Торнамои «Worldpoultry» аз қавли Машокир Назаров, директории корхонаи воҳиди давлатии мурғпарварии вобаста ба вазорати кишоварзии Тоҷикистон навиштааст, ки рушди бахши мурғпарварӣ дар кишвар, воридоти тухм ва гӯшти мурғ аз хориҷро коҳиш додааст.
Оқои Назаров афзудааст, ки ҳамзамон бунёди чанд корхонаи мурғпарварии дигар, боиси коҳиши қимати ин намуди маҳсулот дар бозор хоҳад шуд.
Ба гуфтаи оқои Назаров, давоми нӯҳ моҳи аввали соли ҷорӣ дар 34 корхонаи мурғпарварии кишвар 129 миллион дона тухм ва 351, 900 тонна гӯшт тавлид шудааст, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 14,8 миллион дона тухм ва 242,100 тонна гӯшти мурғ бештар мебошад. Вай афзудааст, ки дар ҳоли ҳозир воридоти тухм аз хориҷ қатъ шудааст ва воридоти гӯшти мурғ ҳам то андозае коҳиш ёфтааст.
Қарор аст то охири соли ҷорӣ ду корхонаи дигари мурғпарварӣ дар ноҳияи Конибодом ва минтақаи Кӯлоб ба фаъолият шурӯъ намоянд, ки ҳар кадом тавоноии истеҳсоли 400 тонна гӯшти мурғро доранд. Ин манбаъ аз қавли вазорати кишоварзии Тоҷикистон навиштааст, ки айни ҳол қимати як кило гӯшти мурғи ватанӣ дар бозор 15 сомониро ташкил медиҳад.
Ин дар ҳолест, ки ҳамакнун дар бозорҳои шаҳри Душанбе як килограм гӯшти мурғи ширкати муштараки тоҷикӣ-эронии «Сомонфуд»-и ноҳияи Мӯъминобод ба қимати 24 сомонӣ ва аз ширкати "Панҷрӯд»-и ноҳияи Панҷ бо нархи 21 сомонӣ ба фурӯш меравад. Як дона тухм ҳам дар бозорҳои пойтахт ба қимати аз 55 то 80 дирам пешкаши харидорон мешавад.
Мувофиқи иттилои Вазорати кишоварзии Тоҷикистон, дар доираи сабади истеъмолӣ, як нафар дар сол бояд 168 дона тухм истеъмол кунад, вале феълан ин нишондиҳанда дар Тоҷикистон ҳамагӣ 25 тухмро ташкил медиҳад. Тоҷикистон дар гузашта тухм ва гӯшти мурғро аз ҳама бештар аз Эрон, Русия, Қазоқистон ва Бразилия ворид мекард.