Додгоҳи олии Тоҷикистон, бино ба хабарҳо, ба баррасии парвандаи афроди гумонбар қасди анҷоми ҳамлаҳои террористӣ дар шаҳри Турсунзода, тақрибан 60-километрии ғарби пойтахти Тоҷикистон шурӯъ кардааст. Бино ба гузориши хабаргузории CA-News, дар маҷмӯъ дар чорчӯби ин парвандаи пурсарусадо 7 нафар ба додгоҳ эҳзор мешаванд.
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон дар нишасти хабарии рӯзи 18 июлаш бори аввал аз рӯи ин парванда каме пардабардорӣ кард. Вазири умури дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода ба хабарнигорон гуфт, дар нимаи аввали сол дар кишвар аз 5 қасди ҳамлаи террористӣ ҷилавгирӣ шудааст. Зоҳиран сухан дар бораи ҳамон як гурӯҳи 7-афарие меравад, ки рӯзи 18 марти соли равон бо гумони қасди таркондани корхонаи алюминсозии ТАЛКО дар шаҳри Турсунзода ва чанд идораи дигар дар ин шаҳр дастгир шуданд. Ба гуфтаи вазиир умури дохила, ҳамаи 7 нафаре, ки дар чорчӯби ин парванда бо иттиҳоми терроризм боздошт шудаанд, шаҳрвандони Тоҷикистонанд, вале дар хориҷ омӯзиш дидаанд.
Сафиалло Девонаев, сардори раёсати мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи вазорати умури дохилаи Тоҷикистон гуфт, ин гурӯҳи террористӣ дар маҷмӯъ таркондани дасти кам 5 иншоот дар Турсунзодаро ба ҳадаф доштанд. Аз ҷумла қарори онҳо чунин буда, ки корхонаи алюминсозии ТАЛКО-ро мунфаҷир карда, дар назди биноҳои ҳукумати шаҳр, додситонӣ, шӯъбаи милиса ва Кохи фарҳанги шаҳри Турсунзода низ таркишҳо анҷом диҳанд. Ба гуфтаи Девонаев, “онҳо мехостанд, корхонаи алюминсолзиро, ки бузургтарин корхонаи ин соҳа нафақат дар Осиёи Марказӣ, балки дар собиқи Шӯравист, битарконанд.”
Бори аввал хабари боздошти ин гурӯҳ дар моҳи апрел ба дасти расонаҳо расид. Вазорати умури дохила боздошти “як гурӯҳи мафиозӣ” бо як миқдор маводи таркандаи навъи тротил дар шаҳри Турсунзодаро тасдиқ кард, вале Ҷалолиддин Садриддинов, сухангӯи ин вазорат он замон ба Озодӣ гуфт, «мо ҳамин қадар медонем, ки ин як гурӯҳи мафиозӣ будааст, вале мақсади онҳо чӣ буд, ҳоло тафтишот маълум мекунад.»
Аммо ҳанӯз ҳамон вақт як манбаи наздик ба тафтиши парванда дар сӯҳбат бо Озодӣ эътироф карда буд, ки сухан дар бораи омодагӣ ба амали террористӣ меравад ва аъзои ин гурӯҳ қасд доштаанд, то як коргоҳи истеҳоли газ аз ангиштро, ки ширкати ТАЛКО ду сол пеш, баъди қатъ шудани воридоти газ аз Узбакистон ба кор дароварда буд, аз кор биандозанд.Ин манбаи Озодӣ мегуфт, ки се корманди худи ТАЛКО ҳам бо ин гурӯҳ ҳамдастӣ кардаанд. Боздошти ин ҳафтгона аз сӯи кормандони бахши зудамали вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон дар ноҳияи Турсунзода, 60-километрии ғарби пойтахт ҳанӯз рӯзи 28-уми март сурат гирифтааст.
Мақомоти Тоҷикистон то ҳол дар ин бора ки оё дар пушти ин 7 “террорист”-и Турсунзода кӣ меистад?, ҷузъиёте надодаанд. Вале фаъолияти ин корхона ба интиқодҳои пайвастаи ҷониби Узбакистон рӯбарӯст, ки мегӯяд, партобҳои он ба муҳити зист ва саломатии сокинони вилояти бо Турсунзода ҳаммарзи Сурхондарё таъсири шадиди манфӣ мерасонад.
Дар моҳи июни соли 2013 дар қароргоҳи СММ дар Ню-Йорк номаи намояндаи доимии Узбакистон Дилёр Ҳакимов ба дабири кулли СММ Бан Ки Мун санаде нашр шуд, ки аз бад шудани вазъи экоголӣ дар ноҳияҳои шимоли Сурхондарё ба далели олуда шудани фазо аз партобҳои корхонаи ТАЛКО хабар медод. Дар ин нома гуфта мешуд, ки фаъолияти ТАЛКО ба амнияти экологӣ, манбаъҳои зиндагӣ ва рушди устуввори Узбакистон таҳдид мекунад ва “миқёси асароти манфии фаъолияти саноатии ТАЛКО ба муҳити зист, саломатӣ ва генофонди аҳолии маҳаллӣ ва ҳам зиёни ҷуброннопазире ки ба экосистемаи вилоят мерасонад, ба як сатҳи бесобиқа расидааст.”
Масъулони ТАЛКО аммо ин иддаоҳои Узбакистонро ҳамеша рад карда мегӯянд, корхонаро бо филтрҳои муосире муҷаҳҳаз гардондаанд, ки асароти манфии фаъолияташро ҳаддалимкон кам мекунад.
Аз тарафи дигар, хабари қасди ҳамла ба ТАЛКО дар ҳолест, ки ин корхона бо шарикони собиқаш, аз ҷумла бо сохторҳои миллиардери рус Олег Дерипаска як силсила даъвоҳои додгоҳӣ дорад ва ширкати "РусАл"-и Дерипаска ахиран аз тариқи додгоҳи ҳакамии Швейтсария як шарики ТАЛКО-ро ба пардохти 270 миллион доллар фоидаҳои гумкардааш муваззаф кард.
ТАЛКО бузургтарин корхонаи саноатии Тоҷикистон буда, солона беш аз 300 000 тонна алюминий тавлид ва аз ҳисоби фурӯши он нисфи содироти кишварро таъмин мекунад.
Вале мунтақидон мегӯянд, фоидаҳои тиҷорати алюминий дар дасти ҳалқаҳои наздик ба раҳбарони аввали Тоҷикистон мунсаҷим шудааст ва бо онки ин корхона нирӯи барқро бидуни мамониат ва бо нархи ба маротиб аз дигар корхонаҳо ва ҳатто аз аҳолӣ арзонтар дарёфт мекунад, саҳмаш дар пур кардани буҷа дигар ҳатто ба масобаи як ширкати телефонҳои мобил нест.
Мақомоти ТАЛКО ду сол пеш дар посух ба мунтақидонаш гуфта буданд, ки ҷамъи андозҳои корхона, бо шумули 3 фоиз андоз аз фурӯши алюминий ва ҳам молиёте ки 10 000 коргараш ба давлат месупоранд, дар сол то 170 миллион сомонӣ, муодили 34 миллион долларро ташкил медиҳад. Аммо дар ду соли охир ин корхона ба мушкилоти молӣ гирифтор шудааст ва дар поёни соли 2013 раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ҳатто ба ҳукуматаш амр дод, то масъалаи ироаи кумаки молӣ ба ин корхонаро баррасӣ кунад.