Додгоҳи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Адолат Шербекова, сокини 60-солаи ноҳияи Қубодиёнро ҳамроҳ бо ду келинаш – Дилафрӯзу Олмахон ва як сокини Исфара Қумрӣ Мӯъминова ба ҷурми қасди сафар ба Сурия мутаносибан аз 5 то 6 соли зиндон маҳкум кардааст. Ин ҳукм рӯзи 17 феврали соли ҷорӣ содир шуда, вале манобеи додгоҳ танҳо 25 феврал дар сӯҳбат бо Озодӣ ин хабарро тасдиқ намуданд.
Мирзо Одиназода, додраси парванда, ба далели он ки ҳукм ҳанӯз мавриди иҷро қарор нагирифтааст, дар ин бора тафсилот надод. Аммо як манбаи Озодӣ гуфт, ки ин чаҳор зан бо даъвати яке аз писарони Адолат Шербекова қасди сафар ба Сурияро доштаанд.
Ба иттилои манбаъ, ин занҳо бар асоси ду моддаи қонуни ҷиноии Тоҷикистон, аз ҷумла убури ғайриқонунии марз айбдор шуда, кӯдакони хурдсоли Дилафрӯзу Олмахон Шербековаҳо ва Қумрӣ Мӯъминова, ки ҳатто яке аз онҳо ҳамагӣ як сол доштааст, барои тарбият ва нигоҳубин ба дасти бибиҳои модариашон супурда шудаанд. Ҷузъиёти аз ин бештари қазияи чор зани ба қавли мақомот роҳии Сурия ҳанӯз мушаххас нест.
Қаблан мақомоти вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо нашри изҳороти расмӣ гуфта буданд, ки Адолат Шербекова ҳамроҳи ду келинаш ва як сокини Исфара Қумрӣ Мӯъминова ҳамроҳи чаҳор кӯдаки хурдсол дар наздикии марзи Қирғизистон боздошт шудаанд. Ба иттилои мақомот, ду шаҳрванди Қирғизистон - Ҷаҳонгир Курмишев ва Канибек Мийманов - қасд доштаанд, ки ин занҳоро аввал ба кишвари худ ва сипас ба Сурия фиристанд.
Дар пайи ин ҳодиса мақомоти Тоҷикистон Ҷаҳонгир ва Канибекро бозлошт карда, дертар онҳоро ба кишварашон истирдод намуданд. Вазорати корҳои дохилӣ гуфта буд, “шаҳрвандони боздоштшудаи Қирғизистон қасд доштаанд, сокинони Қубодиён ва Исфараро ғайриқонунӣ аз хатти сарҳади Тоҷикистон гузаронда, ба шаҳри Бишкек дастрас намуда, бо тайёр намудани ҳуҷҷатҳои қалбакии тасдиқкунандаи шахсият ба воситаи ҳавопаймо аз фурудгоҳи Бишкек ба Туркия ва сипас дар оянда бо мақсади иштирок дар воҳидҳои мусаллаҳ, задухӯрдҳои мусаллаҳона ва амалиёти ҷангӣ ба Сурия сафарбар намоянд.”
Бар пояи омори расмӣ, беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон аз роҳҳои гуногун худро то Ироқу Сурия расонда, то имрӯз даҳҳо тани онҳо кушта шудаанд. Ҳамчунин ҳудуди 60 тан аз шаҳрвандони тоҷик бо эҳсоси пушаймонӣ аз “Давлати исломӣ” аз Сурияву Ироқ ба ватан баргаштанд ва даҳҳо нафари дигар ҳангоми қасди сафар ба “ҷиҳод” дар хоки Тоҷикистону Туркия боздошт шуданд.
Мақомоти тоҷик мегӯянд, аксари ин афрод ҳнгоми муҳоҷирати корӣ дар Русия бо роҳи Туркия ба Сурия рафтаанд. Ҳамзамон боздошти чандин шаҳрвандони тоҷик, ки бо роҳи Қирғизистон роҳ сӯи Сурияву Ироқу Фаластин доштанд, ҳокист, ки роҳи Исфараву Ӯшу Бишкек барои шаҳрвандони тоҷик як масири асосии хориҷ шудан аз Тоҷикистон маҳсуб меёбад.
Марзҳои байни ин ду кишвар барои убуру мурури шаҳрвандонашон боз аст ва таксиронҳои тоҷику қирғиз сокинонро аз Исфараву Бодканд бидуни мамониат то Ӯш ва Бишкек бурда меоранд. Ҳамчунин сафар ба кишварҳои дигар бо роҳи ҳавоии Қирғизистон арзонтар аст, аз ин рӯ бархе шаҳрвандони тоҷик ба кишварҳои Туркияву Русия аз майдонҳои ҳавоии Ӯшу Бишкек сафар мекунанд.
Моҳи сентябри соли 2014 пулиси қирғиз дар фурудгоҳи шаҳри Ӯш, ҷануби Қирғизистон, Комил Раҳматов -- сокини ноҳияи Спитмени Тоҷикистонро бар асоси маълумоти фаврии ҳамтоёни тоҷики худ дастгир кард, ки дар даст билети парвоз то Туркияро дошта, қасди "ҷиҳод" дар Фаластинро дошт. Вай ба пулиси қирғиз гуфтааст, ки гови худро фурӯхта, то Туркия билет гирифт.
Пештар аз он, Насиба Фаттоева, зане аз Исфара, ки мехост бо ду кӯдак ва саввумӣ дар батнаш ба назди шавҳараш, ки дар Сурия меҷангид равад, аз марзи Қирғизистон ақиб гардонда шуд.