Олга Безбородова, мураттиб ва созмондиҳандаи чопи китоб дар Волгоград 20 нусхаи онро барои шоир ба сафорати Тоҷикистон дар Маскав фиристод ва ҳоло ин китобҳо тавассути вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон ба дасти муаллиф расидааст.
Олга Безбородова дар як сӯҳбати телефонӣ ба радиои Озодӣ гуфт, онҳо китоби “Голоса Сталинград”-ро барои фурӯш бознашр накардаанд ва аз он ноширон ва муаллиф ҳаққи қалам дарёфт нахоҳанд кард. Ин китоб бозтоби қаҳрамониҳо ва сафҳаи пурҷилои таърихи набардҳо дар ин шаҳр аст. Хонум Безбородова мегӯяд, чун ин китоб ҳар сол аз даст ба даст меравад ва барои наслҳои ҷавон камёфт шудааст, онҳо бо шаҳрдорӣ тасмим гирифтанд, ки баъди бознашр онро дар мактабҳову китобхонаҳо ба таври ройгон чун сарчашмаи муҳими муҳорибаҳо тақсим кунанд. Олга Безбородова мудири “Клуб Интернациональной Дружбы” яке аз муассисаҳои фарҳангии шогирдони мактабҳои Волгоград аст. Вай мегӯяд, ки ин достонро дӯст медорад: “Аввал, ман ошиқи ин китобам. Суоле пеш меод, ки чаро“Клуб Интернациональной Дружбы” Мӯъмин Қаноат ва ин достонро дӯст медоранд? Барои он ки ин достон беҳтарин асар дар бораи Сталинград аст, ки дар давоми 70 сол эҷод шудааст. Ман ҳамин тавр мешуморам”.
Хонум Безбородова бори аввал достони “Сурӯши Сталинград”-ро соли 1973 ба забони русӣ дар маҷаллаи “Юность” хондааст. Вай мегӯяд, таассуроте, ки аз нахустин қироати достон дар зеҳнаш нақш баст, вайро водор сохт, ки аз он солҳо ба баъд озмунҳои хониши ҳунарии ин достонро тавассути клуб ё бошгоҳи худ созмон диҳад.
Дар солгарди санаҳои муҳими шаҳри Сталинград, аз ҷумла дар остонаи 70 солагии пирӯзӣ дар муҳорибаи Сталинград ва дар 80-умин солгарди Мӯъмин Қаноат ин достонро ба қисматҳо ҷудо ва ба шогирдони мактабҳо тақсим карданд. Шогирдони мактабҳо дар озмун қисматҳои мухталифи достонро дар маросимҳои марбут ба ин солгардҳо қироат намуданд.
Дар ин достон муаллиф таваллуди кӯдакеро тавсиф мекунад, ки дар рӯзҳои набарди Сталинград ё Волгогради кунунӣ дар таҳхонаи яке аз биноҳои шаҳр ба дунё меояд. Кӯдак дар ҳоле ба дунё меояд, ки дар берун садои тӯпу тонк ба фазо мепечид. Дар он рӯзҳо дар ин шаҳр ба истилоҳ “дивизияи тоҷикон” бар зидди нируҳои душман ҷанг мекард ва ҷанговарон баъд аз шунидани хабари таваллуди кӯдак дар чунин шароит ба кӯмаки модару кӯдаки навзод шитофтанд. Кӯдак аз оташи ҷанг наҷот ёфт ва ба камол расид. Бо вуҷуди ин ки ба вай Зина ё Зинаида ном ниҳоданд, вай номи дигари тоҷикӣ ҳам дорад. Шоир ҷанбаҳои инсонии ин лаҳзаҳоро дар достони худ тасвир кардааст.
Зинаида Селезнёва ҳоло солманд аст ва мо вайро дар шаҳри Волгоград телефонӣ пайдо кардем ва аз худаш ин саргузаштро пурсидем: “Вай (Мӯъмин Қаноат) аз ин саргузашт огаҳӣ пайдо кард ва ба Волгоград омад. Дар ин ҷо зиндагӣ кард ва ин достонро навишт. Дар таҳхонаи “Дом Павлова” кӯдаке ба дунё омад. Он кӯдак ман будам. Ба ман Зина ном ниҳоданд, вале ман худро “Зиндагӣ” мондам, дар тарҷумаи тоҷикӣ маънояш “Зиндагӣ ё Ҳаёт” аст”.
“Дивизияи тоҷикон” аз ҳисоби тоҷикону русҳо ва узбакҳо дар Тоҷикистон ташаккул ёфта буд ва аз он ҷо ба ҷабҳа рафт. Дар набардҳои назди Маскав ин лашкар шумораи зиёди размандагони худро талаф дод ва бори дигар дар он ҷо онро такмил карданд ва ба набардҳои Волгоград фиристоданд. Аз ин дивизия ё лашкар корномаҳои зиёде дар хотираи аҳолии ин шаҳр боқӣ мондааст ва дар рӯзҳои набард касе намедонист, ки он ба истилоҳ “Дивизияи тоҷикон” аст, балки гумони ғолиб ин буд, ки онҳо казакҳои лаби Дон ҳастанд.
Намунаҳое аз ҷанбаҳои башарӣ ё ба истилоҳи маъруфи даврони Шӯравӣ “Дӯстии халқҳо” дар осори шоирону нависандагони вақт хеле зиёд аст. Дар баробари Мӯъмин Қаноат намояндагони адабиёти ҳамаи кишварҳои Шӯравии пешин бо чунин намунаҳо аз ваҳдати “як халқ”-халқи Шӯравӣ достонҳо сурудаанд. Дар ин достонҳо аз миллияти қаҳрамонони набардҳо тақрибан ёдоварӣ намешуд. Ба вижа баъд аз фурӯпошии Шӯравӣ Русия ба унвони меросбари Шӯравии пешин муддате ин мавзӯъ ва корномаи қаҳрамонону ҷанговаронро фаромӯш кард.
Онҳо дар кишварҳои пошхӯрда дар охирин солҳои ҳаёти худ хор ва ба мушкилиҳои зист дучор шуданд. Вале ифтихори ҷоннисориҳои онҳо ва ғалабаи онҳо дар Ҷанги Дуввуми Ҷаҳониро ҳамоно Русия аз минбарҳои баланди байналмиллалӣ “тараннум” мекард. Дар ин рӯзҳо низ зуд-зуд дар матбуоти Русия ба ин маънӣ мақолаҳо ба нашр мерасанд. Вале ҳамзамон талошҳои дигари Русия барои ҷалби бештари кишварҳои Шӯравии пешин ба иҷрои барномаҳои стратегиаш пинҳон намемонад.
Баъд аз пеш омадани бӯҳрон дар муносиботи Русия бо Ғарб акнун аломатҳое мушоҳида мешавад, ки ин кишвар бо баргузории ҳар гуна тадбирҳо мехоҳад ҳамон “Дӯстии халқҳоро” зинда кунад ва дубора “оби рехта”ро ҷамъ орад. Зинда кардани анъанаҳои даврони Шӯравӣ ва ҷалби кишварҳои пешини ин густара ба ҳар гуна барномаҳои гӯё ночизу муштарак, аз қабили тақсими “Лентаҳои Георгий”, гузоштани “Лавҳаҳои ёдгорӣ” барои поси хотираи қурбониёни Ҷанги Дуввуми Ҷаҳонӣ ва муҳимтар аз ҳама содда кардани дарёфти шаҳрвандии Русия дар пасманзаи бӯҳрони Қрим дар Украина ва пеш омадани мушкил дар муносибот бо кишварҳои ғарбӣ Русияро ба таври ҷиддӣ ба ёди кишварҳои Шӯравии пешин андохтааст. Вале чӣ тавр?
Бурихон Нурмуҳаммадов, раиси пажуҳишгоҳи мутолеоти иҷтимоӣ дар Алмаатои Қазоқистон мегӯяд, ҳоло худи Русия бо чунин талошҳояш намедонад, ки чӣ мехоҳад: “Талошҳои кунунӣ барои бахшидани суръати нав ба раванди ҳамагароӣ ба он иртибот дорад, ки дар баъзе аз доираҳо мехоҳанд нуфузу контроли пешин бар баъзе аз сарзаминҳоро барқарор кунанд: "Чунин талошҳо, албатта, ба нокомӣ рӯ ба рӯ хоҳанд шуд. Сабабаш ин аст, ки ҷаҳон тағйир кардааст, аз ҷумла ҳамсояҳои наздик тағйир ёфтаанд ва ин ҳамсояҳо ҳам барои изҳори ақидаи худ ва пайдо кардани роҳҳои рушди худ ҳақ доранд”.
Украина аз ҷумлаи чунин ҳамсояҳост, ки имрӯз Русия мехоҳад ҳаққи рушди мустақилонаро аз он бигирад. Ба ин далел дар қаламрави Украина-кишваре, ки дар солҳои Ҷанги Дуввуми Ҷаҳонӣ дар он оташи ҷанг фурӯзон буд, ҳоло дубора аслиҳа ба садо даромадааст ва боз ҳам сару садоҳо дар бораи барқарории империяи пешини Шӯравӣ дар “шакли нав” ба гӯш мерасад. Оқои Нурмуҳаммадов мегӯяд, пайвастани Қрим ба Русия он қадр ғайриинтизор ва он қадр зуд буд, ки суолҳои зиёдеро ба миён овардааст.
Шоир Мӯъмин Қаноат-барандаи Ҷоизаи Давлатии Иттиҳоди Шӯравӣ чунин вазъро барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳушдоре медонад ва мегӯяд, мардум дар ин маврид бояд аз ақлу хиради худ кор бигиранд: “Ин ишоратҳо ҳушдор медиҳанд моро ва ҷомеаи ҷаҳониро, ки Ҷанги Дуввуми Ҷаҳонӣ барои мардуми Шӯравӣ, барои кулли ҷаҳон он қадр талафоти ҷониву молӣ расонд, ки дигар ҳамон хало то имрӯз пур намешавад. Аз хатаре, ки ба башарият таҳдид мекунад, пешгирӣ бояд кард. Ҳамон чизе, ки дар ихтиёри башарият мондааст, яъне ҳамон ақлу хираду таҷрибаву гузаштан аз ҷангҳо бояд ба кор ояд. Як фазое ба вуҷуд омадааст, ки мардуми ҷаҳон бояд бо ҳам мушкилоти башариятро ҳал кунанд”.
Оқои Нурмуҳаммадов мегӯяд, Русия ҳеҷ гуна барномаи рушди муттамаддин ва қобили қабул ба ҳамсояҳои худ пешниҳод намекунад, то чунин барномаҳо мавриди таваҷҷуҳи ҳамсояҳо, яъне кишварҳои Шӯравии пешин қарор бигирад. Русия чунин тарҳе надорад. Ба ин далел дар талошҳои худ барои баргардонидани “сарзамини русҳо” ё барқарор карданип империяи пешин муваффақ нахоҳад шуд. Русия наметавонад эътибори худро дар арсаи байналмиллалӣ бо зӯри нерӯ боло бибарад, баръакс бо рафтораш дар Украина эътибори худро аз даст дод ва маълум нест, ки чӣ тарз ин кишвар аз муҳосираи амиқи байналмиллалӣ берун хоҳад рафт.