Фарҳод Ҳусейнов, паҳлавони тоҷик, дар мусобиқаи бози қаҳрамонии Кипр оид ба самбои соҳилӣ медали тилло ба даст овард. Устоди дараҷаи байналмилалӣ, лейтенанти калон Фарҳод Ҳусейнови 30-сола, ки муфаттиш-таҳқиқотчии Раёсати Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар минтақа ва ноҳияи Рашт мебошад, борҳо дар мусобиқоти минтақавӣ оид ба самбои размӣ муваффақ шудааст.
Вай рӯзи 23-юми июл дар ин мусобиқа, ки дар шаҳри Ларнакаи Кипр баргузор шуд, дар риштаи самбои соҳилӣ дар вазни зери 90 кило бар ҳамаи рақибонаш пирӯз шуда, мақоми аввалро касб намуд.
Дар ин бора ба Радиои Озодӣ Маҳмуд Абдуллоев, муовини аввали раиси Иттиҳоди самбои Осиё ва узви кумитаи иҷроияи Федератсияи байналмилалии самбо, рӯзи 25-уми июл хабар дод. Вай гуфт, ки ин аввалин дастоварди варзишгарони тоҷик дар риштаи самбои соҳилӣ дар мусобиқоти байналмилалӣ ба шумор меравад.
Ба гуфтаи Маҳмуд Абдуллоев, қоидаҳои самбои соҳилӣ аз самбои классикӣ каме тафовут доранд ва қувваозмоӣ се дақиқа бидуни муҷозот ва то аввалин баҳогузорӣ барои ҳаракатҳо давом мекунад. Аз ин ҷост, ки ба гуфтаи ҷаноби Абдуллоев, қувваозмоӣ тамошобоб ва бо суръати баланд мегузарад.
Дар мусобиқаи бози қаҳрамонӣ оид ба самбои соҳилӣ, ки бо ибтикори Федератсияи самбои Кипр ва дастгирии шаҳрдории Ларнака таҳти сарпарастии Федератсияи байналмилалии самбо (FIAS) баргузор шуд, варзишгарон аз Арманистон, Кипр, Русия, Тоҷикистон ва кишварҳои дигар дар болои қуми соҳили Финикудес рақобат карданд.