Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чаро нархи тухм боло рафт?


Бо ҷорӣ шудани маҳдудиятҳо дар роҳи воридоти тухм ба Тоҷикистон, дар як муддати кӯтоҳ нархи тухми дохилӣ аз 50 ба 80 дирам расидааст.

Хусусан дар рӯзҳои иди Наврӯз, ки тухм барои пухту пази шириниҳои дастурхони Наврӯзӣ истифода мешавад, қимати ин анвоъи маҳсулот гаронтар шуд.
Агар дар ин рақобат танҳо ба як корхонаи паррандапарварӣ шонс дода шавад, рақобат бозмемонад ва нархи тухм боз ҳам гаронтар хоҳад шуд...


МАҲДУДИЯТИ ВОРИДОТИ ТУХМ?

Хадамоти байтории Вазорати кишоварзии Тоҷикистон мегӯяд, ки ҳадаф аз эъмоли маҳдудиятҳо, ташвиқи корхонаҳои дохилӣ ба парвариши бештари парранда ва тавлиди бештари мурғ мебошад.

Муллоҷон Амирбеков, раиси Хадамоти байтории Вазорати кишварзии Тоҷикистон мегӯяд: "Ҳозир тухм умуман аз ҳеҷ куҷо ворид нашуда истодааст. Бо дастури Вазорати кишоварзӣ як маҳдудияти муайян дар масъалаи ворид кардани тухм ба дохили кишвар ҷорӣ шудааст. Ба бозорҳои мо аз Ҳиндустон, Ирон, Русия тухм ворид мешуд.Тухми Ҳиндустон аз рӯи ченаки вазнии кило ворид карда мешавад. Ҳафтаи гузашта 60 тонна ворид шуда буд, ки мо таҳти назорат онро дар дохил тақсим мекунем. Ҳоло корхонаҳои дохилӣ тавони таъмини ниёзи мардум бо тухмро надоранд. Шояд 10 - 15 дар сади аҳолиро таъмин кунанду тамом."

Мувофиқи иттилои Вазорати кишоварзии Тоҷикистон, дар доираи сабади истеъмолӣ, як нафар дар сол бояд 168 дона тухм истеъмол кунад, вале феълан ин нишондиҳанда дар Тоҷикистон ҳамагӣ 25 тухмро ташкил медиҳад.



Саломат Шодиева, як дӯкондор дар шаҳри Душанбе мегӯяд, ки боло рафтани кимати тухм имкони харидории мардумро то ҳадде маҳдуд кардааст. Мардум агар пештар бо теъдоди зиёд тухм мехариданд, ҳоло камтар харидорӣ менамоянд.

Ба қавли сокинони кишвар, ягона маводи хӯрданиии дар қиёс бо гӯшту шакару равған арзонтар ва дастраси аксар тухм буд, вале ҳоло ҳамин ҳам гарон шудааст.

ҚИМАТИ МАҲСУЛОТИ ТУХМӢ ҲАМ ГАРОН ШУД

Корманди ошхонаи "Бистро"-и пойтахт Назрулло Саломатов мегӯяд, ки гарон шудани қимати тухм ба нархи баъзе аз ғизоҳо низ таъсир кардааст: "Мо аслан тухмро аз маркази савдои "Садбарг" мехарем. Ва ҳоло нархи донаи тухм аз 75 дирам ба 80 дирам расидааст. Боз ҳангоми омода шудани ғизои тухмдор, даҳ дирами дигар изофа мекунем."

Аммо таҳлилгари масоили бозори дохилӣ Ҷамшед Қуддусов мегӯяд, ки иқдоми вазорати кишоварзӣ дар масъалаи маҳдуд намудани вориди тухм аз берун дуруст буда ва ин як давраи гузаришро дар бар мегирад. Яъне ин даврае аст, ки корхонаҳои дохилӣ бо кӯмаки мақомоти дахлдори ҳукумат имкони тавлиди худро бештар кунанд ва дар бозори рақобат ҷойгоҳи худро қавитар кунанд. Вале агар дар ин рақобат танҳо ба як корхонаи паррандапарварӣ шонс дода шавад, рақобат бозмемонад ва нархи тухм боз ҳам гаронтар хоҳад шуд.

Бино ба иттилои корхонаи воҳиди паррандапарварии Тоҷикистон, дар ҳоли ҳозир дар дохили кишвар наздики 30 корхонаи паррандапарварӣ, ки бозорҳои дохилиро бо тухм таъмин мекунанд дар манотиқи мухталифи кишвар фаъол ҳастанд.

ТОҶИКИСТОН ТУХМ СОДИР МЕКАРД...

Ба қавли мутахасисони вазорати кишварзӣ, Тоҷикистон, дар замони шӯравӣ ҳам талаботи дохилии худ бо тухм ва ҳам Узбакистонро таъмин мекард. Аммо фурӯпошии шӯравӣ ва ҷанги панҷсолаи дохилии кишвар, тақрибан ҳамаи корхонаҳои бузурги паррандапарвариро аз пой даровард.

Бо ин ҳол, ба назари бархе иқтисоддонҳо, тасмими мақомот ҷиҳати ташвиқи тавлидоти дохилӣ муноқиз бо қонунҳои иқтисоди бозорист, ки ба як гурӯҳи корхонаҳои маҳаллӣ дар муқобили ширкатҳои хориҷӣ имтиёз медиҳад. Ба назари онҳо, ин иқдом ба ҷайби мардум - харидори аслӣ низ зарба мезанад.

Барои ин харидор муҳим нест тухме, ки мехарад моли куҷост: Эрон, Покистон, ё корхонаи Мурғи ҳилоли Файзобод. Муҳимтарин омил барои харидор нархи мол аст, ки дар пайи ба дасти тавлидкунандагони маҳаллӣ супурдани бозори тухм, тақрибан 60 дарсад боло рафтааст.
XS
SM
MD
LG