Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз Гулен то табаддулоти Туркия. Шаҳрванди Тоҷикистон аз маҳбаси Анталия озод шуд


Фатҳуллоҳ Гулен
Фатҳуллоҳ Гулен

Тоҳир Саидзода, шаҳрванди 26-солаи Тоҷикистон, ки дар қатори ҳазорон сокини Туркия бо иттиҳоми иштирок дар табаддулоти нофарҷоми он кишвар боздошт шуд, баъд аз 8,5 ним моҳ озод гардида, ба ватан баргаштааст.

Дар миёни боздоштшудаҳое, ки ҳамроҳи ман буданд, профессорон, соҳибкорони маъруф, додрасу додситонҳо ва ректорони донишгоҳ буданд.

Табаддулоти нофарҷоми Туркия шаби 15-уми июли соли гузашта сурат гирифта, дар пайи он даҳҳо ҳазор нафар аз мақомҳои худ барканор ва иддае ҳам ба зиндон андохта шуданд. Фатҳуллоҳ Гулен, рӯҳонии турки муқими Амрико барои ташкили ин табаддулот муттаҳам шуд. Аммо худи ӯ ин иттиҳомро ҳамеша рад кардааст.

Иттиҳом – таҳсил дар мактаби Гулен, донишгоҳи Гулен...

Тоҳир Саидзода фориғуттаҳсили яке аз литсейҳои туркӣ дар Тоҷикистон буда, аз соли 2015-ум дар Донишгоҳи байналмилалии Анталия ба ҳайси ассистент ё ёвар кор мекард. Ихтисосаш муҳандис будааст. Ӯ рӯзи 27-уми июн дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ дар Душанбе гуфт, маҳз бо гумони ҳамкорӣ ва пайвандӣ бо Фатҳуллоҳ Гулен, ки муассиси литсейҳои туркӣ дар Тоҷикистон низ буд, боздошт ва тӯли ҳаштуним моҳ дар ҳабс ба сар бурд.

Дар пайи кӯшиши табаддулот дар Туркия ҳазорон нафар боздошт шуданд
Дар пайи кӯшиши табаддулот дар Туркия ҳазорон нафар боздошт шуданд

“То ҳол ду даври мурофиаи додгоҳӣ баргузор шуд. Дар мурофиаи аввал дар моҳи апрели имсол маро ба далели собит нашудани иттиҳом аз боздошт раҳо карда, сипас иҷоза доданд, ки ба ватан оям. Дар моҳи октябр мурофиаи севум баргузор хоҳад шуд, ки бояд ба ин масъала нуқта гузорад”, - гуфт ӯ.

“16 рӯз пеш аз табаддулот дар Тоҷикистон будам”

Саидзода мегӯяд, ҳарчанд дар литсейи туркӣ дар Душанбе хондааст, бо Фатҳуллоҳ Гулен ё одамони вай дар иртибот набуд ва аз кӯшиши табаддулот ҳам хабар надошт. Дар ҳоле ки, ба гуфтаи ӯ, “рӯзи 29-уми июни соли гузашта, яъне шонздаҳ рӯз пеш аз кӯшиши табаддулот ман ба Душанбе омада будам. Баъди як моҳ дубора ба шаҳри Анталия рафтам. Он вақт шаш маъмури пулис ба хона омад. Дар хонае, ки ман зиндагӣ мекардам, як ассистенти факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи байналмилалии Анталия меистод ва ман қаблан бо ӯ шиносоӣ надоштам. Танҳо ба хотири дур будани донишгоҳ ман дар ин хона иҷора гирифтам, чунки ба донишгоҳ наздиктар буд. Кормандони пулис хонаро кофтукоб карда, баъди чанд вақт қарори додгоҳро дар бораи боздошти ман оварданд.”

Бозпурсиҳои пулис аҷиб буд. Корманди пулис шуморо бурда талаб мекард, ки “ба мо ном деҳ”. Воқеаро мегӯӣ, аммо мегӯяд, “не, ба ман ном деҳ”.

Ин ҳамсуҳбати мо гуфт, дар идораи пулис рӯзҳои аввали боздошт бегуноҳиашро напазируфтанд ва рӯзи 19-уми августи соли гузашта дар чаҳорчӯби тафтишот ба ҳабси муваққатӣ гирифта шуд. Тоҳир Саидзода гуфт, танҳо баъди ҳафт моҳи боздошт парвандаи ҷиноятиаш омода шуд, ки аз якуним банд ё параграф иборат буд.

“Вазъи боздоштшудаҳо бад буд”

Ин шаҳрванди Тоҷикистон гуфт, ки баъди рафтан ба боздоштгоҳ вазъи баде доштанд. Барои мисол, ба қавли Тоҳир Саидзода, ҷойе, ки ӯ меистод, барои 28 нафар муқаррар шуда буд, аммо дар он ба ҳисоби миёна 42 нафар нигаҳдорӣ мешуд. Аксари онҳо шаҳрвандони Туркия ва афроди таҳсилкарда ва рӯшанфикр будаанд. Ӯ гуфт, “дар миёни боздоштшудаҳое, ки ҳамроҳи ман буданд, профессорон, соҳибкорони маъруф, додрасу додситонҳо ва ректорони донишгоҳ буданд. Бозпурсиҳои пулис аҷиб буд. Корманди пулис шуморо бурда талаб мекард, ки “ба мо ном деҳ”. Воқеаро мегӯӣ, аммо мегӯяд, “не, ба ман ном деҳ”.

Тоҳир Саидзода мегӯяд, дар он шабу рӯз додгоҳу додситонӣ ва вакилони дифоъ дар Туркия умуман муттаҳамро гӯш намекарданд, чун метарсиданд, ки худашонро бо гумони даст доштан дар табаддулот зиндонӣ накунанд. Тоҳир баъди озод шудан аз мақомоти Туркия ҷуброн талаб накард, чун ба гуфтаи худаш “то ҳамин ҷо сиҳату саломат расидан давлати бузург аст.”

Тасдиқи дурустии нақл ва иддаои Тоҳир Саидзода аз манобеи дигар дар ҳоли ҳозир ғайриимкон аст. Талошҳои мо барои тамос бо намояндагони сафорат дар бораи ин қазия низ ба далели рӯзҳои истироҳатӣ бенатиҷа буд. Худи Тоҳир мегӯяд, ки мурофиаи моҳи октябрро интизор аст ва ҳамин мурофиа ба қазияи печдарпечи ӯ нуқта хоҳад гузошт.

Ҳамааш ба хотири Гулен?

Тоҳир Саидзода соли 2008 литсейи тоҷикӣ-туркӣ дар Душанберо хатм карда, барои таҳсил ба Донишгоҳи техникии Ховари Миёна дар шаҳри Анкара (Middle East Technical University) дохил шуда, соли 2014 онро тамом кардааст. Ӯ мегӯяд, аз соли 2012 то 2014 ҳамчун корманди техникӣ дар сафорати Тоҷикистон дар Туркия ҳам фаъолият дошт.

Ба қавли Тоҳир аз моҳи феврали соли 2015 дар бахши магистратураи Донишгоҳи байналмилалии шаҳри Анталия ба таҳсил шуруъ кард ва маҳз таҳсил дар ин донишгоҳ ӯро ба гирдоби парвандаҳои марбут ба кӯшиши табаддулот кашид. Зеро ба гуфтаи мақомоти Туркия, Донишгоҳи мазкурро Фаттоҳ Таминчи бо сарпарастии Фатҳуллоҳ Гулен боз кардааст. Тоҳир дар баробари таҳсил дар бахши магистратура ҳамчун ассистент дар ин донишгоҳ кор мекард.

Кӯшише, ки боиси боздошт ва барканории даҳҳо ҳазор шуд

Кӯшиши нокоми табаддулоти низомӣ дар Туркия шаби 15 ба 16-уми июли соли 2016 ба вуқуъ пайваст. Бегоҳи 15-уми июл теъдоде аз нирӯҳои мусаллаҳи Туркия талош карданд, то ҳукумати Туркияро сарнагун намуда ва зимоми қудратро дар ин кишвар ба даст бигиранд. Ин талоши табаддулот дар ниҳоят шикаст хӯрд ва ҳукумати Туркия Фатҳуллоҳ Гуленро ба раҳбарии он муттаҳам кард. Пас аз шикасти табаддулот, ҳукумати Туркия ҳазорҳо нафар аз кормандони нерӯҳои мусаллаҳ, додгоҳу донишгоҳҳо ва мактабҳои ин кишварро ба иттиҳоми тарафдорӣ аз Фатҳуллоҳ Гулен боздошт ва ё аз кор барканор кардааст.

Дар пайи боздоштҳои сартосарӣ Иттиҳодияи Аврупо изҳори нигаронӣ карда, аз ин кишвар хоста буд, то ба ҳуқуқи инсон ва ҳукми қонун эҳтиром гузорад. Туркия аз Амрико истирдоди Фатҳуллоҳ Гуленро хост, аммо бо гузашти қариб як сол аз кӯшиши табаддулот Амрико дархости Туркияро қонеъ накардааст. Худи Фатҳуллоҳ Гулен ин иттиҳомро қотеона рад мекунад.

XS
SM
MD
LG