Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Cулҳ"-и РусАл бо ТАЛКО


Ширкати русии "РусАл" бо ​Корхонаи алюминиюми Тоҷикистон ё Талко қарордоди сулҳ имзо кардааст. Интизор меравад, ин қарордод базудӣ аз сӯи Шӯрои директорони "РусАл" ва ҳукумати Тоҷикистон низ тасдиқ гардад.

Корхонаи алюминиюми Тоҷикистон ё ТАЛКО мегӯяд, баъд аз баҳси тӯлонӣ ширкати "РусАл"-и миллиардери рус Олег Дерипаска бо ин корхонаи бузурги саноатии кишвар қарордоди “сулҳ”-ро имзо кардааст.

Игор Сатторов, роҳбари департаменти таҳлил ва иттилооти Талко, рӯзи 16 феврал бо тасдиқи ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфт, интизор меравад, қарордод базудӣ аз сӯи Шӯрои директорони "РусАл" ва ҳукумати Тоҷикистон низ тасдиқ гардад.

Ба қавли ӯ, “мо ба ширкати РусАл якчанд пешниҳоди тиҷоратӣ кардем, ки ҳарду ҷонибро қонеъ мекунад. Созиши мо дар асоси ҳамин пешниҳодҳо аст. Ду ширкат бо ҳам созиш карданд ва намояндагони ду тараф ба он имзо гузоштанд. Ҳоло ин қарордод бояд дар ширкати РусАл аз сӯи Шӯрои директорон ва дар Тоҷикистон аз тарафи ҳукумат бояд тасдиқ гардад.”

Игор Сатторов афзуд, бо имзои ин қарордод саҳифаи “якдигарнофаҳмӣ” миёни ду ширкат ба анҷом расида, ТАЛКО-ву "РусАл" муносиботашонро аз сифр ё саҳифаи тоза оғоз мекунанд.

Аммо ҷонибҳо аз ифшои ҷузъиёти ин муомила худдорӣ мекунанд, ки оё дар ивази чӣ гузаштҳо аз даъвоҳи додгоҳӣ алайҳи ҳамдигар гузашта, ба қавли оқои Сатторов, саҳифаи "якдигарнофаҳмӣ"-ро пӯшидаанд?

“Муқовимат”-и ТАЛКО-ву "РусАл" баъд аз он он оғоз ёфт, ки додгоҳи Швейтсария моҳи октябри соли 2013 даъвои Hamer Investment Ltd., ширкати зертобеи РусАлро ҷонибдорӣ карда, ТАЛКО-ро муваззаф

Игор Сатторов
Игор Сатторов

намуд, ба ин ширкати русӣ 274 миллион доллар ($112,7 миллион - зарар, $147 миллион - фоизҳо ва $14,58 миллион - хароҷоти арбитраж) пардохт намояд.

Ба хотири иҷрои ин ҳукм "РусАл" бояд ба Додгоҳи иқтисодии Тоҷикистон муроҷиат мекард, ки накард. Зеро Додситонии кулли Тоҷикистон алайҳи Hamer Investment Ltd., ширкати таҳти назорати РусАл парвандаи иборат аз 56 ҷилд омода кардааст ва он ҷо дар бораи 400 миллион доллар хисороти воридшуда аз сӯи "РусАл" ба ТАЛКО сухан меравад.

Ширкати алюминиюми Тоҷикистон он замон эълон карда буд, пардохти 274 миллион доллари ҷуброн ба "РусАл" аз роҳи музокирот ҳал мешавад. Қарордоди сулҳи ТАЛКО-ву "РусАл" дар ҳолест, ки тавлидоти бузургтарин корхонаи саноатии Тоҷикистон дар соли 2014 ҳудуди 2 маротиба, ё қариб 100 000, тонна коҳиш ёфтааст. Масъулони Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон ҳангоми натиҷагирӣ аз як соли фаъолияташон гуфтанд, сабаби аслии коҳиши тавлидоти ТАЛКО поин рафтани нархи алюминий дар бозори ҷаҳонист. Соли гузашта нархи миёнаи алюминий ҳамагӣ 1870 долларро ташкил дод.

ТАЛКО, воқеъ дар шаҳри Турсунзода, тақрибан 60-километрии ғарби Душанбе ва 20-километрии марз бо Узбакистон, бо саҳми умдааш дар таъмини нишондиҳандаҳои макроиқтисодии Тоҷикистон, бахусус дар таъмини содироти кишвар як корхонаи муҳимтарин ба шумор меояд. Ба ин далел, ТАЛКО мустақим ба дастгоҳи раёсати ҷумҳурӣ итоат мекунад ва ба фарқ аз боқӣ корхонаҳои саноатии Тоҷикистон, вобастаи Вазорати саноат ва технологияҳои навин нест.

Дар соли гузашта раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дода буд, то масъалаи кумаки молӣ ба ТАЛКО-ро ҳал кунанд. Аммо сухангӯи ширкат мегӯяд, ин масъала ҳамчунон дар дасти баррасӣ боқӣ мондааст ва ба фарқ аз рақибонаш, ба мисли ширкати "РусАл"-и

Олег Дерипаска
Олег Дерипаска

миллиардери рус Олег Дерипаска, ки барои муқобила бо бӯҳрон аз ҳукумати Русия 4 миллиард доллар ёрии молӣ гирифт, ТАЛКО то имрӯз кумаки молие аз сӯи ҳукумати Тоҷикистон нагирифтааст.

Ширкати ТАЛКО, собиқ ТадАЗ (корхонаи алюминсозии Тоҷикистон), дар миёнаҳои солҳои 70-уми асри гузашта, вақте Иттиҳоди Шӯравӣ побарҷо буд, сохта шуд. Далели интихоби Тоҷикистони дур аз манобеи гилхок (глинозём) – ашёи хоми асосии лозим барои тавлиди алюминий - ба ҳайси макони бунёди ин корхона арзон будани нирӯи барқ – дувумин чизи хеле лозим барои фаъолияти дастгоҳҳои барқхӯри тавлиди алюминий будааст. Тарҳи нирӯгоҳи Роғун низ дар он солҳо пеш аз ҳама бо ҳадафи таъмини эҳтиёҷоти ҳамин корхона бо нирӯи барқ таҳия шуда буд.

Вале мояи интиқод аз ин ширкат дар ҳоли ҳозир дар дасти ҳалқаҳои наздик ба раисиҷумҳури Тоҷикистон чархидани пулу фоидаҳои он аст. ТАЛКО ҳамчунин барои он интиқод мешавад, ки дар бебарқиҳои фасли сармо то нисфи нирӯи барқи Тоҷикистонро “мехӯрад”, вале саҳмаш дар супурдани андоз дар сол тақрибан 30 миллион доллар, яъне камтар аз ҳатто андози солонаи як ширкати мухобиротӣ, ба мисли “Babilon-M” аст.

XS
SM
MD
LG