Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғохон ҳамаи саҳмияҳои Тселлро мехарад


Оғохони чаҳор
Оғохони чаҳор

Ширкати Telia Company розӣ шудааст, ки 60 дарсади саҳмияи худро дар ширкати мухобиротии Тселл (Индиго Тоҷикистон) ба Бунёди Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED) фурӯшад. То кунун Бунёди Оғохон 40 дарсади саҳмияҳои ин ширкатро дар даст дошт ва баъди имзои созишномаи нав молики кулли Тселл хоҳад шуд.

Дар ширкати Тселл рӯзи 7-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки харидуфурӯши саҳмияҳо охири соли равон ба нақша гирифта шудааст. ​Йоҳан Деннелинд, президент ва мудири кулли Telia Company, бо нашри иттилоияи расмӣ гуфтааст, тасмими фурӯши саҳмияҳои Тселл бо ҳадафи қоҳиш додани ҳузури онҳо дар бозори АвруОсиё гирифта шудааст.

Бунёди Оғохон дар Осиёи Марказӣ, аз ҷумла, дар Тоҷикистон тарҳҳои зиёди иқтисодиву иҷтимоӣ ва маърифативу фарҳангиро татбиқ мекунад.

"Мо аз ин ба баъд таваҷҷуҳамонро бештар ба бозори Аврупо ва кишварҳои Нордик равон мекунем. AKFED аз замони таъсиси ширкати Tcell саҳмдори муҳим ба ҳисоб меравад ва бовар дорам, ки ин ширкатро дар оянда боз ҳам муваффақтар хоҳад гардонд," – афзудааст ӯ.

Мақомоти Telia Soneria мегӯянд, ки Тселл ё Индиго Тоҷикистон, дар маҷмуъ, 66 миллион доллар нарх дорад ва 60 дарсади саҳмияҳояш ба 39 миллион доллар баробар аст, ки ҳоло Бунёди Оғохон бояд пардохт кунад.

Telia Company дар ҳоле шаст дарсади саҳмияҳояшро дар Тселл фурӯхта ва бозори мухобиротии Тоҷикистонро тарк мекунад, ки соли гузашта аз дахолати мақомоти Тоҷикистон ба кори ин ширкат шикоят карда буд. Telia Company моҳи ноябри соли 2015 гуфт, ки бо дахолати мақомоти тоҷик даҳҳо сомонаҳоро бастааст.

Бунёди Оғохон дар Осиёи Марказӣ, аз ҷумла, дар Тоҷикистон тарҳҳои зиёди иқтисодиву иҷтимоӣ ва маърифативу фарҳангиро татбиқ мекунад. Ин бунёд аз соли 1993 ба ин сӯ дар Тоҷикистон фаъол аст. Бонки хурди молиявӣ ба ин бунёд тааллуқ дорад ва "Серена-Душанбе" низ аз меҳмонхонаҳои Оғохони чаҳор гуфта мешавад.

Ҳоло дар Душанбе бузургтарин Маркази исмоилиён, ки дар 25 ҳазор метри мураббаъ ва дар маркази шаҳр қомат афрохтааст, низ фаъол мебошад. Пойдевори ин биноро ҳанӯз соли 2003 Карим Оғохони IV ва Эмомалӣ Раҳмон гузошта буданд, вале сохтмони он то соли 2009 идома кард. Ин бино бо сармояи Бунёди Рушди Оғохон сохта шуда ва нахустин чунин як марказ дар тамоми Осиёи Марказӣ дониста мешавад.

XS
SM
MD
LG