Дар дархосте, ки шоми дирӯз, 13 август ба оҷонсӣ ироа шудааст, вакилони дифои Зайд Саидов, соҳибкори муваффақ ва собиқ вазири саноати Тоҷикистон гуфтаанд, ки ин парванда бинобар “бар пояи иттиҳоми бепояву асос ва сохта бунёд шуданаш”, баста шавад. Яке аз вакилони дифоъ дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, тафтишот метавонад чунин иттиҳомро танҳо бар асоси озмоиши ДНК-тест исбот кунад, вале бо сабаби набуди шароити анҷоми чунин навъи озмоиш дар лабораторияҳои тиббии Тоҷикистон, собит кардани иттиҳомоти ворида номумкин аст.
Аз ҳашт иттиҳом алайҳи Зайд Саидов, ду иттиҳоми ахир - таҷовуз ба номус ва ба исқоти ҳамл водор кардани ноболиғ сангин мебошанд. Ин ҷурм, агар исбот шавад, мӯҳлати тӯлонии зиндонро дар назар мегирад. Оҷонсии зидди фасод мегӯяд, ки то ҳол тафтишот муайян кардааст, ки замони вазири саноати Тоҷикистон буданаш ва баъд аз он, яъне баъди солҳои 2005, ин шахс даст ба чандин ҷиноят задааст.
То ҳол нисбати ӯ аз рӯи 8 моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, аз ҷумла, гирифтани пора (моддаи 319), қаллобӣ, бисёрзанӣ (моддаи 170), тамаъҷӯӣ (моддаи 250), сӯъиистифода аз ваколатҳои хидматӣ (моддаи 314), таҷовуз ба номус (моддаи 138), маҷбур сохтан ба исқоти ҳамл ва алоқаи ҷинсӣ бо нафаре ки ба синни 16 нарасидааст парванда боз шудааст. Зайд Саидов аз 19 май инҷониб дар боздошт аст ва мутмаин аст, ки ин иттиҳомот ҳама ангезаи сиёсӣ дошта посух ба нияташ оиди таъсиси як ҳизби мухолифи давлат бастагӣ дорад.
Ахиран, тибқи иттилои вакилони дифоъ, дар дохили боздоштгоҳи муваққати Оҷонсии зиддифасод дар Душанбе муфаттишон Зайд Саидовро бо ҷавонзане рӯбарӯ карданд, ки иддао дорад, гӯё дар айёми ноболиғияш аз тарафи ин соҳибкор таҷовуз шудааст. Рӯзи 14 август Исҳоқ Табаров, вакили дифои Зайд Саидов ба Радиои Озодӣ гуфт, ки «дар ин дидор духтари ноболиғ иддао кард, ки Зайд Саидов 5 сол қабл ба номуси вай таҷовуз кардааст ва бо ин даъвояш исрор мекард. Аммо Зайд Саидов ин иддаои духтари ноболиғро комилан рад кард. Духтар ба суолҳои Зайд Саидов, ки дар куҷо ва дар чӣ шароит ин ҳолат рух додааст, ҷавоби мушаххас дода натавонист». Ин рӯбарӯкунӣ баъди пофишориҳои зиёди ҷониби муттаҳам баргузор шуд, чун баъди эълони ифтитоҳи парвандаи нави марбут ба таҷовуз ба номус, ҷониби тафтишот ба ҷуз намоиши модари нафари даъвогар аз рӯбарӯкунӣ бо духтари эҳтимолан ҷабрдида худдорӣ мекарданд. Ҳатто вакили дифои даъвогар Нигина Холиқова ҳам, ки ба дафтари радиои Озодӣ омада буд, гуфт, аз лиҳози ахлоқӣ нафари зерҳимояаш наметавонад чеҳраи худро ошкор кунад.
Оҷонсии назорати давлатии молия ва мубориза бо коррупсия бо пахши як иттилоия, 18 июли соли равон иттиҳоми "таҷовуз ба номус" алайҳи Зайд Саидовро шарҳ дод ва гуфт, даъвогар пас аз шунидани қазияи боздошти Зайд Саидов тасмим гирифтааст, ба оҷонсӣ муроҷиат кунад. Бино бар хабари ин ниҳод, ҳангоми баррасии аризаи як шаҳрванд муқаррар гаштааст, ки Саидов дар моҳи апрели соли 2008, ноболиғи 14-сола, толибаи синфи 7-ро "бо роҳи фиреб ба як хонаи истиқоматӣ бурда, ӯро ба воситаи нӯшокии мадҳушкунанда беҳуш карда, аз вазъияти оҷизонаи ӯ истифода намуда, ба номусаш таҷовуз мекунад.»
Дар идомаи ин иттилоия омадааст, ки Зайд Саидов аз дороии худ истифода намуда ва аз моҳи апрели соли 2008 то моҳи августи соли 2012 аз роҳи таҳдид ва зӯроварӣ мунтазам алоқаҳои ҷинсиро бо ӯ давом медиҳад ва дар давраи солҳои 2008-2012 дар натиҷаи алоқаҳои ҷинсии мунтазами Зайд Саидов бо ин духтари ноболиғ, ӯ се маротиба ҳомиладор мешавад.
Бар пояи ин иттилоия, Зайд Саидов бо мақсади он ки кирдорҳои ӯ ошкор нагардад, дар ин се ҳолат духтарро барои исқоти ҳамл кардан маҷбур месозад, ки дар натиҷа охирин аз ноилоҷӣ дар ин се ҳолат исқоти ҳамл менамояд. Иттилоияи Оҷонсӣ мегӯяд, ки аз ин ҳодиса модари духтар огаҳ шуда бо Зайд Саидов вомехӯрад ва ӯ ба модари духтар ваъда медиҳад, ки духтари ӯро ба занӣ гирифта ва шароити зиндагии ӯро таъмин менамояд.
Аммо ҳам Зайд Саидов ва ҳам вакилони дифои у ин айбномаро аз оғоз рад карда як тӯҳмати беасос унвон кардаанд.
Радиои Озодӣ