Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷоми AFC-2015. 25 феврал - “Истиқлол” – “Эрбил”


​Бозии нахустини марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2015 байни дастаҳои “Истиқлол”-и Тоҷикистон ва “Эрбил”-и Ироқ 25-уми феврал дар Варзишгоҳи марказии Душанбе барпо мегардад.

Бозии нахустини марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2015 байни дастаҳои “Истиқлол”-и Душанбе, қаҳрамони секаратаи Тоҷикистон ва “Эрбил”-и Ироқ, қаҳрамони чаҳоркаратаи ин кишвар, рӯзи 25 феврал, соати 14:00 дар Варзишгоҳи марказии Душанбе шурӯъ мешавад.

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, бошгоҳи футболи "Эрбил" бо шумули 27 нафар шоми якшанбеи 22 феврал ба Душанбе омадааст. Ба ҳайати даста 19 бозигар, ки дар байни онҳо танҳо як легионер - Надим Сабоҳ Аҳмад, ҳимоятгари 29-солаи мунтахаби Сурия, ҳаст, шомиланд.

Инчунин, дар ҳайати “Эрбил” ба Душанбе ду бозигари мунтахаби Ироқ омадаанд, ки дар ҳайати мунтахаби ин кишвар ба наздикӣ дар Ҷоми Осиё-2015 дар Австралия бозӣ карда буданд. Инҳо ҳимоятгари 20-сола Алӣ Фаёз Атиа ва нимҳимоятгари 23-сола Саад Абдул-Амирӣ мебошанд.

Вале ба Душанбе ҳамлагар Юнус Маҳмуд, капитани мунтахаби Ироқ, ки соли 2007 бо мунтахаби ин кишвар медали тилои Ҷоми Осиёро ба даст овардааст, омада натавонистааст.

Доварони бозии нахустини марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2015 байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Эрбил” аз Узбакистон мебошанд. Довари ФИФА Илгиз Танташеви 30-сола аз шаҳри Бухоро, сардовари ин бозӣ таъин шудааст.

Ҳусниддин Шодмонови 38-сола ва Алишер Усмонови 30-сола ба ҳайси доварони марзи майдон хидмат хоҳанд кард. Шерзод Қосимови 26-сола вазифаи довари эҳтиётиро бар дӯш дорад. Виктор Колпаков аз Қирғизистон нозири доварон ва Тох Сен Ни аз Малайзия комиссари ин бозӣ таъин шудаанд.

Ёдовар мешавем, “Истиқлол”-и Душанбе дар Ҷоми КФО-2015 дар гурӯҳи “С” рақобат хоҳад кард. Бозиҳои ин гурӯҳ аз 25-уми феврал то 13-уми май баргузор мешаванд.

Баъди бозии “Истиқлол” бо “Эрбил” бозии лотерея аз рӯи чиптаҳои даромад ба варзишгоҳ баргузор мешавад, ки шоҳҷоизаи он мошини сабукрави «Тойота-Кэмри» мебошад. Нархи чипта ба минбари ғарбӣ 25 сомонӣ, ба минбарҳои дигар – шимолӣ, шарқӣ ва ҷанубӣ – 15 сомонӣ муқаррар шудааст. Мухлисон метавонанд чиптаҳоро аз хазинаҳои Варзишгоҳи марказӣ, инчунин аз мағозаҳои варзишии «Адидас» ва «Joma» дастрас намоянд.

XS
SM
MD
LG