Ширкати ТАЛКО-и Тоҷикистон ҳамкори собиқи худ РусАл-и Русияро ба он айбдор кард, ки “масъалаҳои махфии баҳси ду тараф”-ро дар дастраси ҷомиа қарор додааст. Ин нукта дар ҳоле баён шуд, ки дар торнамои Евразиянет баъзе аз маълумоти дар гузашта ниҳони ҳамкории ду ширкат ифшо шудаанд.
Игор Сатторов, сухангӯи ТАЛКО рӯзи 9 июн ба Радиои Озодӣ гуфт, аз қабл миёни ду ширкат ин тафоҳум ба даст омадааст, ки ҳама баҳсҳо дар сатҳи топ - менеҷерҳо баррасӣ шаванд, аммо «РусАл» гоҳо хилофи ин тавофуқот онҳоро ба расонаҳо мекашад: «Ҷонибҳо набояд ба ин манфиатдор бошанд, ки масоили махфии баҳси ду тараф дар дастраси ҷомиа қарор гиранд. Мо чандин маротиба ба РусАл гуфта будем, ки агар ҳарфе доранд, ба додгоҳи ҳакамии Тоҷикистон муроҷиат кунанд. Пас аз қарори Додгоҳи ҳакамии Шветсария онҳо як моҳ фурсат доштанд, ки муроҷиат кунанд, аммо накарданд, зеро медонанд, ки масъала содда нест.»
ТАЛКО ин иттилоъро, ки ҳавопаймоҳои "Сомон Эйр" бо пули ТАЛКО харидорӣ шудаанд, рад карда, мегӯяд, CDH ҳамагӣ ду сол – аз соли 2005 то моҳи майи 2007 - ҳамкори «ТадАз» буд, чунки ТАЛКО моҳи июли соли 2007 таъсис ёфтааст. Ин манбаъ аммо рад намекунад, ки CDH ба далели 3000 доллар будани нархи алюминий фоида дид ва яке аз муассисони «Сомон Эйр» шуд.
«Сомон Эйр» панҷ соли пеш ба 1,5 миллиард доллар сармояи «Эксимбонк»-и Амрико барои харидани 17 ҳавопаймо бо «Боинг» шартнома баста буд. Ширкати тоҷикӣ ин маблағро тайи 12 сол ва бо баҳраи хеле кам бармегардонад.
Манбаи Озодӣ дар ТАЛКО мегӯяд, агар ҳарфи фасод ва маблағ дар миён мебуд, бонки давлатии ИМА ин маблағи калонро тахсис намедод ва ТАЛКО ба маблағгузории «Сомон Эйр» умуман рабте надорад. Ин манбаъ мегӯяд, мақолаи «Евразиянет» бепоя аст ва ҳеҷ додгоҳе ҳам дар Ню-Йорк қароре дар бораи ТАЛКО содир накардааст ва умуман ин қисса бозии навбатии РусАл ба манзури тариқи «ҷанги иттилоотӣ» фирор кардан аз рӯёрӯӣ дар додгоҳ аст.
Додгоҳи ҳакамии Швейтсария соли 2013 дар пайи як баҳси «РусАл» ва ТАЛКО ахириро ба иҷро накардани тавофуқот муттаҳам намуда, муваззаф карда буд, ки 274 миллион доллар қарзи «РусАл» - ро баргардонад. Аммо ТАЛКО мегӯяд, ба хотири иҷрои ин ҳукм «РусАл» бояд ба Додгоҳи иқтисодии Тоҷикистон муроҷиат кунад, аммо намекунад, зеро додситонии кулли Тоҷикистон алайҳи «Хаммер», ширкати таҳти назорати РусАл парвандаи иборат аз 56 ҷилд вуҷуд дорад. Ин ширкат бар ин аст, ки ба хотири фирор аз ин мурофиаи додгоҳӣ, РусАл роҳи таблиғоти расонаиро пеш гирифтааст, ки хилофи тааҳҳудоти дутарафа аст
Eurasianet: Кунҷкобии РусАл китоби розҳои ТАЛКО-ро кушод
Сомонаи Eurasianet.org дар матлабе таҳти унвони «Кунҷкобии РусАл китоби розҳои бузургтарин корхонаи Тоҷикистонро боз кард” менависад, асноди рӯзада дар ҷараёни ҳафт соли даъвоҳои додгоҳӣ байни бузургтарин ширкати алюминсозии дунё – Рус Ал – ва ТАЛКО ба оташи гумонҳое равған рехт, ки мегуфтанд, фоидаҳои бузургтарин корхонаи саноатии Тоҷикистон ба ҷайби наздикони раиси ин ҷумҳурӣ мерезад.
Муаллиф мегӯяд, дар минтақае, ки хешутаборбозӣ як амри маъмул шудааст, гумон аст ки ифшои чунин маълумот мавҷи эътирози мардуми тоҷикро ба бор биорад. Вале иттилоот дар бораи қалбдастиҳои молӣ, ба ақидаи муаллиф Девид Триллинг, “метавонад як фишанги нави нуфузи геополитикии Маскав болои Душанбе шавад.”
Ин сомона менависад, асноди бонкие, ки бо ҳукми додгоҳи федеролии Ню-Йорк дар ибтидои соли ҷорӣ дар ихтиёри РусАл қарор гирифт, “нишон медиҳад, ки қариб 100 миллион доллар аз фоидаҳои ин корхонаи алюминсозӣ барои харидани ду ҳавопаймои Boeing 737 барои шурӯи кори ширктаи ҳавопаймои хусусии мутааллиқ ба додарарӯси президенти Тоҷикистон сарф шудааст.”
Ин дар ҳоле буд ки ҳукумати Тоҷикистон барио сохтани нирӯгоҳи Роғун аз мардумаш пул ҷамъ мекард. Муаллиф бо такя ба асноди бонки олмонии Deutsche Bank, ки намоядагони РусАл ба EurasiaNet.org нишон додаанд, менависад, пули ин ду ҳавопаймои нахустини ширкати “Сомон Эйр”-ро, ки 96 миллион долларро ташкил медод, дар байн июли 2008 – ноябри 2010 – аз суратҳисоби бонкии марбут ба CDH Investments Corporation пардохт кардаанд. Ширкати CDH дар ҷазираҳои Вирҷинияи Бритониё сабти ном шуда, то соли 2007 миёнрави асосӣ дар таъмини ашёи хом ва фурӯши маҳсулоти ТАЛКО ба шумор мерафт.
Мақомоти “Сомон Эйр” ин қазияро ташреҳ накардаанд, вале бино ба гуфтаи сомонаи Planespotters.net, ҳарду ҳавопаймои бо пули CDH харидашуда то ҳол ба ин ширкат тааллуқ доранд.
EurasiaNet.org меафзояд, “ҳам “Сомон Эйр” ва ҳам CDH ва ҳам бонки хусусие, ки аз номи CDH пули ҳавопаймоҳоро додааст, ба як нафарар марбутанд – додарарӯси президент Эмомалӣ Раҳмон Ҳасани Асадуллоҳзода. Асадуллоҳзода ҳамчун раиси “Ориёнбонк”, ки CDH пулҳояшро онҷо нигоҳ медошт, дар соли 2008 ба Додгоҳи олии Лондон гуфта буд, ки CDH-ро ӯ назорат мекунад ва мехоҳад фоидаҳояшро ба “зербинои нақлиётӣ” ва соҳаи турзим сармоягузорӣ кунад.” Ҳамин тавр, гумон меравад, ки ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” низ таҳти назорати ҳамин додарарӯси бонуфузи Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.
Радиои Озодӣ талош мекунад, то вокуниши ҷонибҳои дигари қазия – ТАЛКО, “Оринёнбонк”, “Сомон Эйр” ва дигар сохторҳои марбут ба Ҳасани Асадуллоҳзода ба асноди нашршуда аз номи РусАлро ба даст биорад, вале ин моҷаро дар ҳоле бархост, ки байни ТАЛКО ва РусАл чанд муддат боз баҳси чандсадмиллиондолларие идома дорад.
Ширкати РусАл, ки дар миёнаҳои солҳои 2000-ум аз ҳаққаш дар таъмини ашёи хом ва фурӯши маҳсулоти ТАЛКО маҳрум шуд, ба як додгоҳи Швейтсария шикоят бурда, аз бузургтарин корхонаи саноатии Тоҷикистон тақрибан 274 миллион доллар ҷуброни хисорот талаб кардааст. ТАЛКО ба навбаи худ гуфт, аз ҳамкориҳояш бо РусАл ба маблағи қариб ним миллиард доллар зиён дидааст, ки тавассути додгоҳ мехоҳад онро бирӯёнад. Аммо дар поёни соли 2013 мақомоти ТАЛКО ишора карданд, ки байни ин ширкат ва РусАЛ музокира роҷеъ ба роҳҳои ҳалли берун аз додгоҳи баҳс идома дорад ва зоҳиран тарафҳо ба натиҷае хоҳанд расид.
Дар ин шароит ифшои асноди муҳими бонкии марбут ба иртиботи байни ТАЛКО ва ҳалқаҳои наздик ба хонаводаи раисиҷумҳури Тоҷикистон зоҳиран баёнгари он аст, ки ин музокирот шояд ноком ваё дучори бунбаст шудааст.
ТАЛКО, ки солона ҳудуди 300 000 тонна алюминийи аввалия тавлид мекунад, бузургтарин корхонаи саноатии Тоҷикистон ба шумор рафта, беш аз нисфи содироти кишвар аз ҳисоби фурӯшоти он ба даст меояд. Аммо дар маҳофил ва матбуоти Тоҷикистон дар солҳои охир фаъолияти ин ширкат мавриди интиқодот қарор гирифтааст. Мунтақидон мегӯянд, бо онки ТАЛКО нирӯи барқро бо нархи ба маротиб арзонтар аз дигар корхонаҳо мегирад ва ба хотири таъмини фаъолияти он мардум дар зимистон бебарқ мемонанд, фоидаҳои ТАЛКО ба кисаи ҳамагӣ чанд нафари наздик ба “болоҳо” рехта, саҳми он дар буҷаи давлат баробари як ширкати миёнаи телефонҳои мобил шудааст. ТАЛКО ҳоло солона бо ҷамъи андози коргаронаш ба будҷаи Тоҷикистон ҳудуди 35 миллион доллар молиёт месупорад.