Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақоми тоҷик: Ҳамкории "бархе кишварҳо" бо Толибон нигаронкунанда аст. ВИДЕО


Дар ҳоле, ки мақомоти интизомии Амрико ҳарчи бештар аз вуҷуди тамос ва ҳамкории пинҳонии миёни Русия ва гурӯҳи шӯришии Толибон дар Афғонистон сӯҳбат мекунанд, дар Тоҷикистон ҳам бархе мақомот аз паёмадҳои эҳтимолии ҳамкории бархе кишварҳо бо Толибон ҳушдор медиҳанд. Тоҷикистон бо 1400 км марзи муштарак бо Афғонистон дар сангари аввали таҳдиди эҳтимолӣ қарор дорад ва ҳама гуна фаъолияти мусаллаҳона дар марзашро бо нигаронӣ қабул мекунад.

Розиқов: "Толибон дар рӯ бар рӯи Тоҷикистон қарор гирифтаанд"

Миралӣ Розиқов, як масъули Нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон рӯзи 31 март дар як нишасти амниятӣ дар Душанбе гуфт, пайвастани дигар гурӯҳҳои ифротӣ бо Толибон дар наздикиҳои марзи Афғонистон бо Тоҷикистон ва ҳамкории “бархе кишварҳо” бо ин гурӯҳҳо нигаронкунанда ҳаст.

Ҳоло дар марзи Афғонистон бо Тоҷикистон ба ҷуз Толибон, инчунин гурӯҳҳои “Ансоруллоҳ”, “Ҳаракати исломии Узбакистон”, “Ҳаракати Туркистон” бо нерӯҳои давлатии ин кишвар даргир ҳастанд.

Ин мақомдори тоҷик бидуни бурдани исми кишваре гуфт, бар асоси иттилои онҳо, моҳи ноябри соли гузашта намояндаи истихборотии “як кишвари хориҷӣ” бо намояндагони Толибон ва дигар гурӯҳҳои ифротӣ бо чунин ҳадаф дар минтақаҳои назди марзи Тоҷикистон дидору мулоқот доштааст. Нишасте, ки бо ҳадафи баррасии масоили амниятии Осиёи Марказӣ баргузор шуд, аз ҷумла дипломатҳои кишварҳои хориҷӣ бо шумули намояндагони сафоратхонаҳои мустақар дар Тоҷикистонро ба ҳам овард.

Масъули тоҷик: Ҳамкории "бархе кишварҳо" бо Толибон нигаронкунанда аст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:58 0:00

Миралӣ Розиқов, аз ҷумла гуфт: “Гурӯҳҳои тундрав аз ҷануби Афғонистон ба шимол мекӯчанд. Дастгирии хадамотҳои кишварҳои хориҷӣ мавқеи ин гурӯҳҳоро пурқудрат мекунад ва вазъро печида мегардонад. Аз ин лиҳоз онҳо дар самтҳои муқобили Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар сарҳади Афғонистон, минтақаҳоеро интихоб карда истодаанд, ки аз нигоҳи онҳо барои амалӣ намудани нақшаҳои онҳо дар нисбати Тоҷикистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ қуллай ба ҳисоб меравад. Вилояти Кундуз барои онҳо калидӣ ба ҳисоб меравад ва он ҷо талош доранд, мавқеашонро мустаҳкам кунанд”.

Маҳдӣ Собир.
Маҳдӣ Собир.

Ин ҳарфи мақомоти Тоҷикистон дар ҳоле садо медиҳад, ки давоми ду соли охир мақомоти интизомии Ғарб, дар ин охирҳо – ИМА Русияро дар ҳамкорӣ бо Толибон ва додани силоҳ ба ин гурӯҳ интиқод мекунанд. Онҳо мегӯянд, ки Русия бо баҳонаи мубориза бо гурӯҳи “Давлати исломӣ” бо Толибон ҳамкорӣ мекунад ва бо ин кораш талошҳои эътилофи байналмилалӣ бо раҳбарии Амрикоро барои муқобила бо мусаллаҳони мухолифи давлати Афғонистон ба ҳам мезананд. Мақомоти амрикоӣ ҳоло пешниҳод мекунанд, ки шумори нирӯҳояшон дар Афғонистон барои муқобила бо шӯришиён ва дар амри кӯмак ба нирӯҳои давлатии Афғонистон афзоиш дода шавад.

Рӯзи 2-уми апрел як гурӯҳи Толибон, ки силоҳ ба замин гузошта, шартҳои сулҳ бо давлати Афғонистонро пазируфтааст, вуҷуди тамосу ҳамкории Русия ба Толибонро эътироф кард.

Маҳдии Собир, коршиноси тоҷики масоили низомӣ эҳтимоли тамосҳои пинҳонии бархе кишварҳо, аз ҷумла Русияро бо Толибон воқеӣ арзёбӣ мекунад. Вай гуфт, зоҳиран Русия бо Толибон бар асоси манофеи миллии худ ҳамкорӣ мекунад, ки дар аксар маврид он ба манфиатҳои Тоҷикистон ҳамчун кишвари мустақил созгор нест. Эҷоди як сарҳади ноамн ба гуфтаи ин коршинос, барои Тоҷикистон аз ҳеҷ лиҳоз манфиатовар нест.

Вақте душмани ман бо дӯстам дӯстӣ дорад...

Ҳоло дар марзи Афғонистон бо Тоҷикистон ба ҷуз Толибон, инчунин гурӯҳҳои “Ансоруллоҳ”, “Ҳаракати исломии Узбакистон”, “Ҳаракати Туркистон” бо нерӯҳои давлатии ин кишвар даргир ҳастанд. Маҳдии Собир мегӯяд, “пойгоҳ пайдо кардани ин гурӯҳҳо дар баробари Толибон дар наздикии марзи кишварҳои Осиёи Марказӣ дар оянда хеле хатарнок аст”.

Марзи Тоҷикистон бо Афғонистон.
Марзи Тоҷикистон бо Афғонистон.

Ба гуфтаи Маҳдии Собир, “эҳтимоли дар оянда аз Толибон ҷудо шудани дигар гурӯҳҳо низ вуҷуд дорад, ки бо инҳо бипайванданд. Ҳадафи ин гурӯҳҳо баръакси Толибон, ворид шудан ба кишварҳои Осиёи Марказӣ аст. Ин ҳарф, ки Русия ин гурӯҳҳоро контрол мекунад, воқеият дошта бошад, пас Русия метавонад, онҳоро барои тақвияти ҳузураш дар кишварҳои Осиёи Марказӣ низ истифода кунад. Аз ин роҳ, имкон дорад, барои ба марз баргаштани ҳарбиёни рус ва ё ворид кардани Тоҷикистон ба Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ин гурӯҳҳо истифода шаванд, ки бар ин асос нигаронии Тоҷикистон мантиқ дорад”.

Ин коршиноси тоҷик мегӯяд, Русия як кишвари дӯсти Тоҷикистон маҳсуб меёбад, вале замоне як дӯст бо душманат дӯст аст, пас ба ин ҳамкориҳо бояд шубҳа кард.

“Толибон аз Тоҷикистон хотироти хуб надорад”

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ҳоло гурӯҳҳои Толибон ва дигар гурӯҳҳои ифротӣ дар 50-60 километрии марзи Афғонистон бо Тоҷикистон қарор доранд. Ин вазъ Тоҷикистонро маҷбур кардааст, нерӯҳояшро дар марз тақвият дода, ҳодисаҳои он сӯи марзро бо диққат назорат кунад.

Брюс Паннер.
Брюс Паннер.

Брюс Паннер, шореҳи сиёсии Радиои Озодӣ мегӯяд, охири солҳои 1990-ум ва аввали солҳои 2000-ум Тоҷикистон аз Иттиҳоди Шимол таҳти сарварии Аҳмадшоҳи Масъуд пуштибонӣ мекард, ки зидди Толибон меҷангид. Ҳоло ҳарчанд, Толибон машғули масоили дохилии Афғонистон аст, вале ба гуфтаи ин коршинос ин гурӯҳ чандон хотироти хубе аз Тоҷикистон надорад.

“Ҳоло Тоҷикистон дар шароити сахте қарор дорад. Дар наздикии марзаш гурӯҳҳои мухталифе даргир ҳастанд. ДИИШ он ҷо бо Толибон ва нерӯҳои ҳукуматӣ меҷангад. Толибон низ дар ду сангар вориди ҷанг аст. Гурӯҳҳои хурди дигари ифротӣ гоҳе бо ДИИШ ва гоҳе бо Толибон дар ҳамкорӣ ҳастанд. Барои Тоҷикистон беҳтар аст, ки ҳеҷ кадоми ин гурӯҳҳо дар марзаш набошанд. Агар Русия Толибонро дастгирӣ мекунад ва ӯ ДИИШ-ро саркуб мекунад, ин гурӯҳ мумкин аст, вориди кишварҳои Осиёи Марказӣ шаванд”,- мегӯяд Брюс Паннер.

Коршинос: Толибон аз Тоҷикистон хотироти хубе надоранд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:00 0:00

Масъулини амниятии Тоҷикистон дар нишасти Душанбе гуфтанд, ҳоло 130 км қитъаи марзии Афғонистон бо Тоҷикистон таҳти назорати гурӯҳҳои тундрав қарор дорад. Бар асоси ҳисобҳои тахминӣ дар наздикиҳои марзи Афғонистон бо Тоҷикистон аз 2,5 то 7 ҳазор гурӯҳҳои тундрав вориди даргирӣ ҳастанд.

XS
SM
MD
LG