Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷашни 90-солагии Тоҷикистон "фаромӯш" шуд?


Нишони Тоҷикистон
Нишони Тоҷикистон

Муаррихи тоҷик мегӯяд, Тоҷикистон имсол таҷлили шояд муҳимтарин санаи таърихиаш – 90-солагии таъсиси ин кишвар бо ин ном ва дар ҳудуди кунуниашро “фаромӯш” кардааст.

Дар моҳи октябр дар шаҳри Душанбе 90-солагии ба ҳайси пойтахти Тоҷикистон интихоб шудани ин шаҳрро ба таври густарда таҷлил карданд, вале ба муносибати 90-солагии таъсиси Ҷумҳурии мухтори шӯравию сотсиалистии Тоҷикистон дар ҳайати Узбакистон ва 85-солагии таъсиси Ҷумҳурии шӯравию сотсиалистии Тоҷикистон дар ҳайати СССР, ки мутаносибан ба рӯзҳои 14 ва 15 октябр рост меомад, ҳеҷ маросими хосе доир нашуд.

Сайфуллоҳ Муллоҷонов, муаррихи тоҷик рӯзи 25 октябр дар сӯҳбат бо бахши тоҷикии Радиои Озодӣ гуфт, ин ҷашни барои мардуми тоҷик дар воқеъ сарнавиштсоз зоҳиран зери сояи ҷашни 20-солагии тасвиби Қонуни асосии Тоҷикистон монд, ки бояд моҳи ноябр таҷлил шавад. Ва ин дар ҳолест, ки 90-солагии таъсиси Тоҷикистон ба ҳайси ҷумҳурии мухтор мебоист яке аз муҳимтарин ҷашнҳои давлатии Тоҷикистон шавад, чунки ин кишвар бо номи кунуниашу сурати кунуниаш ва дар тақрибан ин қаламраве, ки ҳоло дорад, маҳз дар таърихи 14 октябри соли 1924 арзи ҳастӣ кардааст.

Сайфуллоҳ Муллоҷонов дар ин бора мегӯяд, интизори бештар мерафт, ки барои 90-солагии таъсиси Тоҷикистон ҳамзамон бо ин ҷашни 90-солагии пойтахт баргузида шудани Душанбе, дар як сатҳе ба ҳар ҳол баргузор шуд, ҷашни бузургтаре барпо мекунанд. Вале ба ин санаи муҳим таваҷҷӯҳе зоҳир нашуд.

Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Дар ҳоле ки ба ақидаи ин ҳамсӯҳбати мо, "агар воқеъбинона нигоҳ кунем, сарфи назар аз инки дар тақсимоти соли 1924 ноадолатӣ шуд, сарфи назар аз ин ки ин тақсимот ҳатто “табартақсим” номида шуд, ва як бахши аъзами низоъ ва ихтилофоти имрӯза дар минтақа ҳам аз ҳамон ноадолатиҳои тақсимоти соли 1924 маншаъ мегирад, бо вуҷуди ҳама костиҳояш, соли 1924 дар таърихи мардуми тоҷик як соли хеле муҳим аст. Ҳатто муҳимтар аз соли 1929, ки Тоҷикистон ба ҳайсти ҷумҳурии мустақил дар ҳайати СССР эътироф шуд. Ба хотири онки дар соли 1924 Тоҷикистон бори аввал бо чунин ном арзи вуҷуд кард. Ва агар соли 1924 намебуд, Тоҷикистон дар соли 1929 ҷумҳурии алоҳида дар ҳайати СССР намешуд ва шояд дар соли 1991 низ ба истиқлоле, ки имрӯз дорем, намерасидем.”

14 октябри соли 1924, яъне 90 сол қабл, иҷлосияи дуюми Кумитаи марказии иҷроия (ЦИК)-и СССР қарораш дар бораи тақсимоти милливу марзиро содир кард, ки бар асоси он Ҷумҳуриҳои мустақили шӯравию сотсиалистиии Туркманистону Узбакистон таъсис ёфта, Тоҷикистон ба ҳайси Ҷумҳурии мухтори шӯравию сотсиалистӣ дар ҳайати Узбакистон, ва Қазоқистон, Қарақирғизистон ва Қароқалпоқистион ба ҳайси вилоятҳои мухтор дар ҳайати РФСР (Ҷумҳурии федеролии шӯравию сотсиалистии Русия) арзи вуҷуд карданд.

Бино ба ин тақсимоти милливу марзии ҳудудҳои Осиёи Марказӣ, ки муаррихи тоҷик Раҳим Масов ба далели ноадолатиҳои ба он роҳ ёфта “табартақсим” номаш кардааст, ба ҳайати Ҷумҳурии мухтори Тоҷикистон вилоятҳои Душанбе (Ҳисор), Қаротегин( ёҒарм, бо шумули Дарвозу Ванҷ), Кӯлоб, Қӯрғонтеппа, Панҷакент( бо шумули Фалғар), Ӯротеппа (бо шумули Мастчоҳ) ва вилояти Сариосиё( ҳоло – бахе аз вилояти Сурхондарёи Узбакистон) ҳамроҳ карда шуданд. 2 январи соли 1925 вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъсис ёфта, низ ба ҳайати ҷумҳурии мухтори Тоҷикистон ҳамроҳ карда шуд. Он замон қаламрави Тоҷикистон 135 620 километри мураббаъ ва аҳолияш қариб 740 000 нафарро ташкил медод.

Садриддин Айнӣ ва Шириншоҳ Шоҳтемур
Садриддин Айнӣ ва Шириншоҳ Шоҳтемур

Аммо бахши бузурге аз минтақаҳои умдатан тоҷикнишин, аз ҷумла ҳавзаи Хуҷанд, Бухорову Самарқанд, Деҳнав, Тирмиз ва навоҳии тоҷикнишини водии Фарғона дар дасти Узбакистон монд ва раҳбарони вақти ҷумҳурии мухтори Тоҷикистон, аз ҷумла Шириншо Шотемур, Нусратуллоҳ Махсум, Абдуқодир Муҳиддинов, Чинор Имомов ва Абдураҳим Ҳоҷибоев дар назди Маскав талаби ба Тоҷикистон додани ин сарзаминҳоро дар миён гузоштанд. Маъракаи турккунонӣ ва узбак навиштани аҳолии тоҷики ин вилоятҳо, ки боиси норозигии шадид дар байни тоҷикҳо шуда буд, дар баҳси ин масъала бо мақомоти Тошканду Маскав фаровон истифода шуд. Вале дар ниҳоят дар баҳори соли 1929 танҳоҳавзаи Хуҷандро аз Узбакистон ба Тоҷикистон доданд ва 15 октябри соли 1929 Тоҷикистонро аз ҳайати Узбакистон берун оварда, ҷумҳурии мустақили шӯравию сотсиалистӣ дар ҳайати СССР эълон карданд.

Ин баҳсҳо бар сари қаламрав байни ду кишвари “дӯсту бародар”-и шӯравӣ дар ниҳоят боис шуд, ки раҳбарони вақти ҳарду ҷумҳурӣ дар солҳои 30 дар гирдоби таъқиботи хунини режими Иосиф Сталин ба қатл бирасанд ва аз ҷумла бо ҷурми “миллатчигӣ” дар баҳси тақсимоти марзӣ.

Аммо пас чаро Душанбе ин ду ҷашни муҳими пуштиҳамаш – 90-солагии таъсиси ҷумҳурии мухтор ва 85-солагии таъсиси ҷумҳурии мустақили Тоҷикистонро нодида гирифт? Сайфуллоҳ Муллоҷонов, муаррихи тоҷик мегӯяд: “Аз соли 1991 ба ин сӯ, агар аҳамият бидиҳем, соле нест, ки мо як ё ду ҷашн надошта бошем. Ва амалан як ҷашн зери сояи ҷашни дигаре мемонд, ба яке таваҷҷӯҳи зиёдтар сурат мегирифту дар натиҷа, ба дувумӣ – камтар. Имсол мо дар моҳи ноябр ҷашни 20-солагии тасвиби Қонуни асосиро дорем ва ҳама ҷашнҳои дигар зери сояи он афтодаанд. Шояд як далели чунин таваҷҷӯҳи кам ба 90-солагии таъсиси Ҷумҳурии мухтори Тоҷикистон низ тақрибан пасопеш омаданаш бо ҷашни Қонуни асосӣ буд. Ё шояд мушкилоти мавҷуда дар равобит бо Узбакистон аст, ки Душанбе нахост таъсиси ҷумҳурии мухтори Тоҷикистон дар ҳайати Узбакистонро барҷаста кунад.”

Дар соли 1924, вақте Тоҷикистон бо номи кунуниаш ва дар тақрибан қаламрави кунуниаш таъсис ёфт, мақомоти вақти Шӯравӣ, ки ҳанӯз андешаи ташкили инқилобҳои коммунистӣ дар саросари дунёро дар сар доштанд, ин ҷумҳурии тозабунёдро як навъ “сангари аввал”-и ин инқилоби ҷаҳонӣ дар Шарқ хонда, мехостанд, бо ин роҳ тоҷикону форсизабонҳои сокини Афғонистону Эрон ва шимоли Ҳиндро ба тарафи худ ҷалб кунанд.

Майдони Регистони Самарқанд
Майдони Регистони Самарқанд

Аммо дар Тоҷикистон, бахусус дар байни қишри равшанфикраш, то ҳол гилояҳоее аз ноадолатиҳои тақсимоти марзии солҳои 20 ва аз даст рафтани марказҳои муҳими фарҳангии мардуми тоҷик, бахусус Самарқанду Бухоро, боқӣ мондааст. Бархе соҳибаназарон, аз ҷумла донишманди улуми ҷуғрофиёи сиёсии Эрон доктор Баҳром Амираҳмадиён бар инанд, ки ҳукумати болшевикии Иттиҳоди Шӯравӣ дар он даврон ба нишони интиқом аз пуштибонии мардум тоҷик аз ҳаракати босмачигарӣ шаҳрҳои таърихии Бухорову Самарқандро аз ин мардум гирифта, ба Узбакистон дод. Ба фарқ аз манотиқи дигари Осиёи Марказӣ, ки баъди як ё ду соли муқовимат ба султаи Шӯравӣ тан доданд, муқовимат ба артиши сурх дар Бухорои шарқӣ – қаламрави Тоҷикистони кунунӣ – тақрибан то аввалҳои солҳои 30 давом карда буд.

6,5 миллион тоҷик дар Тоҷикистону ду баробар бештар - дар берун?

Тоҷикони Тошқӯрғони Чин
Тоҷикони Тошқӯрғони Чин

Дар ҳар сурат, ҳоло дар 142 100 километри мураббаъ қаламрави кунунии Тоҷикистон 8 миллиону 205 ҳазору 400 нафар ба сар мебаранд, ки 80 дарсадаш, ё беш аз 6,5 миллионашро тоҷикҳо ташкил медиҳанд. Бино ба ҳисобҳо, то 8 миллион тоҷики дигар дар Афғонистон, аз 1,165 миллион (омори расмии соли 2000) то 6 миллион (ҳисобҳои ғайрирасмӣ) – дар Узбакистон, то 1 миллион тоҷик дар Покистон, 200 303 нафар( бино ба нуфусшумории соли 2010) – дар Русия, 46 105 тоҷик( бар асоси нуфусшумории соли 2009) – дар Қирғизистон, 36 277 нафар(нуфусшумории соли 2001) дар Қазоқистон, 4 255 нафар дар Украина ва 871 тоҷики дигар, барои мисол, дар Беларус ба сар мебаранд.

Дар вилояти бо Бадахшони Тоҷикистон ҳаммарзи Шинҷон-Уйғури Чин – асосан дар ноҳияи Тошқӯрғон – низ 33 583 тоҷик ба сар мебарад. Ҳамин тавр, ҳазорон тоҷики дигар дар гӯшаҳои гуногуни дунёи имрӯза ба сар мебаранд ва ҳатто дар Эстония дар як нуфусшумории 3 сол пеш 33 нафар худро тоҷик муаррифӣ кардаанд.

XS
SM
MD
LG