Рӯзи 4 май дар Кумитаи зидди шиканҷаи СММ баррасии гузориши миллии Тоҷикистон дар заминаи мубориза бо шиканҷа шурӯъ мешавад.
Дар маҷмӯъ ҷаласаи бахшида ба вазъи Тоҷикистон аз 4 то 7 май баргузор мешавад ва рӯзи ҷумъа қарор аст ҳайати баландпояи ин кишвар дар муколама бо аъзои Кумитаи зидди шиканҷаи СММ дар
Ба аъзои гуногуни бадан задан, аз ҷумла бо калтаки резинӣ, гузоштани барқ ба нӯги ангуштон, ё аъзои таносули мардон, овехтани зарфҳои пластикии пур аз хок ба узви мардонаи таносул...
заминаи амалишавии ӯҳдадориҳои кишвар дар баробари Эъломияи зидди шиканҷа ва муносибати бераҳмона гузориш диҳад.
Аз Тоҷикистон дар ин ҷаласа, ки дар шаҳри Женева баргузор мешавад, додситони кулл Юсуф Раҳмон, сардори Раёсати кафолати ҳуқуқҳои инсони Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон Абдуҷаббор Сатторзода, муовини аввали вазири умури дохилӣ Аламшо Аламшозода, муовини сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия Илҳом Маҳмудзода, муовини аввали вазири тандурустӣ Саида Умарзода ва ваколатдори ҳуқуқи инсон Зариф Ализода ширкат хоҳанд кард.
Дар ин бора рӯзи 3 май Эътилофи зидди шиканҷа хабар дод. Қарор аст рӯзи 4 май дар Душанбе, дар маҷмааи «Душанбе-Плаза» пахши ҳамзамони видеоии муколамаи ҳукумати Тоҷикистон ва аъзои Кумитаи зидди шиканҷаи СММ баргузор шавад. Барои ширкат дар ин ҷаласа хабарнигорон ва фаъолони ҷомеаи маданӣ даъват шудаанд.
16 шикоят дар се моҳи соли 2018
Дар Тоҷикистон бадрафтории маъмурони милиса ва ё латту кӯби боздоштшудагон мушкилест, ки пайваста аз ҷониби созмонҳои ҳомии ҳуқуқ ва матбуоти мустақил матраҳ мешавад. Ба унвонии Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа дар Тоҷикистон танҳо дар се моҳи соли 2018 - 16 нафар аз рафтори мақомоти интизомӣ ва бахусус маъмурони милиса шикоят кардаанд.
Дар байни онҳо ду нафар зан ҳам будаанд. Ба гуфтаи масъулони эътилоф, 14 шикоят аз рафтори кормандони Вазорати умури дохилӣ ва ду шикоят аз кормандони Кумитаи амнияти миллӣ будааст. Дар ҳисоботи эътилоф дар бораи се моҳи фаъолияташон омадааст, ки бадрафторӣ нгоми бозпурсӣ рух додаанд ва усулҳои ваҳштанокеро ба кор бурдаанд. Дар як гузориши ин созмон, ки моҳи апрел нашр шуд, аз ҷумла омадааст:
"Чунин усулҳои шиканҷаро ба кор бурдаанд: Ба аъзои гуногуни бадан задан, аз ҷумла бо калтаки резинӣ, гузоштани барқ ба нӯги ангуштон, ё аъзои таносули мардон, овехтани зарфҳои пластикии пур аз хок ба узви мардонаи таносул, сӯзан задан, ба зери ангуштон, фишори равонӣ, вонамуд кардани таҷовузи ҷинсӣ, нигаҳ доштан дар оби хунук аз 1 то 2 рӯз, андохтани ниқоби муҳофизат аз газ, сӯзондани бадан бо сигор, бастани даҳон бо скоч.”
Ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқ аз ҷумла се муттаҳамро маҷбур кардаанд, ки бо тамоми қувва ба рӯи якдигар шаппотӣ бизананд. Мақомоти Тоҷикистон дар гузашта чунин иттиҳомотро пайваста рад кардаанд, ҳарчанд гуфтаанд, ки чандин маъмури милиса барои бадрафторӣ ва ё истифодаи шиканҷа танбеҳ гирифта, ба зиндон ҳам маҳкум шудаанд. Тоҷикистон аз соли 1995 узви Конвенсияи мубориза бо шиканҷа мебошад ва бори охир ноябри соли 2016 ба Кумитаи зидди шиканҷа гузориши сеюми даврӣ оид ба ҷараёни татбиқи Конвенсияро пешниҳод намуд.