Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон ба АвроОсиё биравад ё мунтазир бимонад?


Коршиносон мегӯянд, ҳар гуна саросемагӣ дар ворид шудани Тоҷикистон ба Иттиҳодияи АвроОсиё, манфиатҳои миллиро зери хатар мегузорад.

Дар ҳоле, ки мақомоти Кремлин ҳайъатеро иборат аз сиёсатмадорону коршиносон барои тавсифи Иттиҳоди АвроОсиё, ки онро "бачаи Путин" ҳам меноманд, ба Тоҷикистон фиристодааст, аммо коршиносон ба ҳукумат маслиҳат медиҳанд, ки барои ворид шудани Тоҷикистон ба Иттиҳоди АвроОсиёи Путин аҷала накунад. Зеро ба гуфтаи онҳо, ҳамагуна осемасарӣ дар ин масъала манфиатҳои миллиро таҳти хатар мебаранд.

Маскав, ки бо дахолат дар умури Украина то рафт дар инзивои байналмилалӣ қарор мегирад, акнун талош дорад, бо ҷамъ кардани кишварҳои собиқ Шӯравӣ дар атрофи худ, собит кунад, ки ин қаламрав ҳоло ҳам минтақаи нуфузи ӯст ва Русия ҳоло ҳам аз хайли абарқудратҳост.

Аммо Ҳоҷимуҳаммад Умаров, доктори улуми иқтисод мегӯяд, бидуни ҳисобу китоби дақиқи иқтисодӣ намешавад бо як тасмими сиёсӣ узви ин ин иттиҳод шуд. Вагарна, Тоҷикистон мутеи кишварҳои қудратмандтари ин иттиҳод, бахусус Русия, хоҳад шуд. Вай афзуд, барои воридшавӣ бояд тамоми соҳаҳои иқтисоди Тоҷикистон омода бошанд:

Ҳоҷимуҳаммад Умаров, иқтисоддони тоҷик.
Ҳоҷимуҳаммад Умаров, иқтисоддони тоҷик.

“Гап дар сари он аст, ки амалан андозҳои наздимарзӣ -- пардохтҳои гумрукӣ, аксиз ва ААИ (андози арзиши изофа) 43-46 дарсади даромадҳои андозии Тоҷикистонро ташкил мекунанд. Агар мизони ин қабил андозҳо 12 то 13 дарсад мебуд (масалан, дар Амрико 2 – 3 дарсад аст), бидуни мушкил ҳамин рӯз мешуд ба Иттиҳод ворид шуд. Ду роҳи ҳалли ин аст: ё талафоти мо ҷуброн шаванд, ё гузоранд, ки марҳала ба марҳала онро худи ҳукумати Тоҷикистон ҷуброн кунад. Дар умум, барои омодагии иқтисодии мо 10 сол зарур аст.”

Бино ба ин гузориш, омода шудани Тоҷикистон барои узвият дар Иттиҳоди иқтисодии АвроОсиё ба он бастагӣ дорад, ки то куҷо Русия, Қазоқистон ва Белорус ба замонавӣ шудани соҳаҳои пахтакорӣ, пиллапарварӣ, боғдорӣ, саноати сабуки Тоҷикистон кӯмак мекунанд, то мисли давраи Шӯравӣ, Тоҷикистон манбаи ашёи хом боқӣ намемонад.

1 январи соли 2015 ҳамсояи дар ба девори Тоҷикистон – Қирғизистон узви Иттиҳоди гумрукӣ мешавад, ки вурудаш ба Фазои ягонаи иқтисодӣ ва пас аз он узвияти комилаш дар Иттиҳоди иқтисодии АвроОсиё дар ҳайати Русия, Қазоқистон ва Белорусро фароҳам месозад. Узвияти Қирғизистон дар Иттиҳоди гумрукӣ охирин монеаи марзӣ миёни Тоҷикистону ин иттиҳодро аз миён мебарад.

Ҳамид Саидов, устоди Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия, мегӯяд, Тоҷикистон аз ҳамгироиҳо дар Иттиҳоди давлатҳои муштаракулманофеъ наметавонад дар канор бошад, аммо ҳоло аз лиҳози сиёсӣ низ ислоҳотеро роҳандозӣ накардааст, ки вурудаш ба Иттиҳоди иқтисодии АвроОсиёро ҳамвор кунад: “Ростӣ гап, ман ҳатто худи ҳамин ислоҳотро тасаввур карда наметавонам, зеро он аслан матраҳ нашудааст, ҳол он, ки худи ҷомиа барои роҳандозии як ислоҳоти дохилӣ омода аст. Агар мехоҳем, ки узви ин иттиҳод шавем, бояд замина фароҳам орем. Заминаи ислоҳоти сиёсӣ ислоҳоти иқтисодӣ аст. Масалан, ман намефаҳмам, ки ҳамгироии авруосиёӣ ба мо чӣ суди иқтисодӣ хоҳад дод. Инро бояд тамоми мардум донад. Аммо нест. Дар умум, ин формулаи нави иқтисодӣ аз мо як сохтори сиёсиро тақозо мекунад”.

Иттиҳоди иқтисодии АвроОсиё 29 майи соли равон аз сӯи Русия, Қазоқистон ва Белорус ташкил шуд ва аз 1 январи соли 2015 ба фаъолият шурӯъ мекунад. Иттиҳоди гумрукӣ аввалин зинаи вуруд ба ин иттиҳод аст, ки заминаи узвият дар Фазои ягонаи иқтисодӣ ва сипас, Иттиҳоди иқтисодии Авруосиёро фароҳам мекунад.

Коршиносони кишварҳои собиқ Шӯравӣ ташкили ин Иттиҳодро талоши эҳё кардани Иттиҳоди Шӯравӣ ҳисоб мекунанд. Раҳбарони давлатҳои ин Иттиҳоди собиқ низ, ки тайи беш аз ду даҳсола танҳо ва ба сари худ ҳукуматдорӣ кардаанд, чандон хоҳишманди рафтан бе зери чатри Кремлин нестанд. Коршиносон мегӯянд, агар ин пешниҳод 5- 6 соли пеш матраҳ мешуд, мумикин кишварҳои ибтикоре нишон медоданд, аммо баъди Украина ба назар мерасад онҳо ба иттиҳодсозиҳои Кремл машкук шудаанд.

XS
SM
MD
LG