Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Отамбоев: "Иттиҳоди гумрукӣ интихоби бадии камтар аст"


Президенти Қирғизистон паём дод, ки кишвараш аз ноилоҷӣ узви Иттиҳоди гумрукии Русия, Беларус ва Қазоқистон мешавад.

Раисиҷумҳури Қирғизистон, Алмосбек Отамбоев, дар шарҳи омодагиҳои кишвараш ба узвият дар Иттиҳоди гумрукӣ гуфт, Қирғизистон илоҷи дигаре ба ҷуз аз ворид шудан ба ин эътилофро надорад. Вай иқрор кард, ки пас аз шомил шудани кишвараш ба ин иттиҳод таваррум ва нархҳо боло хоҳанд рафт. Аммо, афзуд Отамбоев дар сурати ворид нашудан ба Иттиҳоди гумрукӣ мамлакат ба мушкилоти аз ин ҳам бузургтари иҷтимоӣ ва иқтисодӣ рӯбарӯ хоҳад гашт.

Отамбоев дар ҳамоиши Шӯрои рушди устувори Қирғизистон дар Бишкек гуфт: "Агар мо аз шомил шудан ба ин созмон даст кашем, моро хатарҳои қавитаре иинтизор хоҳанд буд. Бигзор кишварҳои узви ин иттиҳод наранҷанд, аммо мо аз ду бад камтарашро интихоб кардаем."

Ба ақидаи раисиҷумҳури Қирғизистон, кишвараш маҳз ҳоло бояд ба Иттиҳоди гумрукӣ шомил шавад, то бо аъзои дигари он ҳуқуқ ва шароити баробар дошта бошад ва аз имтиёзу қарз ва грантҳо истифода карда тавонад. Вай аз ҷумла таъсиси хазинаи баробар ба 1 миллиард долларро барои узвият дар Иттиҳоди гумрукӣ як аломати нек номид. Ва ин ҳам дар ҳолест, ки порлумони Қирғизистон Харитаи роҳро барои даромадан ба Иттиҳодияи гумрукиро дар қироати аввал ба тасвиб расонд ва ба ҳамин тартиб майли худ ба узвият дар ин иттиҳодияро рӯшан кард.

Изҳороти Отамбоев дар ҳоле садо медиҳад, ки ҳамсояи Қирғизистон -- Тоҷикистон гуфтааст, дар ҳоли омӯзиши шароити узвият дар Иттиҳоди гумрукист. Барои ин дар ҳукумати Тоҷикистон як гурӯҳи корӣ таъсис ёфтааст ва раҳбарони кишвар ҳанӯз ба таври қотеъ нагуфтаанд, ки Тоҷикистон узви Иттиҳоди гумрукӣ хоҳад шуд ё на.

Дар ин иттиҳодия Русияву Беларус ва Қазоқистону Арманистон узвият доранд ва он аз 1 январи соли 2015 Иттиҳодияи ҳамкориҳои иқтисодии АвруОсиё ном мегирад. Харитаи роҳи Қирғизистон аз 16 санади қонунӣ иборат аст ва дар он танзими андоз, боҷи гумрукӣ, соири масоили ҳамкорӣ ва доду гирифти иқтисодии миёни кишварҳои узв дохил шудааст.

Тобистони соли ҷорӣ Алмазбек Отамбоев - раисиҷумҳури Қирғизистон эълон карда буд, ки кишвараш то поёни соли ҷорӣ ба узвияти Иттиҳодияи гумрукӣ медарояд. Вале ин изҳороти вай дар дохили кишвар ба мухолифат рӯ ба рӯ шуд ва ҳоло ҳукумат мегӯяд, ки барои даромадан ба ин иттиҳодия бояд кишвар омода шавад ва мӯҳлати даромадан ба узвиятро ба ин баҳона то соли 2020 тамдид кард.

Бо вуҷуди ин, ки акнун порлумони Қирғизистон барои омодагӣ иҷоза дод, вале то ҳол баъзе аз намояндагони порламон, аз ҷумла Равшан Женбеков бар ин ақидаанд, ки бо даромадан ба Иттиҳодияи гумрукӣ Қирғизистон истиқлоли иқтисодӣ ва сиёсии худро зери суол мебарад. Аммо аксари намояндагони порламони Қирғизистон аз ин ақида ҷонибдорӣ мекунанд, ки дар ҷаҳон равандҳои ҳамгароӣ афзоиш ёфтааст ва кишвари онҳо низ бояд ба ин равандҳо ҳамроҳ шавад. Дар ин маврид онҳо аз ҳамгароӣ дар Иттиҳодияи Аврупо ва созмонҳое мисли БРИКС, АСЕАН ва мисли онро дар назар доранд.

XS
SM
MD
LG