Як вакили бонуфузи Думаи давлатӣ гуфтааст, ки дар посух ба ирсоли нирӯи бештари низомии Амрико ба минтақаи Балтика, Русия метавонад пешрафтатарин мушакҳояшро ба Калининград ирсол кунад. Владимир Шаманов, раиси Кумитаи дифои парлумони Русия рӯзи 12 октябр гуфт, ки Маскав метавонад мушакҳои иловагии навъи “Искандар”-ро дар ҳудудҳои ғарбии марзаш, аз ҷумла дар Калининград ҷой кунад, ки бо кишварҳои узви НАТОи Полшаву Литва ҳаммарз аст.
Шаманов гуфт, ки ин иқдом дар посух истиқрори бригадаи мусаллаҳи амрикоӣ дар Полша гирифта шудааст, ки ба гуфтаи ӯ, “аз рӯи қонунҳои байналмилалӣ комилан манъ аст”. Системаи мушакии “Искандар” қодир аст ҳадафи воқеъ дар масофаи то 500 километрро асар кунад ва аз ҷиҳати назариявӣ метавонад чандин муассисаи марбут ба НАТО-ро ҳам ҳадаф қарор диҳад.
Ин системаи мушакӣ тавони насб шудан бо кулоҳакҳои ҳастаиро низ дорад. Рӯзи 12 октябр Русия ИМА-ро дар истиқрори ғайриқонунии нирӯҳояш дар Полша гунаҳгор кард ва гуфт, ки иқдоми Вашингтон хилоф бо созишҳои қаблии Русия ва НАТО мебошад.