Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия Искандар-М-ро дигарбора дар Тоҷикистон месанҷад


Системаи Искандар-М яке аз системаҳои пешрафтаи дар ҷаҳон аст.
Системаи Искандар-М яке аз системаҳои пешрафтаи дар ҷаҳон аст.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, размоишҳои муштараки нерӯҳои кишварҳои узв Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ, ки рӯзи 10-уми ноябр дар Тоҷикистон шурӯъ мешавад, Русия системаи пешрафтаи мушакии “Искандар”-ро озмоиш мекунад.

Дар вазорати дифои Тоҷикистон рӯзи 9-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки “санҷиши комили системаи Искандар-М дар давраи ниҳоии размоишҳо сурат мегирад. “

Русия бори аввал системаи мушакии “Искандар-М”-ро берун аз қаламрави худ моҳи июл дар Тоҷикистон истифода бурд.

Мушаки "Искандар-М" аз размоишгоҳи "Лоҳур" партоб шуда, дар 140 километрӣ ҳадафҳоро дар Ҳарбмайдон маҳв кард. Размоиши нерӯҳои кишварҳои узв дар се марҳила сурат мегирад ва дар тамринҳои низомӣ бештар аз 5 ҳазор сарбоз ва дигар низомиён ширкат мекунанд.

Дар размоиш, сарбозон шеваҳои муборизаи муштарак бо террористон дар шароити кӯҳистониро тамрин мекардаанд ва сатҳи омодагии нерӯҳои кишварҳои узв дар вокуниши фаврӣ ба муноқишаи эҳтимолиро месанҷидаанд.

"Искандар-М дар муқобили террористон"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:29 0:00

Дар машқҳои васеъмиқёс 64 ҳавопаймову чархбол ва ҳавопаймоҳои бесарнишинва танку тӯпхонаи зиёде ба кор бурда мешаванд. Дар умум машқҳои ҳарбӣ аз 10-уми то 20-уми ноябр идома мекунанд.

Размоиши нерӯҳои низомии кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ дар машқгоҳи низомии «Ҳарбмайдон» дар вилояти Хатлон сурат мегирад.

Ба гуфтаи вазорати дифо, дар ин рӯзҳо машқҳои баталионӣ-тактикӣ дар машқгоҳҳои ҳарбии «Сумбула», «Лоҳур», «Ҳомиён» ва минтақаҳои наздисарҳадии «Ҳалқаёр ва Ҷайралӣ» бо ҷалби ҷузъу томҳои қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ва ҳавзаи марказии ҳарбии Русия пешбинӣ шудааст.

Вазорат мегӯяд, дар размоишҳо сарбозони кишварҳои узв, Арманистону Белорус, Қазоқистону Қирғизистон ва Русия ширкат мекунанд ва аслиҳаву муҳимоти худро бо ҳавопаймо ба Тоҷикистон меоранд.

Парвози чархболҳо дар ҷануби Тоҷикистон баъзе аз сокинонро, ки аз баргузории размоишҳо огаҳӣ надоранд. Яке аз сокинони ноҳияи Хуросон ба мо видеоеро фиристод, ки парвози чархболҳоро нишон медиҳад. Ӯ гуфт, сабаби парвози чархболҳои зиёд дар минтақаро намедонад ва аз ин сабаб нигарон шудааст.

XS
SM
MD
LG