Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафири Тоҷикистон: Ба "Коммерсант" нагуфтам, ки аз сохтмони ТАТ даст кашидем. ВИДЕО


Содиқ Имомӣ
Содиқ Имомӣ

Содиқ Имомӣ – сафири Тоҷикистон дар Узбекистон – гуфт, ки бо нашрияи "Коммерсантъ" дар бораи мавқуф гузоштани сохтмони роҳи оҳани Туркманистон-Афғонистон-Тоҷикистон суҳбат накардааст. Имомӣ рӯзи 24-уми сентябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ аз шаҳри Тошканд гуфт, ба хабарнигорон танҳо дар бораи рушди тиҷорат байни Тоҷикистону Узбекистон суҳбат карда буд.

  • "Ман чунин гапро нагуфтаам ва ягон асос надорад. Манзури мо ин буд, ки роҳҳо бо Узбекистон боз шуд, тиҷорат ва рафтуомад афзоиш ёфт. Ҳамин қадар гап буд. Дигар ин хел гапҳо набуд. Тоҷикистон ҳеҷ вақт аз ин лоиҳаҳое, ки барои рушди роҳҳои минтақавӣ равона шудааст, даст намекашад ва фаъолона дар татбиқи онҳо иштирок мекунад", - таъкид кард Содиқ Имомӣ.

Сафири Тоҷикистон дар Узбекистон, инчунин, гуфт, дар ин бора ба ҷониби Туркманистон расман посух хоҳанд дод.

Ин матлабро бо забони русӣ дар инҷо бихонед

Норозигии Туркманистон аз чист?

Вазорати корҳои хориҷии Туркманистон рӯзи 21-уми сентябр аз нияти Тоҷикистон дар мавриди мавқуф гузоштани сохтмони роҳи оҳани "Туркманистон-Афғонистон-Тоҷикистон" ибрози нигаронӣ кардааст.

Нигаронии Туркманистон аз таваққуфи сохтмони роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:51 0:00

Ҷониби Туркманистон қисмати 88-километрии ин роҳро дар қаламраваш то мавзеи Оқина сохта ва ба итмом расонд.

Ҷониби Туркманистон мегӯяд, нигаронии худро дар робита "ба вақти беҳтар мавқуф гузоштани сохтмони роҳи оҳани Туркманистон-Афғонистон-Тоҷикистон" ба мақомоти Душанбе ба таври расмӣ баён кард. Дар баёнияи Вазорати умури хориҷии Туркманистон, ки рӯзи 21-уми сентябр нашр шуд, ба гуфтаҳои Содиқ Имомӣ, сафири Тоҷикистон дар Узбекистон ишора шудааст.

Бино ба матлабе, ки нашрияи "Комерсантъ" рӯзи 20-уми сентябр нашр кард, бо такя ба қавли Содиқ Имомӣ гуфта шудааст: "Муносибати хуб бо Узбекистон Душанберо водор кард, ки идеяи сохтмони роҳи оҳани Туркманистон-Тоҷикистонро тариқи шимоли Афғонистон то вақти беҳтар мавқуф гузорад".

Ифтитоҳи қисмати аввали роҳи Туркманистон - Афғонистон - Тоҷикистон. соли 2016
Ифтитоҳи қисмати аввали роҳи Туркманистон - Афғонистон - Тоҷикистон. соли 2016

Вазорати корҳои хориҷии Туркманистон пас аз нашри ин суҳбати сафир эътирози худро ба таври расмӣ ба ҷониби Тоҷикистон баён доштааст.

Вокуниши хабарнигори "Коммерсантъ"

Кирилл Кривошеев, муаллифи мақолаи "Коммерсантъ" рӯзи 24-уми сентябр бо Радиои Озодӣ тамос гирифт ва гуфт, ки ӯ дар як конфронси ташкилкардаи мақомот Узбекистон доир ба нақлиёт дар Тошканд иштирок ва дар онҷо аз ҷумла бо сафири Тоҷикистон суҳбат дошт. Ӯ гуфт, "ман аз сафир пурсидам, дар ҳоле ки муносибати Тоҷикистон бо Узбекистон хуб мешавад, тақдири тарҳи роҳи оҳани Тоҷикистон-Туркманистон тавассути Афғонистон чӣ хоҳад шуд? Содиқ Имомӣ гуфт, ки ин тарҳ то замони мусоид мавқуф гузошта хоҳад шуд."

Кирилл Кривошеев
Кирилл Кривошеев

Кривошеев дар тасдиқи гуфтаҳояш пораи сабти суҳбаташро бо сафири Тоҷикистон дар Узбекистон дар ихтиёри Радиои Озодӣ гузошт. Бино ба он, сафир "вазъияти ноором дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон"-ро далел пеш овардааст.

Ду мушкил аз нигоҳи мақомоти тоҷик

Як мақоми баландпояи Вазорати нақлиёти Тоҷикистон, масъули сохтмони роҳи оҳани ТАТ, гуфт, онҳо аз ин тарҳ даст накашидаанд ва мушкил дар ҷои дигар аст. Ба қавли ин масъули Вазорати нақлиёт, феълан раванди муайян кардани хатти роҳи оҳан дар ҳудуди Афғонистон ва ҳам ҷустуҷӯи сармоягузор идома дорад.

"Гуфтушуниди сетарафаи мо идома дорад ва бори охир соли гузашта ҳайатҳои се кишвар бо ҳам мулоқот карда буданд. Ин тарҳ бояд аз ҳисоби сармояи хориҷӣ бунёд шавад. Лекин масъала, ки минтақавӣ аст барои хатсайрҳо бояд ризоияти ҳарду тараф бошад. Масир бо ҷониби Афғонистон, ки муайян шуд, баъд мо онро шуруъ мекунем", - афзуд ӯ.

Сафири Тоҷикистон чӣ гуфт? Туркманистон аз чӣ норозист?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:46 0:00
Линки мустақим

Масъули Вазорати нақлиёт афзуд, масири роҳи оҳани Туркманистон—Афғонистон-Тоҷикистон дар ҳудуди кишвар муайян шудааст ва танҳо бояд Афғонистон масири гузариши онро аз ҳудуди худ муайян кунад. Чун, ба қавли ҳамсуҳбати мо, ҷониби Афғонистон аз чанд масир якеро барои гузариши роҳи оҳан муайян кунад.

Идеяи сохтмони роҳи оҳани Туркманистон-Афғонистон-Тоҷикистон замоне ба миён омада буд, ки Тоҷикистон аз роҳбандони Узбекистон дар замони раёсати президент Ислом Каримов ранҷ мекашид.

Расми ифтитоҳи бунёди роҳи оҳани Туркманистон-Афғонистон-Тоҷикистон рӯзи 5-уми июни 2013 дар вилояти Лебап (Лабиоб)-и Туркманистон бо иштироки сарони се ҷумҳурӣ - Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, Ҳомиди Карзай ва Эмомалӣ Раҳмон баргузор шуда буд.

Ҷониби Туркманистон қисмати 88-километрии ин роҳро дар қаламраваш то мавзеи Оқина сохта ва ба итмом расонд.

Эмомалӣ Раҳмон ва Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов
Эмомалӣ Раҳмон ва Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов

Қарор буд, ин хатти роҳи оҳан аз Колхозобод-Дӯстӣ-Панҷи Поён дар сарҳади Тоҷикистон ибтидо гирифта, сипас, тариқи Шерхон- Бандар-Кундуз-Мазори Шариф-Шибирғон-Андхуй-Оқина ба Туркманистон расад.

Ин роҳ дар сурати сохта шудан, нахустин роҳи оҳане мешуд, ки Туркманистону Тоҷикистонро бидуни убур аз қаламрави Узбекистон бо Афғонистон мепайвандад. Тоҷикистон низ пас аз бунёди ин роҳ ният дошт аз вобастагии комил аз ширкати роҳи оҳани Узбекистон раҳо шавад.

XS
SM
MD
LG