Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тавлидоти ТАЛКО 2 маротиба кам шудааст


Анбори маҳсулоти ТАЛКО. Акс аз бойгонӣ
Анбори маҳсулоти ТАЛКО. Акс аз бойгонӣ

Тавлидоти ТАЛКО - бузургтарин корхонаи саноатии Тоҷикистон - дар соли 2014 қариб 2 маротиба кам шудааст. Вале масъулонаш мегӯянд, рӯзҳои сиёҳи ин ширкат пушти сар мешаванд.

Тавлидоти ТАЛКО – бузургтарин корхонаи саноатии Тоҷикистон – дар соли 2014 ҳудуди 2 маротиба, ё қариб 100 000 тонна коҳиш ёфтааст.

Шариф Раҳимзода, вазири рушди иқтисодӣ ва тиҷорати Тоҷикистон рӯзи 28 январ дар нишасти хабарии вазораташ гуфт, дар соли 2014 ТАЛКО ҳамагӣ 121 200 тонна алюминийи аввалия тавлид кардааст. Дар соли 2013 тавлидоти ин корхона 218 477 тонна ва дар соли 2012 беш аз 275 ҳазор тоннаро ташкил медод.

Шариф Раҳимзода гуфт, “сабаби аслии коҳиши тавлидоти ТАЛКО пойин рафтани нархи алюминий дар бозори ҷаҳонист. Соли гузашта нархи миёнаи алюминий ҳамагӣ 1870 долларро ташкил дод. Маълум аст, ки ягон корхона ба зарари худаш кор намекунад.”

Шариф Раҳимзода
Шариф Раҳимзода

Вале ба гуфтаи вазири иқтисоди Тоҷикистон, корхонаи ТАЛКО қасд дорад, имсол тавлиди онро ба 197 000 тонна расонад ва аз ҷумла аз ҳисоби гузаштан ба ашёи хоми маҳаллӣ. Бо ин вуҷуд, ин рақам боз ҳам хеле пойинтар аз ҳаҷми тавлидоти корхона дар солҳои 2012 -2013 буда, нисбат ба солҳои қабл аз бӯҳрон, яъне соли 2006-2007, ки тавлидоти ТАЛКО аз марзи 400 000 тонна гузашта буд, ду маротиба кам мебошад.

Игор Сатторов, сухангӯи ширкати ТАЛКО низ рӯзи 28 январ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ дар чанд соли охир ва бахусус дар соли 2014 дар панҷаи мушкилоти сахт қарор доштани ин ширкатро тасдиқ кард, вале гуфт, рӯзҳои сиёҳи ТАЛКО аллакай пушти сар шудаанд.

Игор Сатторов гуфт: “Бӯҳрони шадид дар бозори ҷаҳонии алюминий боиси башиддат пойин рафтани нархи он шуд ва дигар тавлиди алюминий базарар шуда буд. Ба ин далел, мо барномаи зиддибӯҳрониеро қабул кардем, ки як бандаш коҳиши тавлидот то замони беҳтар шудани вазъи бозор буд. Мо, албатта, наметавонистем ба зарари худ кор кунем.”

Коҳиши тавлидоти ТАЛКО
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:34 0:00
Линки мустақим

ТАЛКО, воқеъ дар шаҳри Турсунзода, тақрибан 60-километрии ғарби Душанбе ва 20-километрии марз бо Узбакистон, бо саҳми умдааш дар таъмини нишондиҳандаҳои макроиқтисодии Тоҷикистон, бахусус дар таъмини содироти кишвар як корхонаи муҳимтарин ба шумор меояд. Ба ин далел, ТАЛКО мустақиман ба дастгоҳи раёсатҷумҳурӣ итоат мекунад ва ба фарқ аз боқӣ корхонаҳои саноатии Тоҷикистон, вобастаи вазорати саноат ва технологияҳои навин нест.

Ҷадвали солбасоли тавлидоти ТАЛКО, аз сомонаи talco.com.tj/
Ҷадвали солбасоли тавлидоти ТАЛКО, аз сомонаи talco.com.tj/

Дар миёнаи солҳои 2000-ум то 60 дарсади содироти Тоҷикистон аз ҳисоби фурӯши маҳсулоти ТАЛКО ба даст меомад, вале дар соли 2013, бино бар коҳиши тавлидот, аз 1 миллиарду 172 миллион доллар ҷамъи содироти кишвар танҳо 370 миллион доллар ё ҳамагӣ 30 дарсадаш аз ҳисоби содироти алюминийи аввалия ба даст омадааст. Дар соли 2014 ТАЛКО ба хориҷ ба маблағи ҳамагӣ 234 миллион доллар алюминий фурӯхтааст ва саҳмаш дар таъмини содироти Тоҷикистон боз ҳам пойинтар рафтааст.

Игор Сатторов мегӯяд, ки онҳо дар ин даврони бӯҳронӣ асосан рӯи 2 масъала тамаркуз кардаанд: “Дар ҳоле ки бисёр корхонаҳои алюминий дар дунё комилан аз кор монданд, якум вазифаи мо ҳифзи иқтидори тавлидотии ширкат буд ва хушбахтона, бо вуҷуди коҳиши тавлидот коргоҳҳои мо дар ҳолати фаъол ҳифз шуданд. Вазифаи дигари муҳим ҳифзи коргарон буд. Мо касеро ихтисор накардем, вале маҷбур шудем, як миқдор аз коргаронамонро барои 6 моҳу 1 сол ба рухсатии бемузд фиристем. Табиист ки як миқдор аз онҳо ба ин тоқат накарданд ва ихтиёран аз кор рафтанд. Вале аксарият бо мо монд.”

Вале дар ҳоле ки бино ба омори қаблӣ, дар солҳои пешин дар корхонаҳои ТАЛКО, ки барои шаҳру ноҳияи Турсунзода як корхонаи шаҳрсоз ба шумор меояд ҳудуди 10 000 нафар кор мекард, дар соли 2014, ба гуфтаи вазири иқтисод Шариф Раҳимзода, дар ин корхона ҳамагӣ 8 479 нафар кор кардааст. Яъне тақрибан 1500 нафар камтар аз солҳои пешин.

Дар соли гузашта раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дода буд, то масъалаи кумаки молӣ ба ТАЛКО-ро ҳал кунанд. Аммо сухангӯи ширкат мегӯяд, ки ин масъала ҳамчунон дар дасти баррасӣ боқӣ мондааст ва ба фарқ аз рақибонаш, ба мисли ширкати РусАли миллиардери рус Олег Дерипаска, ки барои муқобила бо бӯҳрон аз ҳукумати Русия 4 миллиард доллар ёрии молӣ гирифт, ТАЛКО то имрӯз кумаки молие аз сӯи ҳукумати Тоҷикистон нагирифтааст. Ба гуфтаи Игор Сатторов, “ин ҳатто кӯмаки молӣ набуд, балки мо баргардондани пулҳоеро хостем, ки ТАЛКО дар солҳои қабл, ҳангоми хуб будани кораш дар иҷрои ин ё он барномаҳо дар ихтиёри ҳукумат гузошта буд.”

Игор Сатторов
Игор Сатторов

Бо вуҷуди то ҳол ба даст наовардани ёронаҳои ҳукумат, Игор Сатторов мегӯяд, ки рӯзҳои сахти ТАЛКО алакай пушти сар шудаанд: “ТАЛКО имсол бо шарофати бархе тадбирҳои зидибӯҳронӣ, аз ҷумла бо бунёди корхонаҳои тавлиди креолит ва кислотаи сулфат дар Ёвону навсозии коргоҳҳои ТАЛКО аз сӯи ширкати норвегии “Hydro”, шароити рушди дубораи тавлидоти алюминийро фароҳам овардааст. Ва мо дар нақша дорем, ки дар соли 2015 тавлиди маҳсулотро нисбат ба соли 2014 дастикам 60 дарсад биафзоем.”

Ширкати ТАЛКО, собиқ ТадАЗ (корхонаи алюминсозии Тоҷикистон), дар миёнаҳои солҳои 70-уми асри гузашта, вақте Иттиҳоди Шӯравӣ побарҷо буд, сохта шуд. Далели интихоби Тоҷикистони дур аз манобеъи гилхок (глинозём) – ашёи хоми асосии лозим барои тавлиди алюминий - ба ҳайси макони бунёди ин корхона арзон будани нирӯи барқ – дувумин чизи хеле лозим барои фаъолияти дастгоҳҳои барқхӯри тавлиди алюминий будааст. Тарҳи нирӯгоҳи Роғун низ дар он солҳо пеш аз ҳама бо ҳадафи таъмини эҳтиёҷоти ҳамин корхона бо нирӯи барқ таҳия шуда буд.

ТАЛКО чанд сол боз дар сархати мавзӯъҳои баҳси расонаҳои маҳаллӣ қарор дорад. Аз ҷумла ба далели баҳсҳои додгоҳиаш бо ширкати РусАл, ки тавассути як додгоҳи Швейтсария аз ТАЛКО беш аз 270 милллион доллар мехоҳад, ва моҷарои, бино ба хабарҳо, барои ТАЛКО ба 140 миллион доллар тамомшуда дар додгоҳи Лондон бо мудири собиқаш Абдуқодир Эрматов ва таъминкунандаи пешини ашёи хоми ин корхона Аваз Назаров, ки ҳамчун ҷуброни гум кардани ин тиҷораташ аз Тоҷикистон қариб 100 миллион доллар “канд.”

Як мояи дигари интиқод аз ин ширкат дар дасти ҳалақоти наздик ба раисиҷумҳури Тоҷикистон чархидани пулу фоидаҳои он аст. ТАЛКО ҳамчунин барои он интиқод мешавад, ки дар бебарқиҳои фасли сармо то нисфи нирӯи барқи Тоҷикистонро “мехӯрад”, вале саҳмаш дар супурдани андоз дар сол тақрибан 30 миллион доллар, яъне камтар аз ҳатто андози солонаи як ширкати телефонҳои мобил, назири “Вавилон” мебошад.

XS
SM
MD
LG