Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозори Тоҷикистон дар монополияи кист?


Дар ҳоле, ки мардум дар бораи вуҷуди монополияи ширкатҳо дар бозори дохилӣ иддао мекунанд, мақомот вуҷуди монополияро рад менамоянд.

Масъулони Хадамоти зидиинҳисории давлати Тоҷикистон гуфтаанд, ки ҷузъ бозори маводи сӯхт, дар бахшҳои бозор, аз ҷумла маводи ғизоӣ ва сохтмони манзил монополия вуҷуд надорад. Ба ҷузъ ширкатҳои алоҳида, ки саҳмашон дар воридоти маводи ғизоӣ бештар аст.

"ШИРКАТИ ДОМИНАНТ ВУҶУД НАДОРАД"

Акбар Хоҷаев, як масъули Хадамоти зидиинҳисории Тоҷикистон дар гуфтугӯ ба РО гуфт, ки вуҷуди ширкатҳои доминант дар бозори дохилӣ бар асоси қонуни Тоҷикистон аст ва ин ширкатҳоро наметавон монополист гуфт. Вай афзуд: «Имрӯз аз рӯи таҳлилҳое, ки мо дар даст дорем, ширкати доминанте, ки дар бозор мавқеи ҳукмфармо дошта бошаду ба бозор таъсир расонад, вуҷуд надорад. Танҳо дар бозори маводи сӯхт ширкатҳои доминант ҳастанд».

Ба гуфтаи Акбар Хоҷаев, дар соли ҷорӣ танҳо ширкати «Газпромнефт- Тоҷикистон» -и Русия мунтазам ба Тоҷикистон маводи сӯхт ворид кардааст. Ширкати «Аноҳито» бошад, дар чанд моҳи ахир умуман маводи сӯхт ворид накардааст. Ширкати «Умед-88», «Нури Дилшод»,

«ОзодИнтернешнал» ва «ХонақоҳНефтПродукт» низ ба ҳамин шева кор мекунанд. Яъне ин ширкатҳо аз воридоти бензини қимат худдорӣ кардаанд, ба ин далел, ки мабодо фардо ё пасфардо Русия боҷи давлатиро лағв кунаду бензин арзон шавад, онҳо бо ин бензини қимат варшикаст ё банкрот мешаванд. Ин аст, далели камчинии бензин дар бозори дохилӣ. Гузашта аз ин, ширкати «Нури Дилшод» ба ворид кардани маводи сӯхт он қадар алоқамандии зиёд надорад. Ба ин далел, ки ҷуз маводи сӯхт, ин ширкат орд низ ворид мекунад.

Ба гуфтаи масъулони Хадамоти зиддиинҳисорӣ, «Нури Дилшод» дар 8 моҳи соли ҷорӣ чор дарсади бозори ордро дар ихтиёр доштааст. Акбар Хоҷаев, аз Хадамоти зиддиинҳисорӣ дар бораи ширкатҳои воридкунандаи орду ғалла гуфт: «Гандум ворид мекунанд, ширкатҳои «Сомон- Турон», «Меҳру», «ТоҷАгроХуҷанд» ва ширкати «Ҷасур» -и Душанбе. Ордкунандаҳо ширкатҳои «Сахӣ», «Маъбуд», «АрумСпика», «Назриён», «Сомон Тиҷорат» ва «Нури Дилшод» ҳастанд, ки дар бозор саҳми зиёд доранд».

КӮМАКҲОИ БАШАРДӮСТОНА ДАР БОЗОР?

Хадамоти зиддиинҳисорӣ дар бораи бозори шакар ва ширкатҳои воридкунандаи он иттилоъ надод, ки ба қавли ин хадамот ҳоло баррасии бозори шакар идома дорад. Дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон равған дар бозор камчин нест. Ба замми он, ки ширкати «Умед -88» аз пунбадона равған истеҳсол мекунад ва дар бозор саҳми хуб дорад, Тоҷикистон равғанро аз Русия, Қазоқистон ва Эрон ворид мекунад. Ва ба итлова дар нимсолаи соли ҷорӣ кишварҳои хориҷӣ ба
Тоҷикистон беш аз 600 тона равғани растанӣ ба унвони кӯмаки башардӯстона ворид кардаанд, ки ба қавли бархе аз таҳлилгарон, ин равған низ дар бозорҳо фурӯхта мешаванд. Вале бо вуҷуди фаровонии равған дар бозорҳои дохилӣ, аз чӣ бошад, ки қимати он пойин намеравад, мисли он, ки қимати масолеҳи сохтмонӣ дар бозорҳо ҳам арзону ҳам гарон вуҷуд дорад.

МАСОЛЕҲИ АРЗОН ВА ХОНАҲОИ ГАРОНҚИМАТ

Вале қимати хонаҳои сохта сол ба сол арзон не, балки қимат мешаванд. Дар ҳоле, ки ширкатҳои сохтмонии номнависшуда дар Оҷонси сохтмонии давлат аз ҳазор убур мекунад ва 42 ширкати сохтмонии воқеан нақшдошта дар бозори сохтмон фаъол аст. Ба гуфтаи таҳлилгарон, сохтмончиён талош мекунанд, хонаҳоро аз маводи арзон сохта онро ба нархи маводи қимат пешниҳод кунанд. Аммо Маҳмадшариф Сафаров, аз хадамоти иҷозатдиҳии давлатии Оҷонси сохтмон мегӯяд, ки назорат дар ин замина вуҷуд дорад. Вай афзуд: «Ҳар се моҳ мавзӯи масолеҳи сохтмонӣ дар лоиҳаҳои иҷрошуда дар қиёс ба нархҳои бозори дохилӣ баррасӣ мешавад ва вобаста ба нархи масолеҳ ва технологияи сохтмон барои хонаи ҳар як ширкат нархгузорӣ таъин мешавад».

Ҳоло як метри квадратии манзил аз 750 то 1200 доллар ва аз ин ҳам зиёд арзиш дорад, ки ба эътиқоди таҳлилгарон дар қиёс ба қимати маводи сохтмонӣ дар бозор 30 -35 дарсад гаронтар аст.

Аммо Баҳром Юсуфов, сармеъмори ҷумҳурии Тоҷикистон далели аслии гаронии манзилро дар ин намебинад. Ба таъкиди вай, далел гарони молиёт ва пардохтҳо ба давлат аст. Ҷаноби Юсуфов афзуд: «18 дар сад андози НДС ё афзуда бар арзиш, боз пардохтҳои дигар. То як сохтмон анҷом шавад, сад сомонии шумо ба 1000 сомонӣ мерасад. Андоз додан ҳам зарур аст. Давлат аз ин ҳисоб ба мардум моҳона медиҳад. Ду сол пеш нархи як метри квадратии

манзил 520 доллар буд, болои он манфиати ширкат зам шавад, то 900 долар мерасад. Шояд дар оянда андоз камтар шаваду рақобат ба вуҷуд биояд. Вале бештар ба назари ман шаҳрвандони ҷавон худашон хона созанд, арзон тамом мешавад».

Сармеъмории ҷумҳурии Тоҷикистон вуҷуди монополия дар сохтмони манзилро рад кард. Вале аз чӣ бошад, ки ба гуфтаи таҳлилгарон бархе аз ширкатҳои сохтмонӣ бештар дар тендер ва ё музоядаҳо баранда мешаванд, вале ширкатҳои дигар не.
Барои мисол ширкати «Шаҳрофар», ки қаблан ширкати «Гипрострой», дигараш ширкати «Саноатсоз», ҳамчунин ширкати «НАНА» ва ғайра бештар дар тендерҳо ғолиб меоянд.

МОНОПОЛИСТ КИСТ-МАҚОМОТИ ДАВЛАТӢ?

Ба эътиқоди Давлатмурод Ҷумъаев, коршиноси бахши иқтисод, дар соири бахшҳои бозори дохилӣ аз ҷумла маводи сӯхт, ғизо ва сохтмон монополистҳо ҳастанд, ки дар мақомоти баландпояи давлатӣ кор мекунанд. Вай мегӯяд: «Тамоми секторҳои бозори дохилӣ таҳти нуфузи як идда монополистҳо қарор дорад, ки дар мақомоти давлатӣ вазифаҳои калонро соҳиб шудаанд ва то замоне, ки ин монополистҳо вуҷуд доранду ширкатҳои худро ба номи наздиконашон номнавис кардаанд, монополия аз байн намеравад ва бозори дохилӣ беназм боқӣ мемонад».

Ба эътиқоди таҳлилгарон, аксарияти раҳбарон, намояндагони мардумӣ дар парлумон соҳиби ширкатҳои воридкунандаи маводи ғизоӣ, аз қабили орд, равған, шакар, тухми мурғ ва ғайра ҳастанд, ки ба номи наздиконашон номнавис шудаанд.

Ба эътиқоди Некрой Забиров, раиси Иттифоқи тоҷирон ва соҳибкорони Тоҷикистон агарчӣ дар бозор монополия набошад низ миёни ширкатҳои доминант дар бозор тавофуқи лафзӣ вуҷуд дорад, ки нарх ва бозорро контрол мекунанд.

Професор Ҳоҷимуҳаммад Умаров ба ин назар аст, ки ин ширкатҳо барои он доминанд ҳастанд, ки аз сӯи мақомоти давлатӣ пуштибонӣ мешаванд ва бонкҳои тиҷоратӣ низ танҳо ба ин ширкатҳо қарз медиҳанд, то ворид кунанд ва контроли бозорро аз даст надиҳанд.
XS
SM
MD
LG