Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳаштуним сол ҳабси ронанда барои захмӣ кардани нозири БДА


​Додгоҳи ноҳияи Мӯъминобод як ронандаи таксиро ба ҷурми расондани зарари вазнин ба саломатии пулиси роҳ ба ҳаштуним соли зиндон маҳкум кардааст.

Додгоҳи ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон як ронандаи таксӣ дар ин минтақаро барои бо корд захмӣ кардани майор Сӯҳроб Исмонқулов, нозири Бозрасии Давлатии Автомобилӣ 8,5 равонаи зиндон кардааст. Баҳром Маҷидзода -- додраси Додгоҳи ноҳияи Мӯъминобод 14 декабр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки Мирзоаҳмад Камолов бар асоси ду моддаи қонуни ҷиноии Тоҷикистон ва асосан барои "расондани зарари вазнин" ба саломатии пулиси роҳ гунаҳкор дониста шудааст.

Мирзоаҳмад Камолови 38-сола моҳи майи соли ҷорӣ ба иттиҳоми бо зарби корд захмӣ кардани Сӯҳроб Исмонқулов боздошт шуд. Додраси додгоҳи ноҳияи Мӯъминобод мегӯяд, ки ин сокини Кӯлоб аввал ба фармони нозири роҳ итоат накарда мегурезад ва танҳо баъди аз қафояш шудани Исмонқулов мошинро нигоҳ дошта, ба ҷои пешниҳоди ҳуҷҷатҳои ронандагӣ бо се зарби корд ӯро маҷрӯҳ кардааст.

Камолов мошини тамғаи "Нексия" меронд ва дар пайи тафтиши он аз дохилаш 5 кордча пайдо ва мусодира шудааст.

Солҳои охир мақомот аз ҳодисаҳои итоат накардани ронандагон ба пулиси роҳ шикоят мекунанд. Моҳи марти соли ҷорӣ мақомоти интизомии Тоҷикистон алайҳи Баҳриддини Наҷмиддин, ронандае, ки корманди Бозрасии Давлатии Автомобилиро дар Душанбе рӯи "капот"-аш то 100 метр бурда ва аз ҷойи ҳодиса фирор кард, парвандаи ҷиноӣ боз намуданд.

Дар видеои ҷанҷолие, ки рӯзи 20 март дар Фейсбук нашр шуд, корманди Бозрасии Давлатии Автомобилӣ худро болои мошине андохта ва талаб мекунад, ки ронанда мошинро нигаҳ дорад, вале ронанда маъмури пулисро бештар аз сад метр болои мошинаш мебарад. Як нафар ҳам бо муроҷиат ба нозири роҳ мегӯяд, ки аз болои мошин поин биёяд ва иҷоза диҳад, ки ронанда ба ҳаракаташ идома диҳад. Коре, ки нозири роҳ намекунад ва баъдан аз болои мошин поён меояд ва ронандаи фирориро дашном медиҳад.

Дар аввали моҳи апрел мақомоти умури дохилӣ гуфтанд, алайҳи боз як ронандаи дигар, ки дар кӯчаи Неъмат Қарабоеви Душанбе ба фармони нозири роҳ итоат накарда, ӯро зер кардааст, парвандаи ҷиноӣ боз намудаанд. Аз ин ронанда Ибодулло Қодиров, сокини 24-солаи Душанбе, ном бурда мешавад.

Тамаъҷӯӣ ва ришвахории нозирони роҳ дар Тоҷикистон аз мушкилоти умдаест, ки солҳо боз дар бораи он менависанду мегӯянд ва ба гуфтаи аксарияти ронандагон бо ин зуҳурот дар ҳар сари қадам рӯ ба рӯ мешавед. Дар як назархоҳӣ дар мавриди коррупсия дар Тоҷикистон, ки 5 соли пеш бо мусоидати Созмони Милал ва худи ҳукумат анҷом шуд, 53 дарсади мардум гуфтанд, ки кормандони БДА бисёр “бевиҷдон ва ришвахор” ҳастанд.

Ин мушкилро мақомоти Вазорати умури дохилӣ ҳам эътироф кардаанд ва гуфтанд, ки охири соли 2014 барои нозирони роҳ 50 камераеро оварданд, ки афсарони пулис бо худ мегиранд ва тамоми муоширату рафтори онҳо бо ронандагон мустақим дар маркази назорат мушоҳида мешавад. Ин таҷҳизот ба қавли мақомот барои аз байн бурдани тамаъҷӯӣ аз ронандагон оварда шуд, ҳарчанд ин мушкил ҳамчунон вуҷуд дорад.

XS
SM
MD
LG