Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Туркия роҳи 2561 шаҳрванди Тоҷикистонро ба қаламраваш баст


Вазорати умури дохилии Туркия як “рӯйхати сиёҳе”-ро иборат аз 54 ҳазор нафар нашр кард, ки дар миёни онҳо исми 2651 шаҳрванди Тоҷикистон низ ҳаст. Ин шаҳрвандони Тоҷикистон аз ҳаққи ворид шудан ба Туркия маҳрум шуданд. Чун Вазорати умури дохилии Туркия онҳоро дар робита доштан “бо террористон ва сафар ба минтақаҳои муноқиша” гумонбар медонад.

Чанде аз шаҳрвандонро барои намуна боздошт ва ба Тоҷикистон истирдод кард, вале афроди барои ДОИШ муҳиме мисли Гулмурод Ҳалимовро боздошт накард ва гузошт, ки ба Сурия раванд.

Рӯйхати сиёҳи Туркия дар ҳоле таҳия ва нашр шуд, ки дар ду соли қабл садҳо шаҳрванди Тоҷикистон белу каланд ва “шпател”-у андовачӯбро дар Русия канор гузошта, камонҳои ДОИШ-ро ба даст гирифтанд. Ба гуфтаи мақомот ва ҳам онҳое, ки тавонистанд аз сафи ДОИШ фирор карда ба Ватан баргарданд, пайроҳаи пайвастан ба ин гурӯҳи тундрав аз ҳудуди Туркия мегузарад.

Истирдоди 308 нафар аз Туркия ба Тоҷикистон

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар Тоҷикистон умед доранд, ки бо таҳия шудани чунин як “феҳристи сиёҳ” дар Туркия пайроҳаи бозгашти ҷангҷӯёни ДОИШ ба Ватан ва дигар кишварҳои пасошӯравӣ баста хоҳад шуд. Дар таҳияи ин рӯйхат мақомоти Тоҷикистон низ саҳм доранд. Як ҳамсуҳбати мо дар Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 17-уми июл гуфт, “қисмати зиёди одамоне, ки шомили ин рӯйхат шудаанд, дар асоси маълумоти пешниҳодкардаи мо ҳастанд”.

Дар баробари таҳияи рӯйхати сиёҳ, Вазорати корҳои дохилии Туркия аз боздошт ва истирдоди 308 шаҳрванди Тоҷикистон гузориш додааст. Ба таъкиди Вазорати умури дохилии Туркия, ин афрод дар минтақаҳои наздимарзии Туркия бо Сурия буда, нияти пайвастан ба гуруҳҳои силоҳбадастро доштанд.

“Туркия мехоҳад, худро сафед кунад”

Фаридун Ҳодизода
Фаридун Ҳодизода

Фаридун Ҳодизода, пажӯҳишгари тоҷик, ки муддатҳо боз масъалаи ифротгароиро дар Тоҷикистон таҳқиқ кардааст, рӯзи 17-уми июл дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, муборизаи Туркия нисбат ба терроризм ва ДОИШ аз оғоз чандон ҷиддӣ набуд ва ҳоло ин кишвар бо таҳияи чунин як рӯйхати сиёҳ мехоҳад, худро дар назди ҷомеаи байналмиллалӣ “сафед кунад”. Ӯ гуфт, “ҳоло онки дар оғози муноқишаи Сурия муҳоҷирони тоҷик маҳз аз тариқи Туркия худро ба Сурия расонданд ва Туркия монеи онҳо нашуда буд. Чанде аз шаҳрвандонро барои намуна боздошт ва ба Тоҷикистон истирдод кард, вале афроди барои ДОИШ муҳиме мисли Гулмурод Ҳалимовро боздошт накард ва гузошт, ки ба Сурия раванд.”

Дар идомаи суҳбат Ҳодизода гуфт, на ҳамаи онҳое, ки ба рӯйхати сиёҳ афтодаанд, бо террористон робита доранд. Ба гуфтаи ӯ, дар ин рӯйхат бархе аз нафароне, ки дар литсейҳои туркӣ дар Тоҷикистон таҳсил кардаанд, низ шомил шудаанд. Чун ҳукумати кунунӣ дар Туркия пас аз кудетои нокоми соли гузашта аз ҳамаи таҳсилкардаҳои мактабҳои туркӣ, ки ба шабакаи Фатҳуллоҳ Гулен, рӯҳонии турки муқими Амрико, марбут медонад, шубҳа дорад.

Дар оғоз Туркия ба ин аз пушти панҷа менигарист, чунки проблемаи изофӣ барои худ намехост. Аммо чун инқирози гурӯҳи “Давлати исломӣ” акнун намоён шуд, таҳияи чунин рӯйхатҳо мантқист, чунки Туркия низ узви эътилофи кишварҳоест, ки бо ДОИШ мубориза мебарад

“Дар аввал аз пушти панҷа менигарист”

Рӯйхати сиёҳи Туркия дар замоне таҳия шуд, ки ҷангҷӯёни гурӯҳи давҳшатафкани “Давлати исломӣ” аз чаҳор сӯ саркуб мешаванд ва ин гуруҳи худхонда яке паси дигар қаламравҳои ишғолиашро дар Ироқ ва Сурия аз даст медиҳад. Дар ин вазъият бисёре аз ҷангҷӯёни собиқи ДОИШ талош мекунанд, ки бо ҳар роҳе худро ба кишварҳои дигар бирасонанд.

Таҳлилгарон мегӯянд, Туркия ҳамчун “як кишвари буфферӣ ва ҳаммарз бо Сурия” дар бастани роҳи ҷангҷӯёни собиқ барои роҳ ёфтан ба кишварҳои пасошӯравӣ нақши калидӣ дорад.

Алексей Малашенко, таҳлилгари масоили амниятӣ дар Маскав, дар робита ба ин тасмими охири Туркия гуфт, “Туркия, воқеан, аз оне ки қаламраваш барои интиқоли ҷангҷӯён ба ДОИШ ба як купрук табдил шуда буд, осеб дид. Шаҳрвандони Русия, кишварҳои Осиёи Миёна маҳз тариқи қаламрави Туркия ба гурӯҳи “Давлати исломӣ” пайвастанд. Дар оғоз Туркия ба ин аз пушти панҷа менигарист, чунки проблемаи изофӣ барои худ намехост. Аммо чун инқирози гурӯҳи “Давлати исломӣ” акнун намоён шуд, таҳияи чунин рӯйхатҳо мантқист, чунки Туркия низ узви эътилофи кишварҳоест, ки бо ДОИШ мубориза мебарад”.

Алексей Малашенко
Алексей Малашенко

Малашенко афзуд, дар ҳоле ки ҷангҷӯёни гурӯҳи “Давлати исломӣ” аз чаҳор тараф роҳи гурез меҷӯянд, таҳияи чунин як рӯйхат дар кишвари буфферие мисли Туркия ниҳоят муҳим аст ва метавонад аз бозгашти пинҳонии даҳшатафканон ба қаламрави кишварҳои пасошӯравӣ ҷилавгирӣ кунад.

Рӯйхати сиёҳи Туркия: Русия дар сафи пеш

Дар рӯйхати шахсоне, ки аз ҳаққи ворид шудан ба қаламрави Туркия маҳрум шудаанд, дар маҷмӯъ, наздик ба 54 ҳазор нафар аз 146 кишвари дунё шомиланд. Дар миёни кишварҳои Осиёи Миёна беш аз ҳама шаҳрвандони Тоҷикистон вориди ин “рӯйхати сиёҳ” шудаанд. Пас аз Тоҷикистон Қазоқистон аст, ки 1 ҳазору 914 нафар аз шаҳрвандонаш шомили “рӯйхати сиёҳ”-и Туркия шудааст.

Аз кишварҳои пасошӯравӣ беш аз ҳама шаҳрвандони Русия дар ин рӯйхат қарор гирифтаанд. Аз ин кишвар 4 ҳазору 128 нафар ҳаққи ворид шудан ба Туркияро надоранд.

Бино ба омори охирине, ки мақомот дар Тоҷикистон эълон карданд, аз соли 2014, аз оғози таъсиси гурӯҳи худхондаи "Давлати исломӣ", 1141 нафар аз шаҳрвандони кишвар ба ин гурӯҳ дар Ироқу Сурия пайвастаанд. Тибқи омори Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон, аз ин шумора ҳалокати 300 нафар тасдиқ шуда ва 70 нафарашон ба Тоҷикистон баргаштаанд.

XS
SM
MD
LG