Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Анҷоми машқҳои зиддитеррористӣ дар Тоҷикистон. ВИДЕО


"Искандар" яке аз мушакҳои пешрафтаи Русия аст.
"Искандар" яке аз мушакҳои пешрафтаи Русия аст.

Дар размоишгоҳи “Ҳарбмайдон”-и Тоҷикистон даври ниҳоии машқҳои зиддитеррористии кишарҳои муштаракулманофеъ зери номи "Душанбе-Антитеррор-2017” анҷом ёфт. Интихоби размоишгоҳи мазкур ба хотири он сурат гирифт, ки дар 15-километрии марзи Тоҷикистону Афғонистон ҷойгир мебошад.

Ин машқҳо ба гунае ҳушдор ба террористони Афғонистон ва гурӯҳҳои силоҳбадаст дар ин кишвар маънидод мешаванд. Марзи Тоҷикистону Афғонистон ҳудуди 1400 километрро ташкил медиҳад. Саймӯмин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон пас аз анҷоми машқҳо гуфт, Тоҷикистон дар баробари таҳдиди террористон ба давлатҳои муштаракулманофеъ нақши кишвари буфериро иҷро мекунад.

Саймумин Ятимов
Саймумин Ятимов

“Бо таваҷҷӯҳ ба фаъол гардидани гурӯҳҳои террористӣ вазъият дар Афғонистон, бахусус дар шимоли ин кишвар, нигаронкунанда аст. Гурӯҳҳои байналмиллаии террористӣ аз ҷумла гурӯҳи даҳшатафкани Давлати Исломӣ ба шимоли Афғонистон интиқол дода шудаанд.” -гуфт ӯ.

Тибқи ривояти тамрин теъдоде аз ҷангҷӯёни гурӯҳи тундрави Давлати Исломӣ, ҳузури худро дар ноҳияҳои шимолии Афғонистон тақвият дода, марзро убур мекунанд. Барои нобуд кардани онҳо воҳидҳои муттаҳиди иборат аз ниҳодҳои мухталифи қудратии Тоҷикистон ва техникаву нерӯҳои пойгоҳи 201-уми Русия ташкил ва сафарбар карда шуд.

Террористони шартӣ ҳадафи оташи системаи “Ураган” қарор гирифтанд. Дар ин тамрин Русия барои нахустин бор маҷмаи мушакии “Искандар-М”-ро берун аз қаламрави кишвари худ дар чаҳорчӯби машқҳои зиддитеррористӣ истифода бурд.

Мушаки "Искандар-М" аз размоишгоҳи "Лоҳур" партоб шуда, дар 140 километрӣ ҳадафҳоро дар Ҳарбмайдон маҳв кард. Андрей Новиков, сардори Маркази зиддитеррористии кишварҳои муштаракулманофеъ дар ин бора гуфт:

“Мехоҳам зикр кунам, ки ҳадафи ташкили ин тамрини муштарак на танҳо коркарди амалиёти якҷояи нерӯҳои низомӣ балки ҳушдори ҷиддӣ ба гурӯҳҳои мусаллаҳест, ки нақшаи бесуботӣ дар кишварҳои узвро доранд.

Қабл аз он, дар чаҳорчӯби тамрини мубориза бо террористон, нерӯҳои қудратии Тоҷикистон гурӯҳи террористони шартиро, ки телевизиони давлатии кишварро муҳосира карда буданд, нобуд карданд.

XS
SM
MD
LG