Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тафсилоти нави куштори Умаралӣ Қувватов дар Истамбул


Сулаймон Қаюмов (аз рост), ки аз тарафи полиси Туркия боздошт шудааст, ҳамроҳи Умаралӣ Қувватов.
Сулаймон Қаюмов (аз рост), ки аз тарафи полиси Туркия боздошт шудааст, ҳамроҳи Умаралӣ Қувватов.

Яке аз ширкаткунандагони раванди тафтиши қатли Умаралӣ Қувватов, роҳбари "Гурӯҳи 24" ва мухолифи ҳукумати Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ бархе аз ҷузъиёти воқеаро ҳикоят кард.

Шахсе, ки дар байни аҳли оилаи Умаралӣ Қувватов ва муфаттишони бахши зиддитеррори полиси Истамбул тарҷумонӣ мекунад, ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳамла ба роҳбари "Гурӯҳи 24" дар соати 22.30-и шаби 5-уми март дар минтақа Оқсаройи Истамбул ба вуқӯъ пайвастааст. Ин манбаъ, ки ба шарти зикр нашудани номаш бо Озодӣ ҳамсӯҳбат шуд, мегӯяд, лаҳзаҳое пеш аз қатлаш Умаралӣ Қувватов ҳамроҳ бо ҳамсараш Қумринисо Ҳафизова, ду писар ва як муҳофизаш дар манзили кирояи Сулаймон Қаюмов оши палаверо хӯрдаанд, ки ҳамсари Қувватов пухта буд.

Сулаймон Қаюмови 30-сола, ки се моҳ пеш ба Туркия муҳоҷир шуда, аз шикасти тиҷораташ дар Тоҷикистон ва қарзи бузурги бонкияш шикоят карда буд, ба сафи тарафдорони "Гурӯҳи 24" пайваста ва шаби 5-уми март ба муносибати дарёфти манзили иҷора барои Қувватов ва аҳли оилааш зиёфат оростааст. Дар ҳоле ки пас аз хӯрдани ғизо вазъи Қувватов, ҳамсар, писарон ва муҳофизаш бад шудааст, онҳо ба берун баромадаанд, то худро ба бемористон расонанд. Дар ҳоле ки муҳофиз барои ёфтани таксӣ рафтааст ва Сулаймон нопадид гаштааст, шахси номаълуме ба Умаралӣ Қувватов аз фосилаи наздик ба пушти сари ӯ тир задааст. Писарони Қувватов қотилро дидаанд.

Манбаи Радиои Озодӣ мегӯяд, ин маълумотро дар ҷараёни тарҷумаи баёноти наздикони Қувватов ва афроди дигар барои муфаттишони хадамоти амнияти Туркия гирифтааст. Иттилои ӯ дар назди манзили зисти Сулаймон Қаюмов рӯй додани воқеа ва ҳодисаи заҳролуд шудани Қувватов ва наздиконашро тасдиқ мекунад. Вазъи ҳамсар ва ҳарду писари калонии Қувватов дар бемористони Истамбул вазнин арзёбӣ мешавад.

Дар ҳоле ки матбуоти Туркия ва як манбаи Радиои Озодӣ аз боздошт шудани Сулаймон Қаюмов хабар медиҳанд, полиси Туркия ҳарчанд низ аз мавҷудияти ин шахс дар раванди воқеаҳо гузориш додааст, боздошти ӯро тасдиқ ё рад намекунад.

Умаралӣ Қувватов
Умаралӣ Қувватов

Расонаҳои ахбори оми Туркия ҳамчунин ба нақл аз манобеи худ дар полиси ин кишвар мегӯянд, Умаралӣ Қувватови 47-сола, роҳбари "Гурӯҳи 24" пеш аз онки бо зарби тир бар сараш кушта шавад, дар як меҳмонӣ аз хӯрок заҳролуд гаштааст. Ҳамчунин се узви оилаи ӯ низ заҳролуд шуда, куштор дар пеши чашми онҳо ҳангоми баромадан аз манзил бо мақсади рафтан ба бемористон ба вуқӯъ пайвастааст. Рӯзномаи "Ҳуррият"-и Туркия менависад, Қувватов бо аҳли оилааш меҳмони ҳамдиёри худ Сулаймон Қаюмови 30-сола шуд ва аз ғизо заҳролуд гашта, ба кӯча баромадан замон ҳадафи ҳамла қарор гирифт.

Наздикони Қувватов ба полис гуфтаанд, мумкин аст, Сулаймон Қаюмов дар ин куштор даст дорад, зеро ҳангоми меҳмонӣ рафтори шубҳабарангез дошт ва пасиҳам бо телефон сӯҳбат мекард. Вақте ки баъд аз хӯрдани ғизо вазъи ду писар ва ҳамсари Қувватов бад шудааст, онҳо хостаанд, бабемористон раванд. Дар кӯча шахсе аз пушти сар ба Қувватов наздик шудаву аз фосилаи наздик бо чанд сухани тоҷикӣ ба сари ӯ тир задааст. Ҳангоми ин ҳамла Сулаймон нопадид гашта, дертар боздошт шудааст. Вале шахсе ки бо ӯ телефонӣ сӯҳбат кардааст, мегӯяд, полис баъд аз бозпурсӣ Сулаймон Қаюмовро раҳо кардааст. Ба сурати умум қазияи куштори Умаралӣ Қувватов торик ба назар мерасад.

Субҳи 6-уми март Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон расман ба мақомоти Туркия муроҷиат кард, то "хабари марги шаҳрванди Тоҷикистон Умаралӣ Қувватов ва шароити қатли ӯ расман тасдиқ карда шавад". Дар ин бора дафтари матбуоти вазорат хабар додааст.

Бино бар хабари яке аз шабакаҳои телевизионии Туркия, Қувватов дар соати даҳуними шаби 5-уми март дар кӯчаи Симсори ноҳияи "Мулло Гуронӣ"-и минтақаи Фотеҳи Истамбул ҳадафи тир қарор ёфтааст.

Дар гузориши яке аз шабакаҳои телевизионии Туркия маҳалли сӯиқасд ва ҷасаде дида мешавад. Бино бар хабари он, ҳамсари Умаралӣ Қувватов Қумринисо Ҳафизова ва фарзандонаш аз ҳодиса ба ваҳшат афтодаанд. Сипас, ҷасад ва аҳли оилаи Қувватов дар мошини ёрии таъҷилӣ ба бемористон интиқол дода шудаанд.

Яке аз шарикони Қувватов -- Шарофиддин Гадоев дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки афроди номаълум ба сари Умаралӣ Қувватов тир андохтаанд ва у дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Вай аз номи "Гурӯҳи 24" ин кушторро маҳкум кард ва дар ин амал ҳукумати Тоҷикистонро айбдор донист, ки ба гуфтаи ӯ "пас аз нокомӣ дар талошҳои истирдоди Қувватов аз ин гузина корр гирифтаанд."

Писарони Умаралӣ Қувватов
Писарони Умаралӣ Қувватов

Умаралӣ Қувватов, ки дар гузашта яке аз шарикони тиҷоратии атрофиёни раиси ҷумҳури Тоҷикистон буд, баъди сар задани ихтилоф дар муомилаҳои тиҷоратӣ бо шариконаш, чор соли пеш Тоҷикистонро тарк кард ва созмонеро бо номи "Гурӯҳи 24" таъсис дод. Ӯ бо танқиди зиёд дар расонаҳои хабарӣ ва бахусус дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳукумати Тоҷикистонро асабонӣ кард ва бо дархости ҳукумат дар охирҳои моҳи декабри соли 2012 дар Дубай боздошт, вале пас аз чанд муҳокима дар додгоҳ озод шуд.

Дертар дар нимаи дувуми моҳи декабри соли гузашта Қувватоҳ бо се ҳамроҳаш дар пайи шикояти фарди номаълуме дар Истамбул боздошт шуд ва мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, аз Туркия истирододи ӯро дархост кардаанд. Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон, рӯзи 16 январи соли ҷорӣ гуфта буд, “дар ин дархост куллия ҷиноятҳои иқтисодии Қувватов сабт шуда”, аммо тасмими истирдод ба дасти мақомоти Туркия аст.

Ин дар ҳоле буд, ки даъвати ӯ ба тазоҳурот дар Душанбе дар рӯзи 10 октябри соли 2014 сарусадоҳои зиёд ва ташдиди чораҳои амниятиро дар атрофи пойтахт ба миён овард. Баъдан мақомоти Тоҷикистон забти савтии гуфтугӯи Қувватов бо Шарофиддин Гадоев ва як нафари номаълумро ба расонаҳо доданд, ки дар он дар бораи ҳамлаи мусаллаҳона ба шаҳри Хуҷанд сӯҳбат мекарданд. Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 9 октябри соли гузашта “Гурӯҳи 24”-ро созмони экстремистӣ эълон ва фаъолияти ин созмонро дар кишвар мамнӯъ донист.

Ба дунболи ин чандин нафар аз тарафдорони Қувватов, аз ҷумла Мақсуд Иброҳимов, раҳбари созмони "Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон" дар Русия низ боздошт ва ба Душанбе истирдод шудаанд. Додгоҳи Исмоили Сомонӣ ду рӯз пеш Умедҷон Солиҳовро бо гумони узвият дар "Гурӯҳи 24"-ро бо чанд иттиҳом ба 17,5 соли ҳабс маҳкум кард.

Куштори Қувватов дар ҳоле ба вуқӯъ пайваст, ки дар Русия яке аз раҳбарони мухолифи давлат Борис Немтсов дар як сӯиқасд дар кӯчае дар наздики Кремл кушта шуд ва бисёриҳо ҳукумати Русияро дар сар задани ин куштор, дастикам бо сохтани фазои таҳаммулнопазирӣ дар нисбати мухолифон муттаҳам мекунанд.

Пеш аз ин дар моҳи декабри соли 2014 дар минтақаи Зайтунободи шаҳри Истамбул яке аз мухолифони ҳукумати Ислом Каримов, рӯҳонии саршиноси Ӯзбакистон имом Абдуллоҳ Бухорӣ дар кӯча ба қатл расид. Туркия ҷои амне барои мухолифони давлатҳои Осиёи Марказӣ нест, аммо Умаралӣ Қувватов дар ин ҷо ба Кумиссариати олии СММ дар умури паноҳандагон ариза дода, интизори кӯчидан ба яке аз кишварҳои аврупоӣ буд.

Қумринисо Ҳафизова дар як номаи саркушода ба Созмони Милали Муттаҳид, Салиби Сурх, Афви байналмилалӣ ва созмони ҳуқуқи башари Туркия рӯзи 3 январи соли равон навишта буд, ки ҳамеша ба Умаралӣ Қувватов ва аҳли оилаи ӯ таҳдидҳо сурат мегирад ва ин хонавода бо 5 фарзанди хурдсол акнун соли сеюм аст, дар муҳоҷират ва гурезогурез ба сар мебарад.

XS
SM
MD
LG