Аз имрӯз, якуми ноябр дар Тоҷикистон хариду фурӯши мошин тибқи ислоҳоти нави қонун сурат мегирад. Ислоҳоте, ки боҷи хариду фурӯши мошин дар Тоҷикистонро бо ваколатнома якбора 8 баробар боло бурд ва боиси ба нигаронии ронандаҳо шуд.
Парлумони Тоҷикистон бо ворид кардани ислоҳот ба Қонун “Дар бораи боҷи давлатӣ” рӯзи 21 октябр, арзиши ваколатномаи (доворенност) ронандагиро дар вақти хариду фурӯши мошин аз 80 сомонӣ то ба 600 сомонӣ зиёд кард.
То имрӯз ронандагон ба хотири кам кардани хароҷоти ҳуҷҷатгузории мошинфурӯшӣ маъмулан танҳо аз ваколатнома истифода мекарданд ва барои ин 80 сомонӣ месупориданд. Агар нафаре мехост, мошинро дафъатан бо исми худ сабти ном кунад, аз 580 то 620 сомонӣ сарф мекард.
Масъулин ҳадафи ислоҳотро, коҳиши истифодаи ваколатнома ва ошкор кардани ҷиноятҳо бо истифодаи воситаи нақлиёт унвон мекунанд. Хариду фурӯши мошин аз тариқи ваколатном ҳамчунин кори маркази “Шаҳри бехтар”-ро ҳам ба маротиб мушкил кардааст.”
Бино ба иттилои Раёсати бозрасии давлатии автомобилии Тоҷикистон, дар ду соли соли ахир беш аз 81 ҳазор соҳиби нақлиёт дар Тоҷикистон, худравҳои худро маҳз бо ваколатнома хариду фурӯш кардаанд.
Ин ҳам дар ҳолест, ки аз оғози фаъолияти маркази “Шаҳри бехатар", беш аз 5 ҳазор амрномаҳои Бозрасии давлатии автомобилӣ дар робита ба таъин намудани ҷаримаи маъмурӣ ба маблағи як миллион сомонӣ дар ҳолати баҳсӣ қарор доранд.
Боло рафтани аризаҳои боҷи давлатӣ дар ҳолатҳои истифода аз ваколатнома ҳам дар ҳолест, ки мошин дар Тоҷикистон ҳоло хеле кам харидор дорад. Бӯҳрони молӣ ва таъсири он ба муҳоҷирон боис шуда, ки харидуфурӯши мошин дар Тоҷикистон ҳоло бештар ба таври ғайринақдӣ, бо иваз кардани он ба ягон молу маҳсулоти дигар сурат мегирад.
Дар ин шароит якбора 8 баробар боло рафтани арзиши ваколатнома барои харидуфурӯши мошин аксар ронандаҳоро нигарону ғамгин кард. Онҳо мегӯянд, чунин тасмим ба ҷайби шаҳрвандоне, ки мошинҳои арзонро харидорӣ мекунанд, зарба мезанад.
Масрур Одилов, яке аз ронандаҳо дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ним соли пеш мошини харидаашро тариқи ваколатнома бар ивази 160 сомонӣ ба расмият даровардааст: “Ҳоло бе ин ҳам нархи мошин дар бозор поин аст ва аксарият дар бозор мошинҳоро байни ҳам бартер ё иваз мекунанд. Дар ин ҳолат супоридани беш аз 100 доллар ба ҳангоми ҳуҷҷатгузорӣ хеле гарон аст. Зеро ҳарчанд БДА маблағи расмиро 570-620 сомонӣ мегӯяд, аммо дар асл маблағи зиёдтар сарф мешавад ва ҳамчунин дарди сар ва такку даваш низ бештар аст. ”
Ин ронанда мегӯяд, беҳтар мебуд, агар баръакс арзиши ба расмиёт даровардани ҳуҷҷатгузориро арзонтар мекарданд. Дар ин ҳолат ронандагон ҳам ҳавасманд мешуданд, ки мошинро на аз роҳи ваколатнома, балки бевосита ба номи худашон ҳуҷҷатгузорӣ намоянд. Вале бархе аз ронандаҳои дигар бар инанд, ки роҳи осони харидани мошин аз тариқи ваколатнома аст, зеро дар ин сурат гузаштан аз мағозаҳои комиссионӣ ва пардохти пули барзиёд, ки 170 сомониро ташкил медиҳад, зарурат надорад.