Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

«Як рӯзи хомӯшӣ». Пеш аз референдум “Ютюб” ва “Фейсбук” баста шуданд


Ширкатҳои мобилии Тоҷикистон дастрасӣ ба шабакаи иҷтимоии “Фейсбук” ва “Ютюб”-ро аз дирӯз, 20-уми май маҳдуд кардаанд.

Аз рӯзи 20-уми май ба ин тараф дастрасӣ ба шабакаҳои "Фейсбук" ва "Ютюб" маҳдуд шудааст. Ҳоло, ба қавли даҳҳо истифодарбарандаи “Фейсбук” ва “Ютюб” аз тариқи ширкатҳои аслии таъминкунандаи интернет дар Тоҷикистон, мисли “Babilon-m”, “Megafon” ва “Tcell” ба ин ду шабакаи пурмуштарӣ дар кишвар дастрасӣ номумкин мебошад.

Масъулони ширкатҳои мобилӣ дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфтанд, чун 21-уми май рӯзи кутоҳи корӣ ҳаст, онҳо наметавонанд, ин иттилоро тасдиқ ва ё рад кунанд.

Бастани ин шабакаҳои иҷтимоӣ дар ҳолест, ки фардо дар Тоҷикистон барои ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Қонуни асосӣ, референдуми умумиллӣ баргузор мешавад ва имрӯз, 21-уми май дар саросари кишвар "Рӯзи хомӯшӣ" эълон шудааст, ки ҳамагуна тарғибот оид ба ин назарсанҷиро манъ мекунад.

Асомиддин Атоев, коршиноси технологияҳои иттилоотӣ ва иртиботӣ 21-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, воқеан, санҷишҳои ӯ аз дирӯз нишон медиҳад, ки дастрасӣ ба “Фейсбук” ва “Ютюб” маҳдуд шудааст. Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи Атоев дар чанд моҳи ахир ин ду шабакаи иҷтимоӣ бидуни маҳдудият дастрас буданд: "Дар пайи бастану боз карданҳо истифодабарандагон шеваҳои мухталифро омӯхтаанд, ки тариқи барномаҳои садшикан ба шабакаҳои дилхоҳашон ворид мешаванд. Аз ин рӯ, чунин бастанҳоро ҳоло истифодабарандагон чандон эҳсос намекунанд."

Маҳмадулло Сулаймонов, як фурӯшандаи фиттаҳои мусиқӣ дар Душанбе мегӯяд, ба хотири кораш бо дархости муштариён ҳамеша аз Ютюб оҳанг берун меовард, вале аз дирӯз ин кор барояш имконнопазир шуд: "Фейсбук камтар истифода мекунам, вале рӯзе нест, аз Ютюб истифода набарам. Аз дирӯз соатҳои 10 ба ин тараф дигар аз Мегафон намешавад ба Ютюб даромад."

Дар Тоҷикистон аслан, шабакаҳои иҷтимоӣ қабл ва ё ҳангоми ҳодисаҳои муҳими сиёсӣ маҳдуд мешаванд. Тирамоҳи соли гузашта зимни амалиёт алайҳи Абдуҳалим Назарзод, генерали собиқи Вазорати мудофиа Тоҷикистон, сомонаҳои хабарӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ баста шуданд. Ҳарчанд, дар ин миён бархе шабакаҳои иҷтимоӣ боз шуданд, вале сомонаҳои Радиои Озодӣ, “Озодагон” ҳоло бидуни садшикан дастрас нестанд.

Ҳоло ин ду шабака дар ҳоле маҳдуд шудааст, ки теъдоди каме аз тоҷикони муқими Аврупо ва Туркия, ки худро мухолифи давлат меноманд, дар ҳафтаи гузашта намоишҳои эътирозӣ дар робита ба референдуми рӯзи 22-уми май баргузор карданд. Ин эътирозҳо дар шабакаи “Фейсбук” ва “Ютюб” ба таври густурда таблиғ шуд, ки ба ақидаи коршинсон, маҳз ҳамин сабаб шуд, то онҳо барои бори чандум маҳдуд шаванд.

Дар як соли ахир борҳост, шабакаҳои иҷтимоӣ дар Тоҷикистон баста мешаванд. Танҳо ҳоло “Однокласники”, шабакаи иҷтимоии маъруф дар паҳнои кишварҳои пасошӯравӣ аз ин бастанҳо эмин аст. Коршиносон маҳдуд нашудани ин шабакаи иҷтимоии маъруф дар миёни ҷавононро ба ҳамкории хуби он бо мақомот ҷиҳати мубориза бо терроризму экстремизм медонанд.

"Фейсбук" дар Тоҷикистон беш аз сад ҳазор истифодабаранда дорад ва Ютюб низ аз сомонаҳои пуртамошо миёни сокинони Тоҷикистон аст.

XS
SM
MD
LG