Дар Қрим, ки соли 2014 аз тарафи Русия ишғол шуд, ҷамъияти тоҷиконро таъсис доданд. Маросими муаррифии созмон рӯзи 21-уми март дар шаҳри Симферопол гузаштааст.
Нимҷазираи Қрим, ки то 16-уми марти соли 2014 дар ҳудуди Украина буд, аз ҷониби Русия ғасб шуд.
Раҳбари созмон Ҳаким Мирзоев рӯзи 22-юми март дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҷамъияти тоҷикон аз тарафи Вазорати адлия сабтином шуда, инчунин, ба узвияти созмони “Хонаи дӯстии халқҳои Қрим” шомил гардидааст. То ба имрӯз дар ин иттиҳодия ҷамъияти миллии озариҳо, итолиёиҳо, булғорҳо, юнониҳо ва ғайра фаъолият мекарданд.
874 тоҷик - дар Қрим
Ҳаким Мирзоев гуфт, "аз рӯи омори Қрим, 874 тоҷик дар инҷо зиндагӣ мекунанд. Ҳамаи онҳо шаҳрвандони Русия ҳастанд. Ин афроде, ки расман сабтином шудаанд. Дар асл шояд шумори тоҷиконе, ки дар инҷо зиндагӣ мекунанд, то ду-се ҳазор нафар расад."
Ба қавли Ҳаким Мирзоев, талошҳо барои таъсису сабтиноми ҷамъияти тоҷикон ду сол идома кард. Ӯ гуфт, кор дар ҷамъияти тоҷикон барои ҳифзу нигаҳдорӣ ва муаррифии анъанаҳои мардуми тоҷик, огоҳ кардани фарзандон аз решаҳои миллӣ ва ҳам таълими дарсҳои тоҷикӣ равона мешавад.
Аз ҷониби дигар, тоҷикони маҳаллӣ мисли нуқтаҳои дигари Русия дар пешбурди дурусти кор, аз ҷумла, гирифтани патенту иҷозатномаи иқомат ва таҳияи ҳуҷҷатҳои дигар мушкил доштаанд. Масъалаи дигар маргумир ва ташкили ирсоли ҷасади муҳоҷирон ба ватан будааст. "Масалан, зане ҳаст тоҷик ва шавҳараш аз тоторҳои Қрим. Ду фарзанди ноболиғ дорад. Санадҳояшон мушкил дорад ва мақомот гуфтанд, ки бояд ин занро аз инҷо ихроҷ кунанд. Ман ба ин қазия дахолат карда, ба онҳо дар бораи конвенсияҳо ва дигар ҳуқуқи байналмилалии шаҳрвандон ёдовар шудам. Онҳо ҳақ надоранд, ӯро депортатсия кунанд. Ингуна мисолҳо зиёданд", - афзуд Ҳаким Мирзоев.
Қрим аз Украина буд, аз Русия шуд?
Барои кумак дар таъмини ҳуқуқи тоҷикон дар Қрим, ба гуфтаи Мирзоев, ҷамъият ҳамакнун бо тамоми сохторҳои ҳукуматӣ, бахусус сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ҳамкорӣ мекунад.
Русия дар солҳои истиқлолият ба макони аслии кору даромади як миллион шаҳрванди Тоҷикистон табдил шуд.
Нимҷазираи Қрим, ки то 16-уми марти соли 2014 дар ҳудуди Украина буд, аз ҷониби Русия ғасб шуд. Маскав гуфт, бар асоси референдум ва хости мардум Қримро ба ҳудуди худ ворид кард, вале Киев ва ҷомеи ҷаҳонӣ ин амали Маскавро ҳамчун таҷовуз ба тамомияти арзии Украина маҳкум карданд. Дар шарқи Украина аз соли 2014 ба ин тараф низоъҳои мусаллаҳонаи миёни нирӯҳои давлатӣ ва ҷудоиталабони рӯ ба Кремл ҷараён дорад.
Дар посух ба ин амалҳои Маскав Ғарбу Аврупо нисбат ба Русия ва мақомдорони баландпояаш таҳримҳои сиёсиву иқтисодӣ ҷорӣ карданд. Вале Маскав ба дурустии ин амали худ пофишорӣ мекунад. СММ ва дигар созмонҳои байналмилалӣ Қримро бахше аз Украина эътироф мекунад.
Муттафиқони суннатии Русия дар қаламрави Шӯравии пешин зоҳиран аз ин иқдоми Маскав хушнуд нестанд.
Ҳаким Мирзоев: Аз солҳои 90-ум дар Қрим
Русия дар солҳои истиқлолият ба макони аслии кору даромади як миллион шаҳрванди Тоҷикистон табдил шуд. То соли 2013 аз ҳисоби муҳоҷирони корӣ ба кишвар ҳудудан 4 миллиард доллар ворид мешуд ва баъди ғасби Қриму таҳрими иқтисодӣ, ин даромадҳо ду баробар коҳиш ёфт.
Ҳаким Мирзоев дар робита бо даъвоҳои атрофи мақоми ҳуқуқии Қрим гуфт, он тоҷиконе, ки дар гузашта шаҳрванди Украина буданду ҳоло шаҳрванди Русия маҳсуб мешаванд, “аз вазъи худ розӣ ҳастанд ва ҳеч шикоят надоранд”.
Худи Мирзоев гуфт, аз солҳои 90-ум дар Украина зиндагӣ карда, дар гузашта ба ҳайси додрас кор кардааст. Ҳоло, ба гуфтааш, бознишаста аст ва имкон дорад, ки пурра бо кори ҷамъияти тоҷикон машғул шавад. Вай гуфт, дар тамоми ин муддат бо ҳамватанон ва дар хонавода ба забони тоҷикӣ муошират карда, фарзандонашро ҳам дар ҳамин рӯҳия тарбия кардааст. Раиси ҷамъияти нави тоҷикони Қрим гуфт, ин минтақа серқавму сермиллат буда, аз назари муҳити зиндагиву кор созгор аст.