Аспи Шермуҳаммад Шоҳиён, раиси додгоҳи Олии Тоҷикистон шоҳҷоизаи бузкашии наврӯзии имсола дар ноҳияи Мӯъминободи вилояти Хатлонро насиби соҳибаш кард. Аспи Шермуҳаммад Шоҳиён бо лақаби "Файсон" дар ин бузкашӣ ҷои аввал гирифт. Шоҳҷоизаи ин мусобиқаи мошини сабукрави "ВАЗ 2107" ва шутур буд.
Бузкашӣ рӯзи шанбеи 26 март дар деҳаи Лангари ҷамоати Шамсиддин Шоҳини ноҳияи Мӯъминобод миёни 200 асп аз ноҳияҳои мухталифи Тоҷикистон, аз ҷумла аз шаҳри Душанбе, Нуробод, Ховалинг, Балҷувон ва ғайра баргузор гардид.
Абдурасул Самадов, сардори бахши дини ноҳияи Мӯъминобод рӯзи 29 март дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки бузкашии имсолаи кишварро ҳукумати ноҳияи Мӯъминобод бо саҳмгузории Рустами Эмомалӣ, раиси Оҷонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон ва Раҳмоналӣ Амиров, раиси шаҳри Ваҳдат ташкил кард.
Ба гуфтаи ҷаноби Самадов дар ин бузкашӣ тамом човандозони маъруф аз гӯшаву канори гуногуни Тоҷикистон ширкат карданд.
Рӯзи 23 март ба муносибати иди Наврӯз дар Душанбе низ пойгаҳи аспдавонӣ доир шуда буд. Шоҳҷоизаи ин мусобиқот - аспи сафеди зоти тоҷикӣ - насиби Беҳзод Файзуллоев, раҳбари ширкати “Вавилон” шуд. Аспи Беҳзод Файзуллоев бо лақаби "Варс" дар ин пойгаҳ ҷои аввалро гирифт.
Ин пойгаҳи аспдавонӣ дар муасиссаи давлатии “ Наврӯзгоҳ” миёни 80 асп аз ноҳияҳои мухталифи Тоҷикистон, аз ҷумла Файзобод, Нуробод, Рӯдакӣ, Ховалинг, Балҷувон, Душанбе ва ғайра баргузор гардид. Масофаи умумии пойгаҳи ниҳоӣ 2200 метрро ташкил медод.
Ғолиби пойгаҳ аспи “Варс”, мутааллиқ ба Беҳзод Файзуллоев, 9 сол дошта, бори дувум аст, ки дар пойгаҳи аспдавонӣ пирӯз ва соҳиби шоҳҷоиза мешавад. Ин асп дар пойгаҳи соли 2013 низ барои соҳибаш шоҳҷоиза оварда буд.
Ҳамчунин бар пояи қазовати доварони пойгаҳ, аспи лақабаш “Рахш”, марбут ба Ҳоҷӣ Исмоил Пирмуҳаммадзода, аз рӯҳониёни маъруфи Тоҷикистон, дар ин пойгаҳ ҷойи дуюмро гирифт.
Баргузории мусобиқаи бузкашӣ дар Мӯъминобод дар ҳолест ки дар солҳои охир ин шеваи дар гузашта хеле маъруфи сабқати аспҳо дар Тоҷикистон дар пайи як интиқоди раисиҷумҳур мавриди як навъ мамнӯъият қарор дошт. Баъди интиқоди Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷӯҳ бештар рӯи пойгаҳи аспҳо, ки қаблан зиёд маъмул набуд, равона шуда буд.