Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон пас аз узвияти Қирғизистон дар эътилофи Путинӣ


Марзи Қирғизистон ва Тоҷикистон дар вилояти Бодканд.
Марзи Қирғизистон ва Тоҷикистон дар вилояти Бодканд.

То ду ҳафтаи дигар Қирғизистон созишномаи ҳамроҳшавӣ бо Иттиҳоди Иқтисодии Авруосиёро имзо мекунад ва зери қаноти Русия мустаҳкамтар ҷо мегирад. Он гоҳ мушкили марзии он бо Тоҷикистон чӣ гуна ҳал хоҳад шуд?

Бо имзои қарордоди узвият дар Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё дар 23-уми декабр, Қирғизистон ба эътилофе шомил мешавад, ки Русия дар пайи бунёди он аст. Бархе аз сиёсатмадорони қирғиз аз ҳоло эълом доштаанд, ки ин узвият ба кишвари онҳо дар ҳалли мушкилоти марзӣ бо Тоҷикистон бартариҳо хоҳад дод. Оё ин ҳолат ба дасти Русия абзори наве хоҳад дод, ки Тоҷикистонро низ ба иттиҳоди нав мойил гардонад? Бахусус, ки бино бар асоси талаботи Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё, Қирғизистон бояд ҳарчӣ зудтар мушкилоти марзии худро ҳал кунад, зеро гузаргоҳҳои гумрукии муҷаҳҳаз, пешгирӣ аз қочоқи молу коло аз шартҳои асосии узвият дар ин эътилоф аст.

Аждар Қуртов
Аждар Қуртов

Аждар Қуртов, таҳлилгари Пажӯҳишгоҳи таҳқиқоти стротегии Русия мегӯяд, ҳалли мушкилоти марзӣ ҳарчанд аз меъёрҳои аслии узвият дар Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё нест, вале Русия ба Қирғизистон ёрӣ мерасонад, то баҳсҳои марзиро тамом кунад: “Чӣ гуна кӯмак мекунад? На ин, ки мо ба раҳбарони Тоҷикистон фишор биёрему дастонашонро ба ақиб тоб дода ва маҷбур кунем, ки созишнома дар бораи хатти марзро имзо кунанд. Ин гуна намешавад, мо кӯмаки молӣ мекунем ва ё машварат медиҳем. Агар Қирғизистон барои муҷаҳҳаз кардани посгоҳҳои гумрукиаш пул надошта бошад, дар он ҳолат ба он кӯмак мекунанд, ки посгоҳро муҷаҳҳаз кунад ва агар надошта бошад, посгоҳи гумрукии нав бисозад. “

Маскав пас аз аввалин задухӯрди мусаллаҳона дар марзи Қирғизистону Тоҷикистон дар моҳи феврали соли равон бо истифода аз Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) байни ду тараф миёнарав шуда, тавонист, то андозае оташи афзояндаи низоъро хомӯш кунад. Баъд аз он тарафи Тоҷикистон дар истифода аз силоҳ эҳтиёткор шуд, аммо ҷониби Қирғизистон дар як тирандозии дигар дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови Тоҷикистон се шаҳрванди Тоҷикистонро ба ҳалокат расонд ва чандин танро захмӣ кард. Бо назардошти ин аз эҳтимол дур нест, ки Русия бо додани бартариҳои бештар ба Қирғизистон Тоҷикистонро водор ба узвият дар Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё кунад, то дастикам як навъ мувозанат байни ду кишвар ба миён ояд.

Азбаски Русия ҳоло зери фишори Ғарб қарор гирифтааст, саъй мекунад, Тоҷикистонро ҳарчӣ зудтар ба узви иттиҳод табдил диҳад, вале ба эътиқоди Абдуғанӣ Маҳмадазимов, раиси Анҷумани сиёсатшиносони Тоҷикистон, ҷомеа ва ҳукумати Тоҷикистон омода нестанд, ки зуд ба ин созмон ҳамроҳ шаванд. Ба бовари ӯ, дар сурати бошитоб ҳамроҳ шудан, Тоҷикистон мисли замони шӯравӣ як кишвари “музофотӣ” дар Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё мешавад. Ба ақидаи Абдулғанӣ Маҳмадмазимов, Тоҷикистон набояд, ба ҳаргуна фишори эҳтимолие, ки аз тарафи аъзои калидии созмон бахусус Русия мешавад, тан диҳад:

Абдуғанӣ Маҳмадазимов
Абдуғанӣ Маҳмадазимов

"Албатта баъд аз воридшавии Қирғизистон ба ин иттиҳод то интихоботи худамон интихоботи парлумонии мо, як муддат мекашад, ки онҳо кӯшиш мекунанд, ба Тоҷикистон, умуман ба ҷомеаи Тоҷикистон фишор биёранд. Барои ҳамин истодагарӣ кардани мо мушкил мешавад, мумкин мо ҳадафҳои стротегии миллии худро ва ҳам роҳҳои тактикии онро таҳлил кунем ва агар тавонем ва ба онҳо фаҳмонем, ки Тоҷикистон дар марҳилаи аввал ба ҳайси нозир дар ин иттиҳод бошад. Метавонистем дар муддати ду моҳ ба фишорҳо тоб оварем ва гӯем, ки будани Тоҷикистон дар Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ, майли ҳамкории мо бо кишварҳои узви созмонро нишон медиҳад."

Русия абзори зиёде барои фишор ба Тоҷикистон дорад ва онро дар гузашта ҳам “босамар” истифода кардааст. Аз ҷумла ҳангоми муомила зимни имзои созишнома дар бораи ҳузури пойгоҳи 201-ум, ки рӯзи муҳоҷирони тоҷикро дар Русия сиёҳ кард ва матбуоти русӣ низ аз тағйири ҳукумат дар Тоҷикистон забон кушоданд.

Айни замон Русияву Қазоқистон, Ҷумҳурии Белорус узви Иттиҳоди Иқтисодии Авруосиё ҳастанд ва ин созмон соли 2015 расман ба фаъолият шурӯъ мекунад. Ҳоҷимуҳаммад Умаров, профессори иқтисодшиноси тоҷик мегӯяд, баъди узвияти Қирғизистон дар Иттиҳоди Иқтисодии Авруосиё на танҳо тиҷорат байни Тоҷикистону Қирғизистон мушкил мешавад:

Ҳоҷимуҳаммад Умаров.
Ҳоҷимуҳаммад Умаров.

"Дар байни Тоҷикистон сарҳадҳо кушода ҳастанд, сатҳи тафтиши гумрукӣ минималӣ ва ё хеле паст мебошад. Аз Қирғизистон ба Тоҷикистон молҳо ба тариқи озод меоянд ва баъди ворид шудани Қирғизистон ба Иттиҳоди Иқтисодии Авруосиё ин вазъ барҳам мехӯрад, чунки сарҳад бояд пӯшида бошад ва ҳарчӣ ки аз сарҳад мегузарад, бояд мувофиқи ойинномаи ин созмон мавриди тафтиши дақиқ қарор бигирад. Ин албатта барои Тоҷикистон мушкилӣ меорад. Сарҳадҳо бояд хеле мушаххас бошанд ва дар инҷо баъзе проблемаҳо вуҷуд доранд."

Ба қавли мусоҳибони мо имкон дорад, дар сурати имтиёзи зиёд хостани Тоҷикистон аз кишварҳои қудратманди созмон, бахусус Русия, ҷанҷол дар марз зиёд шавад ва ба муноқишаи ба истилоҳ «идорашаванда» печад, ки қудратҳо барои пешбурди манофеи худ месозанд. Кубат Раҳимов, коршиноси мустақил аз Қирғизистон мегӯяд, нигарониҳо аз баҳсҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон вуҷуд дорад, аз ин рӯ бояд ду кишвар эҳтиёт кунанд:

"Вазъи печидае ба вуҷуд омадааст, чунки минтақаҳои баҳсбарангез вуҷуд дорад, зербунёдҳои муштарак вуҷуд дорад, қишлоқ аз дохили аул мегузарад. Марз аз дохили як кӯча мегузарад ва аз ин рӯ коргузории гумрукӣ дар инҷо бисёр мушкил мешавад. Сиёсатмадорони тоҷику қирғиз бояд, ҳаматарафа кӯшиш кунанд, ки ба воситаи пиронсолони рустоҳо, ҷомеаи шаҳрвандӣ масъалаҳо оромона ҳал шаванд. Тирандозӣ ва ё сангандозӣ набошад, хонаи ягон касро оташ назананд, иғво наадозанд. Бояд ду тараф якравӣ накунанд, зеро ҳоло ҷаҳон дар атрофи мо дигар шудааст. Дар шароити глобализатсия нармишпазирӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ бисёр муҳим аст."

Аммо Бозорбой Мамбетов, муовини собиқи нахуствазири Қирғизистон, мегӯяд, Тоҷикистон дар оянда “бародари дигари” Қирғизистон дар Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё мешавад ва мушкилоти марзиро ҳам бе кашмакаш аз байн мебардоранд: "Дар робита ба мушкилоти марзӣ, ки вақтҳои ахир дар байни Тоҷикистону Қирғизистон дида шуд, ин мушкилот дар ҳайати Иттиҳоди гумрукӣ се-чаҳор мартаба осонтару оромтар ва бо боварии бештар ҳал мешаванд ва дар ниҳоят марзи Тоҷикистону Қирғизистон ба оромӣ мерасад. Дар онҷо мушкилоти бузург вуҷуд надорад, мушкилӣ фақат худхоҳии мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон аст, ки бояд онҳоро фурӯ нишонд."

Тоҷикистону Қирғизистон 970 километр марзи муштарак доранд, ки танҳо 50 дар садаш таъйину аломатгузорӣ шудааст, бақияи он аз минтақаҳои аҳолинишини вилояти Ботканд ва Суғди Тоҷикистон мегузарад. Соли гузашта ҳам соли баде барои сокинони ин минтақаҳо буд ва дар тирандозиву муноқиша байни сокинони рустоҳову марзбонҳои ду тараф чандин нафар кушта шуданд.

Дар мулоқоти рӯзи 9-уми декабр дар ноҳияи Лайлаки вилояти Ботканд ҳайатҳои марзбонии Тоҷикистону Қирғизистон бо раҳбарии Ҳабибулло Сафаров, раиси ситоди асосии нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон ва Искандар Мамбеталиев, муовини раиси Хадамоти давлатии марзбонии Қирғизистон гуфтанд, соли 2014 вазъ дар марзи ду кишвар печида ва мушкил монд. Дар ин муддат дар сарҳад 32 ҷанҷолу даъво ва муноқиша сар зад, ки нисбат ба соли 2013 ду баробар зиёд аст.

XS
SM
MD
LG