Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оқибатҳои сел дар Тоҷикистон. Аз талафот то ба вайрон шудани гӯристонҳо. ВИДЕО


Гӯристони деҳаи Шӯрқурғони Конибодом
Гӯристони деҳаи Шӯрқурғони Конибодом

Дар натиҷаи борони зиёд ва обхезӣ дар ду рӯзи ахир, садҳо хона дар гӯшаҳои гуногуни Тоҷикистон осеб дидаанд. Як сокини ноҳияи Хуросон бар асари селобҳо ҷон бохтааст.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон мегӯяд, ки бар асари боронгариҳои 1-уми июн дар деҳаи Оби Шифои ноҳияи Рӯдакӣ, 70 қитъаи замини наздиҳавлигии сокинон тахриб шуда ва таҳхонаҳои 8 хона зери об монд. Мақомоти кумита мегӯянд, ки сел дар ин маҳал талафоти ҷонӣ дар пай надоштааст.

Ба гуфтаи мақомот, ба ҳадафи бартараф кардани оқибатҳои офати табиӣ, гурӯҳи корӣ бо раҳбарии Рустам Шоҳиён, муовини аввали раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ба маҳали ҳодиса дар ноҳияи Рӯдакӣ, рафтааст.

Аксҳо аз обхезӣ дар ҷамоати Гулистони ноҳияи Восеъ:

Боронгариҳо дар ноҳияи Хуросон талафоти ҷонӣ ба ҷой гузоштааст. Ба гуфтаи мақомоти ҳукумати ноҳия, Меъроҷиддин Набиев, сокини 18-солаи деҳаи Бандари ҷамоати Қизилқалъа бар асари селобҳо ба ҳалокат расидааст.

Дар деҳаи Меҳнатободи ҷамоати Қизилқалъаи ин ноҳия дар пайи боронгириҳо ва обхезӣ 18 қитъаи замини наздиҳавлигӣ, як иншооти ёрирасон ва як пул, ки деҳаро бо роҳи мошингарди Душанбе-Бохтар пайваст мекунад, осеб дидааст.

Дар шаҳри Конибодом як наҳр дар деҳаи Шӯрқурғон аз соҳилаш хориҷ шуда ва гӯристони деҳаро комилан зери об кардааст. Даҳҳо оромгоҳ фурӯ рафтаанд.

Сел гӯристони Шӯрқурғони Конибодомро вайрон кард
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:33 0:00

Яке аз корбарони Радиои Озодӣ аз ноҳияи Хуросон чанд видеоеро фиристод, ки вусъати харобӣ дар деҳаҳои Меҳнатобод ва деҳаи Файзалӣ Ғаниев нишон медиҳад. Тибқи гузоришҳо, бар асари боронгарӣ ва обхезӣ дар ҷамоати Гулистони ноҳияи Восеъ, зиёда аз 400 манзили сокинон осеб дидааст.

Офати табиӣ дар ноҳияи Хуросон
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:51 0:00

Дар Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ҳавои боронӣ дар бисёре аз ноҳияҳои Тоҷикистон мушоҳида шуд ва дар ин ноҳияҳо "аз 8 то 9 нафарӣ аз корманди кумита сафарбар шудаанд".

Дар видеоҳое, ки аз ҷамоати Қизилқалъа аз ноҳияи Хуросон ба Радиои Озодӣ фиристоданд, дида мешавад, кӣ чӣ гуна оби ғализи гилолуд аз роҳҳову байни хонаҳо мегузарад ва як хонаро ҳам комилан зери об кардааст.

Бедодгарии сел дар ноҳияи Хуросон
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:46 0:00

Маркази ҳавошиносии Тоҷикистон ҳам ба мардум ҳушдор додааст, ки рӯзи 3-уми июн ҳам борони зиёд ва раъду барқ идома меёбад ва мумкин аст, сатҳи об дар рӯдхонаҳои кишвар боло равад.

Тоҷикистон яке аз кишварҳои кӯҳистонӣ ва осебпазир дар баробари фалокатҳои табиист. Дар ин фалокатҳо бештар аз ҳама мардуми камбизоат ва кишоварзон осеб ва хисорот мебинанд. Танҳо имсол дар натиҷаи селу обхезӣ ва дигар фалокатҳои табиӣ дар кишвар 15 нафар ба ҳалокат расидаанд.

Сел дар Хатлон роҳу хонаҳоро вайрон кард
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:19 0:00

XS
SM
MD
LG