Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

HRW: Вазъи ҳуқиқи инсон дар Тоҷикистон боис ба нигаронист


Созмони Human Rights Watch дар гузориши нави худ гуфт, ки сарфи назар аз шикасти чанд сиёсатмадори авомфиреб дар соли гузашта, роҳбарони бештари кишварҳо мисли пешин аз "номи мардум" ҳарф мезананд ва сиёсати худро дар асоси таъқиби ақаллиятҳо ва ҳамла зидди баробарии ҳуқуқи инсонҳо бунёд мекунанд. Ин гузориш рӯзи 18-уми январ пахш шуд.

Ба навиштаи созмон, вазъи ҳуқиқи инсон ба он далел зина ба зина бад шуд, ки кишварҳои пешгоми демократӣ дар соли 2017 бештар ба масоили дохилии худ машғул буданд.

Ин хомӯшӣ ба низомҳои худкома кумак кард, ки фазои иттилоотиро бо мавзуъҳои тундгароӣ пур ва ҳуқуқи инсону озодии баёнро дар дохили кишварҳояшон поймол кунанд.

Муаллифони гузориш менависанд, дар зиндонҳои Тоҷикистон беш аз 150 фаъоли сиёсӣ, рӯзноманигорони мустақил ва ҳомиёни ҳуқуқ нигаҳдорӣ мешаванд, ки ҳукуматро танқид мекарданд. Эътилофи созмонҳои зидди шиканҷаи Тоҷикистон низ аз 90 ҳодисаи шиканҷа дар солҳои 2016-2017 хабар додааст.

Ҳамчунин фирори 20 рӯзноманигор аз кишвар ба хориҷ дар пайи таъқибу таҳдидҳо расонаӣ шудааст. Human Rights Watch менависад, мақомоти Тоҷикистон ҳадафмандона дастрасӣ ба иттилоъро маҳдуд мекунанд. Онҳое, ки ба сомонаҳои "номақбул" сар мезананд, муҷозот мешаванд. Ҳамчунин, рӯйхати китобҳое тартиб дода шудааст, ки воридоту содироташон ба кишвар ё аз кишвар ба хориҷ манъ аст.

"Дар Озарбойҷон низ соли 2017 фишор ба мунтақидон бештар шуда, на кам аз 25 рӯзноманигор ва фаъоли сиёсӣ бо баҳонаҳои гуногун зиндонӣ шуданд", - омадааст дар гузориш.

XS
SM
MD
LG