Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду бӯҳрон, ки Тоҷикистон ночор ба соли 2015 мебарад


Тоҷикистон ба соли 2015 бо ду мушкили кӯҳна қадам мегузорад, ки дар 20 соли ахир аз мушкилоти умдаи кишвар номбар мешавад- бӯҳрони энержӣ ва иқтисодӣ.

Набуди барқ на танҳо ба сифати зиндагии мардум таъсир гузоштааст, балки тормози иқтисоди кишвар шудааст. Расидан ба истиқлолияти энержӣ аз барномаҳоест, ки солҳо боз дар сархати барномаҳои стратегии кишвар қарор мегирад, аммо роҳи бурунрафт аз ин бӯҳрон осон ба назар намерасад.

Бар асоси Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон то соли 2015 бояд мардум 24-соат мунтазам бо нерӯи барқ таъмин шаванд. Аммо дар фосилаи як сол аз татбиқи комили ин стратегия бештар аз 6 миллион сокини рустоҳо дар як шабонарӯз аз 6 то 7 ва ё аз он ҳам камтар нерӯи барқ мегиранд. Корхонаҳои хурд дар минтақаҳо аз кор мемонанд ва мактабу дабистону ва баъзан бемористонҳо низ бе барқ мемонанд.

Агар даҳ соли пеш бунёди неругоҳи барқиву обии Роғун аз ормони миллии ҳар сокин ба шумор меомад ва сардиҳои зимистонро ба умеди фардои гарм дар назари онҳо бетаъсир мекард, акнун мардум дар бораи «Роғун» кам гап мезананд. Ҳарчанд набарди зимистон бо мардум сол то сол

Сохтмони Роғун
Сохтмони Роғун

сангинтар мешавад. “Барқи Тоҷик”, бузургтарин ширкати энергетикии кишвар аз давлату дигар муассисаҳо ҳудуди 1 миллиард доллар қарздор аст ва наметавонад молиёти давлатро супорад. «Истифодабарандаҳои нерӯи барқ пули моро намедиҳанд, мо дар навбати худ наметавонем пули давлатро баргардонем,» -- гуфт як мақоми ин ниҳод ба Радиои Озодӣ. Аммо Ғуломиддин Сайфиддинов, аз мутахассисони собиқи соҳаи эенержӣ дар бораи сабабҳои ин бӯҳрони давомдор мегӯяд:

«Мутахассисон ҳама рафтанд, ба мардум маош намедиҳанд, ғоратгарӣ дар энергосистема авҷ гирифтааст, чӣ хел вазъ бояд беҳтар шавад. Ҳозир дар звеноҳои мобайнӣ ва болоӣ, ягон энергетик ба маънои томаш нест. Дар энергетика коргардони варзида ва хеле донишманд бояд бошанд. Энергосистема бисёр чизи мураккаб аст, бе дониши мукаммал онро идора карда наметавонед.»

Бонки Ҷаҳонӣ соли 2014 баъди омӯзиши вазъи корхонаҳои бузурги Тоҷикистон гуфт, ки «Барқи тоҷик»- ба ислоҳот ниёз дорад, зеро ин ниҳод метавонад ба бахшҳои дигари иқтисод таъсири манфӣ расонад. Мақомот ҳалли мушкили энержиро ба бунёди нерӯгоҳи азими барқи обии Роғун марбут кардаанд. Аммо бо он ки ин иншоот санҷишҳои байналмилалиро пушти сар кард ва роҳ барои пеш рафтан ҳамвор шуд, вале маблағи зиёде барои бунёди нерӯгоҳ зарур аст, ки Тоҷикистон онро надорад.

ИҚТИСОДИ ДАСТНИГАРИ МУҲОҶИРОН ВА АЛЮМИНИВУ ПАХТА

Як мушкили дигаре, ки Тоҷикистон аз соли 2014 онро ночор ба соли 2015 мебарад, набуди гуногунсозӣ ва ё диверсификатсияи иқтисод аст. Ба сурати умум кишвар ба маблағҳои муҳоҷирони корӣ такя мекунад, ки дар сол аз Русия тақрибан 4 миллиард доллар ба кишвар мефиристанд. Ду моли аслии Тоҷикистон, пахта ва алюминий фоидаи собит надоранд, зеро нархи онҳо дар бозори ҷаҳонӣ чанд сол боз поин меравад. Дар 20 соли гузашта ҳарду мол аз 58 то 83 дар сади таркиби молҳои содиротии Тоҷикистонро ташкил медод, ҳарчанд солҳои ахир нерӯи барқ ҳам ба феҳрасти молҳои содиротӣ ворид шудааст ва муштарӣ Афғонистони ҳамсоя аст.

Алюмини тоҷик
Алюмини тоҷик

Соли 2014 маҳсулоти кишоварзӣ, меваи тару хушк аз маҳсулоти дигаре низ ба бозорҳои берунӣ роҳ ёфт, аммо фоидаи он барои иқтисод чашмгир нест. Шароити сармоягузорӣ ҳам тавре нест, ки як нафар биёяду бе пораву расмиёти зиёд корхона ташкил диҳаду моле тавлид кунад ва чанд нафарро ҳам бо кор таъмин кунад, ки ба Русия нараванду пеши зану фарзанд бо хотири ҷамъ кор кунанд.

Бар пояи омори расмӣ, дар Тоҷикистон то моҳи ноябр, тақрибан 195 000 ҷойи нави кор таъсис додаанд, ки дар муқоиса бо соли гузашта 6 дар сад зиёд аст. Аммо аксари ин ҷойҳои корӣ мавсимӣ, дар соҳаҳои ғайриистеҳсолӣ, ё хадамоти маишӣ ҳастанд ва шумо ягон корхонаеро наметавонед, намуна биёред, ки ҳадди аққал 3 ҳазор коргар дар он дар як баст кор кунанд ва маҳсулоте бароранд, ки ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷ ба он эҳтиёҷ зиёд бошад.Баръакс баъди ҳукми иҷро гирифтани Кодекси нави андози Тоҷикистон, аз рӯзи 1 январи соли 2013 бино ба гузоришҳо тақрибан 18 000 соҳибкор фаъолияти корхонаҳои худро қатъ карданд.

РОҲИ ИСЛОҲИ ВАЗЪ КАДОМ АСТ?

Ба гуфтаи иқтисодонҳои тоҷик, 70 дар сади маҳсулоти мағову дӯкону бозорҳои Тоҷикистон аз хориҷ меоянд, ҳарчанд худи Тоҷикистон имкон дорад, ки бо гуногунсозии иқтисоду фароҳам кардани замина барои пайдо шудани корхонаҳои истеҳсолӣ аз ҳисоби тамоми маҳсулоти воридотӣ 70 дар сади онро дар дохил тавлид кунад. Бинобар ҳисобҳои мутахассисони тоҷик молҳои чинро, ки Тоҷикистон ворид мекунад, метавон, бо 20 дар сад хароҷоти камтар ва молҳои русиву туркиро бо 40 то 60 дар сад хароҷоти камтар дар худи кишвар тавлид кард.

Константин Бондаренко
Константин Бондаренко

Константин Бондаренко, раиси Маркази бозори озоди Тоҷикистон мегӯяд, мақомот аҳамияти гуногунсозии иқтисодро медонанд, вале дар соли 2014 барои рушди он тавре кор карданд, ки на барои рушди он балки барои ворид шудан ба бунбаст замина мегузорад: «Мутаассифона, дар зеҳни мансабдорони бисёре аз кишварҳои шӯравии собиқ ҳамон тасаввури иқтисоди нақшавӣ боқӣ мондааст. Ба қароре меоянд, иқтисодро гуногунсоҳа кунанд ва мегӯянд, азбаски нерӯгоҳ дорем, биёед нерӯи барқ мефурӯшем ва ё биёед, ҷуроб истеҳсол мекунем. Ин гуногунсозӣ на бар асоси қонун ва талаботи бозор, балки бо хоҳишу дастури мақомот сурат мегирад, ки ба фикри ман, дуруст нест ва ба бунбаст мерасонад.»

Тоҷикистон соли 2014 азоби иқтисоди соҳавиро кашид, аз ҷумла ҳоли Талко, корхонаи бузургтарини алюминий ба сабаби поин омадани қимати ин метал дар бозори ҷаҳонӣ бад шуд ва асъори нақди хориҷӣ ба Тоҷикистон камтар омад. Айни чиз бо пахта моли дигари бозоргири кишвар рух дод. Ба гуфтаи Константин Бондаренко, беҳтарин роҳи гуногунсозии иқтисод аз байн бурдани дахолати давлат ба диверсификатсия аст, ки ба баъзе ширкатҳои зиёновар имтиёз медиҳад ва намегузорад, ки корхонаҳои наве бо маҳсулоти нав ва рақобатпазир ба майдон биёянд. Соли 2014 мақоли «Камбағалро дар болои уштур низ саг газидааст» ба вазъи феълии Тоҷикистон мувофиқ омад. Тоҷикистон дар ростои чолиши дигар, беқурбшавии пули миллӣ қарор дорад, ки аз бӯҳрони рубли русӣ реша мегирад. Мақомоти бонки миллӣ чораҳоеро барои пешгирӣ аз беқурб шудани сомонӣ ба кор бурданд, аммо коршиносон мегӯянд, агар рубли русӣ суқут кунад, сомониву тангаву сомро низ бо худ ба варта мебарад.

XS
SM
MD
LG