумак кунанд, чунки ин ба манфиати Маскав ҳам ҳаст, вале ин таҳлилгар бозгашти марзбонҳои рус ба лаби Омӯро салоҳи кор намедонад.


лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:17 0:00
Линки мустақим



Баҳси Ворух

Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 27 май бо як сафари расмии дурӯза ба пойтахти Қирғизистон меравад. Дар чаҳорчӯби ин сафар мулоқоти ӯ бо Алмосбек Отамбоев ва имзои чанд санади ҳамкорӣ байни Душанбеву Бишкек низ дар назар гирифта шудааст. Ин нахустин мулоқоти рӯбарӯи Раҳмон ва Отамбоев баъди таниши рӯзи 27 апрел дар атрофи ҷазирақаламрави Ворухи ноҳияи Исфара аст ва интизор меравад, як мавзӯъи аслии матрӯҳа дар ин дидор мушкилоти марзии ду кишвар, аз ҷумла масъалаи Ворух шавад. Дар натиҷаи моҷарои сокинони ҷамоати Ворухи ноҳияи Исфараи Тоҷикистон ва рустои Оқсойи Қирғизистон як шабонарӯз роҳи мошинрав баста ва муносиботи аҳолии ду ҷониби марз сард шуд. Ин нахустин муноқиша дар ин минтақа набуд.

Бо гузашти 21 сол аз истиқлоли Тоҷикистону Қирғизистон масъалаҳои баҳсбарангези марзии миёни ин ду кишвар бидуни ҳал боқӣ мондааст. Тоҷикистону Қирғизистон 970 километр марзи муштарак доранд, ки то имрӯз фақат 59 дарсад ё 567 километраш аломатгузорӣ шудааст. Ин ду кишвар ба унвони кишварҳои болооби Осиёи Марказӣ дар бисёри масоили минтақавӣ, аз ҷумла пиромуни тақсими об ва сохтани нирӯгоҳҳо мавзеъи яксон доранд, вале танишҳое, назири муноқишаи Ворух метавонанд ба равобити ин ду кишвари шарик дар саҳнаи минтақа латмаи ҷиддӣ бизананд.
XS
SM
MD
LG