Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кушта шудани чанд тоҷики узви ДИИШ дар Ироқ


Дар миёни кушташудагони гурӯҳи "Давлати исломӣ" дар минтақаи Макҳули Ироқ, шаҳрванди Тоҷикистон низ будаанд.

Хабаргузории давлатии Эрон -- ИРНА рӯзи 27-уми феврал аз қавли Абу Аббос, яке аз фармондеҳони умдаи "хезишҳои мардумӣ" дар минтақаи Макҳули Ироқ навиштааст, ки ҳафтаи гузашта дар набард бо нерӯҳои таҳти фармони ӯ, ҳудуди 30 нафар аз афроди гурӯҳи "Давлати исломӣ" кушта шуданд, ки дар миёни онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон, Чеченистон ва Фаронса низ будаанд. Дар хабар шумораи дақиқи атбои Тоҷикистон, ки дар ин ҳамла кушта шудаанд, гуфта нашудааст.

Ин фармондеҳи ироқӣ, ки нерӯҳои таҳти фармонаш роҳи аслии Тикрит-Шарқотро назорат мекунанд, ба хабаргузории ИРНА гуфтааст, нерӯҳои гурӯҳи "Давлати исломӣ", ки баландиҳои шимолии минтақаро дар ихтиёр доранд, ҳафтаи гузашта як ҳамлаи созмонёфта ташкил намуд ва талош кард, пойгоҳҳои ба гуфтаи ӯ, нерӯҳои мардумиро аз байн бибаранд, аммо ба муқовимати сахт рӯбарӯ шуда ва талафоти зиёд додааст. Вай гуфтааст, ки дар ин минтақа шумораи зиёде аз афроди хориҷӣ ҳузур доранд, ки дар миёни кушташудагон ин ҳамла, шаҳрвандони Тоҷикистон, Чеченистон ва Фаронса низ мебошанд.

Ин фармондеҳи нерӯҳои мардумӣ дар Ироқ гуфтааст, ки гурӯҳи "Давлати исломӣ" ба хотири ин шикаст, фармондеҳи минтақаи Макҳулро тағйир дод ва ба ҷои фармондеҳи чеченӣ, яке аз афроди ироқии худро баргузидааст. Ба иттилои ин манбаъ, аз ин қабл, бинобар кӯҳистонӣ будани ин минтақа, гурӯҳи "Давлати исломӣ" чеченҳоро фармондеҳи ҷангӣ дар ин минтақа таъйин мекард.

Аммо тасдиқи ин хабар ва кушта шудани шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла тоҷикҳо, тавассути манобеи дигар дар Ироқ, имкон надорад.

Макҳул дар шимоли вилояти Салоҳиддин минтақаи кӯҳистонист, ки ба назари коршиносон, яке аз муҳимтарин монеаҳо барои вуруди нерӯҳои давлатии Ироқ ба шаҳрҳои Аш-Шарқот ва Мавсил ба шумор меравад. Ин минтақа ҳамчун дарвозаи ҷанубии шаҳри Мавсил низ шинохта мешавад.

Гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" ҳудуди се сол қабл дар Ироқ аз сӯи Абубакр Ал-Бағдодӣ таъсис ёфт ва ҳоло қаламрави зиёде аз Сурия ва Ироқро дар ихтиёр дорад. Шаҳри нафтхези Мавсил дар Ироқ ва Риққа дар Сурия аз пойгоҳҳои аслии ин гурӯҳ ба шумор мераванд. Ин гурӯҳ дар ин ду кишвари арабӣ ҳазорон ҷангҷӯи хориҷиро ҷалб кардааст, ки дар миёни онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон низ мебошанд.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, аз кишвар дар маҷмӯъ ҳудуди 1000 нафар ба Сурияву Ироқ рафта, ба сафи гурӯҳҳои тундрав, аз ҷумла гурӯҳи "Давлати исломӣ" пайваста, то имрӯз 148 шаҳрванди тоҷик дар он ду кишвари арабӣ кушта шудаанд.

XS
SM
MD
LG