Масъулони Оҷонсии зидди фасоди молӣ дар Тоҷикистон мегӯянд, Умаралӣ Қувватов - раҳбари боздоштшудаи "Гуруҳи 24" дар Истанбул дар баробари ҷиноёти иқтисодӣ ба гаравонгирӣ ҳам муттаҳам мешавад. Иттиҳоме, ки наздикони ӯ қабул надоранд.
Ҷамолиддин Муҳаммадзода, масъули парвандаҳои Қувватов дар Оҷонсии зидди фасод, рӯзи 26 январ дар нишасти хабарии ин ниҳод гуфт, “афроди ҷабрдида аз дасти Қувватов” зиёданд ва ҳоло онҳо мунтазири истирдодаш аз Туркия ба Тоҷикистонанд. Оқои Муҳаммадзода илова кард, ҳоло тамоми асноди Қувватов барои интиқоли ӯ аз Туркия ба Тоҷикистон ба Истанбул ирсол шудааст.
Абдуфаттоҳи Ғоиб -- раиси Оҷонсӣ ҳам ба ин баҳс ҳамроҳ шуд ва гуфт, дар ҳоли ҳозир наметавонанд номи ҷабрдидаҳоро ошкор созанд. Чун, ба гуфтаи ӯ, ҳанӯз тафтиши парвандаҳои Қувватов поён наёфта, бахше аз онҳо сиррист. Аммо ӯ гуфт, ҳатто ҳолатҳое ҳам будааст, ки Умаралӣ Қувватов бо зӯр тиҷоратро аз худ карда, баъзе ҳамкорони собиқашро
пеш кардааст: "Ба масъалаи истирдоди Қувватов ВКД машғул аст, вале агар Туркия ӯро таслим кунад, бисёр муааммоҳо кушода хоҳанд шуд. Ҷабрдидаҳо зиёданд. Ҳолатҳои гаравгонгирӣ ҳам ҳаст. Аз ҷумла, як шаҳвранди Афғонистон, ки дар ин ҷо корти паноҳандагӣ дорад, шахсан ба ман муроҷиат кард. Умаралӣ Қуваатов ӯро дар Қӯрғонтеппа кор фармуда, дар он ҷо ва дар Душанбе маҳкам кардааст."
Ҷамолиддин Муҳамадзода, масъули парвандаҳои Қувватов, мегӯяд, ҳоло алайҳи ӯ бар асоси ду моддаи Кодекси ҷиноӣ - 245 ва 247, яъне дуздию қаллобӣ парванда боз шудааст. Аммо наздикони Умаралӣ Қувватов ин ҳама парвандаҳоро сохта медонанд ва мегӯянд, ҳадаф аз ин ҳама зиндонӣ кардани як нафари сиёсӣ ва он ҳам мухолифи ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон аст.
Умаралӣ Қувватов, раҳбари “Гурӯҳи 24”, ҳамроҳ бо чаҳор узви ин созмони сиёсӣ дар нимаи дувуми моҳи декабри соли гузашта дар пайи шикояти фарди номаълуме дар Истанбул боздошт шуданд. Худи ӯ рӯзи 16 январи соли ҷорӣ дар бо Радиои Озодӣ гуфта буд, дар бораи истирдод шудан ё нашуданаш чизи хосе гуфта наметавонад. Аммо созмони Freedom House ё Хонаи Озодӣ аз эҳтимоли истирдоди ӯ аз Туркия ба Тоҷикистон изҳори нигаронии амиқ карда ва рӯзи 21 январ бо нашри изҳороте гуфт, "аз амнияти Умаралӣ Қувватов шадидан нигаронем. Агар ӯ ба Тоҷикистон интиқол ёбад, мавриди шиканҷа қарор хоҳад гирифт."
“Гуруҳи 24”, ки моҳи октябри соли гузашта аз сӯи Додгоҳи олии Тоҷикистон экстиримистӣ эълон шуд, чор соли пеш дар пайи фирори Умаралӣ Қувватов аз Тоҷикистон дар Маскав ташкил ёфт. Ҳарчанд теъдоди дақиқи аъзо ва пайравони ин созмон мушаххас нест, вале раҳбаронаш худро мухолифи ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон эълон карда, мегӯянд, барномаи сарнагун кардани ҳукуматро пайгирӣ доранд.