Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барои чанд қуттӣ арбидол. Кушта шудани Дилмурод аз тири марзбонҳои узбак


Яке аз қитъаҳои марзи Узбакистон
Яке аз қитъаҳои марзи Узбакистон

Марзбонҳои Узбакистон ахиран дар марзи ин кишвар бо Тоҷикистон як нафари гумонбар ба сарҳадшиканиро паррондаанд.

Бино ба хабарҳо, як сокини 32-солаи вилояти Сурхондарёи Узбакистон дар марзи ин кишвар бо Тоҷикистон аз тири марзбонҳои узбак кушта шудааст. Дилмурод Бозоров, соли таваллудаш 1982, ҳанӯз шоми 3 март дар як минтақаи кӯҳистонии марзи ноҳияи Узуни вилояти Сурхондарё бо ноҳияи Турсунзодаи Тоҷикистон ҳадафи тир қарор гирифтааст. Манобеи Радиои Озодӣ мегӯянд, ҳамроҳ бо Дилмурод Бозоров ду нафари дигар ҳам будаанд, вале онҳо тавонистаанд фирор кунанд.

Мақомоти Кумитаи давлатии марзбонии Хадамоти амнияти миллии Узбакистон дар шарҳи ин ҳодиса мегӯянд, ки ин се нафар сарҳадшикан буданд ва мехостанд бо роҳи қочоқӣ аз Тоҷикистон ба Узбакистон дорувор ворид кунанд.

Дилмурод Бозоров сокини рустои Точопари ноҳияи бо Тоҷикистон ҳаммарзи Узун буда, чун аксари сокинони манотиқи воқеъ дар ҳошияи марзи тӯлонии Тоҷикистону Узбакистон ба додугирифт ва тиҷорат бо сокинони он тарафи марз машғул будааст.

Манбаи Радиои Озодӣ дар Кумитаи марзбонии Узбакистон гуфт, марзшиканон 3 нафар буданд ва “онҳо мехостанд аз Тоҷикистон бо роҳи қочоқӣ арбидол ва спиралҳои занонаро ба Узбакистон ворид кунанд. Вақте онҳо ба амри марзбонҳо итоат накарданд, алайҳи онҳо тир кушоданд. Дар натиҷа Дилмурод Нуралиевич Бозоров, соли таваллудаш 1982, кушта шуд. Ду марзшикани дигар фирор карданд. Ҳоло онҳоро ҷустуҷӯ карда истодаанд.”

Арбидол (як навъ дору зидди грипп) ва спиралҳои занона дар Узбакистон ба далели баланд будани боҷу хироҷи гумрукӣ молҳои камёб ба шумор мераванд. Дилмурод Бозоров, бино ба хабарҳои дарёфтӣ, дар Узун тиҷорати дору дошт ва асосан аз Тоҷикистон дору меовард.

А.М., як сокини ноҳияи Турсунзодаи Тоҷикистон, ки бо вилояти Сурхондарё ҳаммарз аст ва садҳо нафар аз сокинонаш аз ҳисоби тиҷорати марзӣ рӯз мебаранд, дар сӯҳбат бо бахши тоҷикии Радиои Озодӣ гуфт, ин тиҷорат солтосол хатарноктар мешавад: “Худи ман ягон ду ҳафта пеш қариб буд ба дасти марзбонҳои узбак биафтам. Моламро, ки қариб ба 1000 доллар харида будам, партофтаму ҷонамро гирифта гурехтам. Аз қафоям тир заданд, вале , шукри Худо, кадом азизе дар пуштам буд, ки тир ба ман нарасид. Аз ҳамон рӯз дигар ба сарҳад набаромадаам. Гуфтам, каме “истироҳат” кунам то кам шудани тарсам.”

Ин сокини Турсунзода, ки ба шарти набурдани номаш сӯҳбат кард, гуфт, чанд омил, аз ҷумла баланд будани боҷу хироҷи гумрукии ҳам Тоҷикистону ҳам Узбакистон аз як сӯ, зиёд тӯл кашидани иҷрои расмиёт ҳангоми гузаштан аз гузаргоҳҳои расмӣ ва ҳам масъалаи виза аст, ки бисёре аз сокинони ду тарафи марз “ҷонашро дар каф гирифта” аз роҳҳои хатарноки қочоқӣ додугирифт мекунанд: “Вақтҳои охир марзбонҳои узбак хеле бераҳм шудаанд. Бовар кунед, ҳам пул мегиранд барои гузарондани бор ва ҳам марзбонҳои дигарро ба сарат мефиристанд. Як вақт бисёриҳо ҳатто бас карданд. Русия мерафтанд ба ҷои ин тиҷорати хатарнок. Вале ҳоло Русия ҳам тамом шуд, инҷо ҳам дигар коре нест ба ҷуз ҳамин. Таваккал ба Худо мекунему меравем. Охир, зиндагиро бояд пеш барем бо ягон роҳе. ”

Як сокини рустои Отчопар дар сӯҳбат бо Озодӣ тасдиқ кард, ки ҷанозаи Дилмурод Бозоровро баъди шиносоӣ дар мурдахона ба наздиконаш супурданд ва ӯро рӯзи 6 март дар зодгоҳаш дафн карданд: “Дар мурдахона пурсиданд, ки “Ин Дилмурод аст?” Баъде ки “Ҳа” гуфтанд, ҷасадашро доданд. Шаб оварданд ҷасадро ва имрӯз баъди пешин ба хок супурданд.” Ба гуфтаи ин ҳамдеҳаи Дилмурод Бозоров, ӯву шариконаш дар як минтақаи кӯҳистонӣ вақте ҳадафи тир қарор гирифтаанд, ки дорувори аз Тоҷикистон овардаашонро ба як мотосикл ваё мошини “Шевроле Каптива” бор мекарданд.

Узбакистон бо Тоҷикистон 1161 километр марзи мустақим дорад. Дар поёни солҳои 1990, баъди ду ҳамлаи нокоми ҷангиёни Ҳаракати исломии Узбакистон ба раҳбарии Ҷумъаи Намангонӣ Узбакистон бо Тоҷикистон низоми раводид (виза) ҷорӣ карда, марзҳояш бо Тоҷикистонро ҳам минакорӣ кард.

Бино ба ҳисобҳо, дар тӯли ин 15 сол дар майдонҳои минакоришудаи марзи Узбакистону Тоҷикистон беш аз 150 нафар, аксар шаҳрвандони Тоҷикистон мунфаҷир шудаанд. Аз ин миёна, бино ба омори соли 2012, 76 нафар кушта ва 87 тани дигар захмӣ шудаанд.

Ҳамин тавр, даҳҳо нафари дигар дар ин солҳо дар марзи Тоҷикистону Узбакистон бо гумони сарҳадшиканӣ аз тири марзбонҳои узбак ҷон бохта ва ё ҷароҳат бардоштаанд ва даҳҳо тани дигар дар минтақаҳои баҳсии марз низ бо гумони шикастани сарҳад дастгир ва дар Узбакистон ба солҳои тӯлонии зиндон маҳкум шудаанд.

XS
SM
MD
LG