Соҳибкорон ин намоишро аз шабакаи YouTube нусхабардорӣ карда, ба фурӯш баровардаанд ва мегӯянд, ҳар рӯз даҳҳо нафар онро мехарад.
Хуршед, тоҷири яке аз ин дискфурӯшиҳо ба Радиои Озодӣ гуфт, агар як ҳафта пеш муштариён бештар оҳангҳои нав ва филмҳои туркиро суроғ мекарданд, ҳоло асосан сабти ҳамин барномаро мепурсанд. Вай афзуд, ҳар рӯз зиёда аз 40 диски ин барнома ба фурӯш меравад. Ин дискфурӯш гуфт, синну соли харидорон мухталиф аст. Ба гуфтаи Хуршед, ин барнома, ки ӯ дискҳояшро аз бозори "Корвон" мегирад, дар ду қисмат сабт шудааст ва 5 сомонӣ нарх дорад.
Ҳарчанд барномаи «Пусть говорят»-и Андрей Малахов бо ширкати муҳоҷири тоҷик 9-уми октябр тариқи шабакаи аввали Русия пахш гардида, сару садоҳоеро ба бор оварда буд, пайдо шудани ин навор дар дискфурӯшиҳо баҳсҳоро гирди ин барнома ва рафтори Саид Шарифов доғтар кардааст. Қаҳрамони барнома Саид Шарипови 42-сола, дар ҳоле ба Елена ном зани рус пешниҳоди издивоҷ мекунад, ки дар Тоҷикистон ҳамсар ва се фарзанд доштааст. Вақте ин ҳақиқат фош шуд, вай аввал аз зану фарзанд ва ҳатто модари худ мункир шуд, вале баъдан модарашро гӯё “шинохт.”
Диловар, яке аз тоҷирони дискфурӯш мегӯяд, ор медонад, ки чунин навори «беномусӣ»-и марди тоҷикро ба фурӯш барорад. Вай гуфт, «барои фурӯхтани чунин диск виҷдони ман намебардорад. Чунки рафтори қаҳрамони ин барнома ба нангу номуси мардӣ рост намеояд. Майлаш, гӯё зану фарзанд надорад, аммо чигуна мегӯӣ, ки модар надорам, вақте модарат дар қайди ҳаёт аст? Ин ба мусулмонӣ ҳеҷ рост намеояд. Бардари ман низ 8 сол инҷониб дар Русия буд ва ҳафтаи пеш ба ватан баргашт. Ҳоло як дона аз ҳамин дискро барои ӯ бурдам, ки тамошо кунад.»
Мастона Ризоева, сокини пойтахтро садои қаҳрамони ин барнома, ки дар яке аз дискфурӯшиҳо баланд гузошта шуда буд, ба назди ин дӯкон овард. Ӯ мегӯяд, ҳарчанд ин барномаро мустақиман тариқи шабакаи аввали Русия тамошо накардааст, аммо сӯҳбатҳои зиёд дар ин бора таваҷҷӯҳи ӯро низ барангехт. Ин ҳамсӯҳбати мо мегӯяд, «дирӯз вақте писарам аз Русия омад, аввал дар бораи рафтори Саид гуфт, ки боиси шармандагии тоҷикон дар Русия шудааст. Ин воқеан номардист, вақте рӯирост аз зану фарзандат рӯ мегардонӣ. Ҳоло ҳар ҷое наравед, дар ҳамин мавзӯъ сӯҳбат мекунанд. Ҳама дар ҳайрат мондаанд, ки наход чунин корро дар нисбати оилаат раво бинӣ? Баъд аз тамошои ин барнома дигар аз шавҳару писаронамон, ки барои кор ба Русия мераванд, нигаронем.»
Бархе аз шаҳрвандон бар инанд, ки мебоист чунин барнома вокуниши мақомоти Тоҷикистонро ба бор меовард, зеро саргузашти Саид ба садҳо муҳоҷири тоҷик рабт мегирад. Ниҳодҳои ахлоқӣ ва мазҳабӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ низ аз вокуниш ба қазия худдорӣ намуданд ва касе роҳу чораҳои таҳкими оилаи тоҷикиро ба баҳс намекашад. Аммо дискҳои намоиш баста-баста ба фурӯш мераванд ва баҳсеро дар муҳити хонаводаҳо бапо мекунанд.
Аммо мақомот хеле зуд ба фурӯши навори барномаи «Пусть говорят» вокуниш нишон доданд ва мегӯянд, нусхабардорӣ ва нашри он ғайриқононунист. Аммо ҳанӯз дастуре барои ҷамъоварии онҳо аз дуконҳо содир нашудааст.
Раиси Иттиҳоди синамогарони Тоҷикистон Сафари Ҳақдод мегӯяд, чун Тоҷикистон ба Созмони ҷаҳонии тиҷорат пайваст, бояд меъёрҳои байналмилалиро риоя кунад ва ба воридот ё тавлиди наворҳои тақаллубӣ роҳ надиҳад. Вай ҳамчунин гуфт, «талаботи муҳимтарин ба ҳукумат ва сохторҳои ҳуқуқи муаллифи ҳамин бозори зеҳнӣ ва эҷодӣ аст. Дар сурати ҷорӣ шудани ин талабот маҷбуранд, тамоми ин дӯконҳоро бибанданд.»
Ин нашри барномаи «Пусть говорят»-и Андрей Малахов бо ширкати Саид Шарипов аз тарафи шабакаи аввали Русия низ яке аз сербинандатаринҳо унвон шуд ва гуфта мешавад, он ҳатто аз барномаҳои моҷароомез бо ширкати овозхони машҳур Алла Пугачева дида, бинандаи бештар ҷалб кардааст.
Танҳо нашри расмии ин барнома дар шабакаи YouTube-ро то имрӯз 166 793 нафар тамошо кардаанд. Ин ба истисно даҳҳо нусхаи ин барнома аст, ки тавассути корбарони дигар дар ин шабака гузошта шуда, ҳар кадомаш диққати ҳазорон бинандаи дигарро ҷалб кардааст.