Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳоҷире мехоҳад Андрей Малаховро ба додгоҳ кашад


Андрей Малахов дар намоиши телевизионии шабакаи аввали Русия -- “Пусть говорят”
Андрей Малахов дар намоиши телевизионии шабакаи аввали Русия -- “Пусть говорят”

Моҷарои марбут ба як муҳоҷири самарқандӣ паспардаи намоиши телевизионии Андрей Малаховро боз кард.

Муҳоҷири 31-сола аз ноҳияи Пастдарғоми вилояти Самарқанди Узбакистон, Ёрқин Тиллоев, яке аз пурбинандатарин намоишҳои телевизионии шабакаи аввали Русия -- “Пусть говорят” ва раҳбари он Андрей Малаховро барои тӯҳмат ва паст задани шаъни инсонӣ ба додгоҳ мекашад. Шоми 9-уми феврали соли 2012 худи Малахов ва чанде аз ширкаткунандагони ин намоиш Тиллоевро “аблаҳ”, “палид” ва “ҷинояткор” номиданд.

Хулосаи намоиш низ ин буд, ки “гастарбайтер” Ёрқин Тиллоев ба хонаи марди 93-сола, собиқадори Ҷанги Ҷаҳонии Дуюм, сарҳанги бознишаста Николай Мелников ворид шуда, ӯро латукӯб кардааст ва ордену медалҳои ҷангии ӯро рабудааст. Малахов аз оғози намоиш Ёрқин Тиллоевро, ки ҳанӯз танҳо ҳамчун гумонбар боздошт шуда буд, “ҷинояткор” номид ва талоши чанд нафарро, ки мегуфтанд, танҳо мурофиаи додгоҳӣ ҳақиқатро ошкор хоҳад кард, саркӯб намуд.

Аммо додгоҳи шаҳри Калининград муайян кард, ки барои боздошти шаҳрванди Узбакистон, Ёрқин Тиллоев бо иттиҳоми даст доштан дар қазияи ғорат ва латукӯби Николай Мелников далели кофӣ мавҷуд нест. Бо ин ҳукм Тиллоев аз ҳабс озод шуд ва маълум нест, додситонҳо парвандаи зиджди ӯро идома хоҳанд дод ё на. Ин дар ҳолест, ки шабакаи аввали телевизиони Русия моҳҳо пеш аз мурофиа Тиллоевро гунаҳкор донист ва нуктае дар ёди миллионҳо нафар аз бинандагон монд, ки муҳоҷирон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ метавонанд, ба пирони бечора ҳамла ва онҳоро бераҳмона латукӯб кунанд.

Андрей Малахов ва ҳамкорони ӯ дар намоиши телевизионии “Пусть говорят” аз шарҳи воқеа худдорӣ карданд, аммо Ёрқин Тиллоев ба Бахши узбакии Радиои Озодӣ гуфт, ҳамеша бовар дошт, ки бегуноҳии ӯ исбот хоҳад шуд. Вай ҳикоят кард, ки ӯро ҳангоми бозгашт аз дӯкон дар кӯча боздошт кардаву ба манзили Мелников бурдаанд ва пирамард дар мулоқоти аввал ӯро нашинохта, ба полис фақат гуфтааст, ки ӯ ба ғоратгари манзилаш шабоҳат дорад. Аммо як корманди полис пайи пой дар манзилро бо пойи Ёрқин қиёс карда, гуфтааст: “Не он.”

Бо вуҷуди ин Тиллоевро боздошт кардаанд ва ҳангоми кофтукови хобгоҳаш чанд қоғаз ва аз ҷайби нимтанааш соати Мелниковро пайдо кардаанд. Ин сабаб шудааст, ки ӯ гумонбар дониста шуда, 7 моҳу 20 рӯзро дар маҳбас ба сар бурдааст. Вай мегӯяд, шояд кормандони полис ин ашёро дар манзили ӯ партофта, сипас “ёфтаанд” ё шояд онҳо аз либосҳое, ки ӯ дар ахлотқуттиҳо пайдо карда, мепӯшид, берун омадаанд. Вакили Тиллоев, Сергей Мясоедов, мегӯяд, кормандони полиси Русия дар аввалин лаҳзаҳои боздошти Тиллоев калиди манзилашро мусодира кардаанд ва бо худ доштаанд.

Собиқадори ҷанги ҷаҳонӣ Мелников дар пурсиши аввал гуфтааст, вай хоб буд ва манзилаш ҳам торик. Биноан, надидааст, ки ду ғоратгар чӣ симое доштанд. Вай азфдуааст, ғоратгарон ӯро ба замин пахш кардаву чандин ордену медал ва силоҳи шахсияшро бурдаанд. Ҳеҷ кадом аз ин нишонҳо ва аслиҳа дар манзили Ёрқин Тиллоев ёфт нашудааст.

Ёрқин забони русиро хуб намедонист. Вай ҳамагӣ то синфи ҳашт хонда, дар деҳаи Бахшибойи ноҳияи Пастдарғоми Самарқанд чӯпон буд ва сахтиҳои зиндагӣ маҷбураш кардаанд, ба назди бародараш ба Калинингради Русия ҳиҷрат кунад. Дар оилае иборат аз се писар ва панҷ духтар ӯ аз ҳама хурдӣ буд ва мехост, ба модари пираш ёрдам кунад. Вай мегӯяд, аз ҳама аламовараш ин буд, ки наздикони ӯро ба студияи шабакаи аввали телевизиони Русия оварда, онҳоро фиреб додаанд, ки агар бо гиряву нола дар назди Мелников зону зананд ва узр пурсанд, Ёрқин озод хоҳад шуд. Ба гуфтаи Ёрқин, ӯро ҳанӯз пеш аз мурофиаи додгоҳ мехостанд, маҳкум кунанд ё бо ин роҳ ба додгоҳ фишор оранд, то ӯро муҷозот намояд.





Дар яке аз барномаҳои дигараш Андрей Малахов шаҳрванди Тоҷикистон, Ҳабибулло Дадахоновро ба он айбдор карда буд, ки ҳамсари 14-солаашро мавриди латукӯб қарор медиҳад. Дар ин намоиш Ҳабибулло, ки ба забони русӣ хуб сӯҳбат мекард, ин овозаҳоро беасос номид.
XS
SM
MD
LG