Варзишгарони тоҷик дар 5 рӯзи мусобиқот аз рӯи барномаи Бозиҳои XVII осиёӣ дар Инчони Кореяи Ҷанубӣ дар 7 намуд ширкат карда, то ҳоло медал ба даст наовардаанд.
Ёдовар мешавем, ки дар сабқати дзюдо се варзишгари тоҷик – Расул Абдушарифов (-66 кг), Комроншоҳи Устопириён (-90 кг) ва Муҳаммадмурод Абдураҳмонов (+100 кг) – имкони ба даст овардани медалҳои биринҷиро аз даст доданд ва дар натиҷа ҳарсе ҷойҳои 5-умро соҳиб гаштанд. Чор паҳлавони дигари тоҷик - Каъбатулло Аминов (-60 кг), Саидмухтор Расулов (73 кг), Фарҳод Раҳимов (-81 кг) ва Дадахон Қурбоналиев (-100 кг) бошанд, дар даврҳои муқаддамотӣ шикаст хӯрданд.
Дастаи мунтахаби футболбозони то 23-солаи Тоҷикистон (U-23), ки дар сабқати гурӯҳи “С” бо 6 имтиёз дувум шуд, ба даври 1/8-ниҳоӣ роҳ ёфт. Рақиби мунтахаби Тоҷикистон дар ин давр ғолиби гурӯҳи «D» - мунтахаби Ироқ - мебошад. Ин бозӣ 26-уми сентябр дар варзишгоҳи «Хвасон»-и шаҳри Хвасон соати 12.00 ба вақти Душанбе шурӯъ мешавад.
Дар сабқати тирпарронӣ барои аввалин бор дар Бозиҳои осиёӣ мунтахаби Тоҷикистон бо теъдоди зиёд - 11 варзишгар (6 марду 5 зан) - ширкат кард. Ба ҳайати дастаи мардона ва ҳам дастаи занона, аслан, варзишгарони ҷавони синнашон 14-18 - сола шомил буданд. Натиҷаи нисбатан беҳтарро дар байни тирандозони тоҷик дар Бозиҳои XVII осиёӣ Малика Лагутенко нишон дод. Вай дар тирандозӣ аз милтиқ ба масофаи 10 метр бо 405,5 хол дар байни 54 нафар ширкаткунандаи мусобиқот ҷойи 40-умро гирифт.
Дар сабқати волейболи соҳилӣ дастаи мардонаи Тоҷикистон дар ҳайати ду нафар – Мӯҳсини Рустамзода ва Шариф Ёрзода – дар гурӯҳи худ дар ҳарсе бозӣ аз тимҳои Тайланд, Молдив ва Қатар бо ҳисоби якхелаи 0-2 шикаст хӯрд.
Дастаи занонаи волейболи соҳилӣ низ дар ҳайати Шаҳноза Назирова ва Малика Диловаршоева дар нахустин бозиаш аз тими Чин ва дар бозии дувумаш аз тими Кореяи Ҷанубӣ бо ҳисоби 0-2 мағлуб гашт.
Дар сабқати шиноварӣ ба масофаи 50 метр бо усули озод варзишгарони тоҷик Олим Қурбонов (27,65 сония) ва Раҷабмурод Қосимов (28,29) дар даври интихобӣ иштирок карда, аз ҳаққи ширкат дар даври баъдӣ маҳрум шуданд. Инчунин дар шиноварӣ ба масофаи 50 метр бо усули брасс Ёқубҷон Умаров (1:23,35) дар даври интихобӣ дар байни 28 нафар ҷойи охиринро гирифт.
Дар сабқати инфиродии камонварӣ миёни занон Фирӯза Зубайдова бо 590 имтиёз дар байни 56 нафар занон ҷойи 45-умро соҳиб шуд. Дар сабқати инфиродӣ миёни мардон Роберт Нам бо 1231 хол дар байни 71 нафар ҷойи 43-юмро ишғол кард.
Дар сабқати вазнабардорӣ Низом Сангов дар вазни то 69 кг бо натиҷаи 262 кг (122+140) дар байни 23 нафар 12-ум шуд.
Коршиносони соҳа аз варзишгарони тоҷик дар риштаҳои бокс (Мавзуна Чориева, Анвар Юнусов, Ҷаҳон Қурбонов ), варзиши сабук (гурзандоз Дилшод Назаров), гуштии озод (Искандари Рустам, Залимхон Юсупов, Николай Ноев), гуштии юнониву румӣ (Муродҷон Тӯйчиев) ва таэквон-до WTF (Алишер Гулов, Фарҳод Неъматов ва Моҳрӯ Ҳалимова) натиҷаҳои баланд, медалҳоро чашмдоранд.
Дар Бозиҳои XVII осиёӣ, ки дар шаҳри Инчони Кореяи ҷанубӣ то 4-уми октябр идома мекунанд, ҳайати варзишии Тоҷикистон бо шумули беш аз 150 нафар, аз он ҷумла 91 варзишгар, ширкат дорад.
Дар ин мусобиқоти бузургтарини қитъавӣ варзишгарони тоҷик аз рӯи 16 намуд - бокс, дзюдо, гуштини озод, гуштини юнониву румӣ, варзиши сабук, тирандозӣ, футбол, шиноварӣ, каратэ, таэквондо ВТФ, вазнабардорӣ, камонварӣ, ушу, софт теннис, қаиқронӣ ва волейболи соҳилӣ рақобат мекунанд.
Дар Бозиҳои XVII осиёӣ мунтахаби Чин ҳам дар ҳисоби умумидастаӣ ва ҳам бо назардошти сифати медалҳо пешсафи ягона мебошад. Варзишгарони Чин то кунун ҳамагӣ 136 медал – 72 тилло, 34 нуқра ва 30 медали биринҷӣ ба даст овардаанд.
Мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ бо касби 84 медал - 28 нишони тилло, 29 нуқра ва 27 биринҷӣ - дар мақоми дувум аст. Варзишгарони Ҷопон бо касби 83 медал -22 нишони тилло, 33 нуқра ва 28 биринҷӣ дар мақоми севуманд.
Тими Қазоқистон (6 тилло, 7 нуқра ва 16 биринҷӣ) дар мақоми 4-ум ва мунтахаби Кореяи Шимолӣ (4 тилло, 7 нуқра ва 8 биринҷӣ) дар мақоми 5-ум мебошанд.
Умуман, то ҳоло варзишгарони 27 кишвар медалҳои Бозиҳои XVII осиёиро ба даст овардаанд ва намояндагони16 кишвар ба унвони қаҳрамони бозиҳо мушарраф шудаанд.
Аз кишварҳои Осиёи марказӣ ба ҷуз мунтахаби Қазоқистон, Узбакистон бо 3 медали нуқра ва 7 биринҷӣ дар ҷойи 18-ум ва Туркманистон бо 1 медали нуқра ва 2 биринҷӣ дар ҷойи 22-юм қарор доранд. Вале варзишгарони Қирғизистону Тоҷикистон то ҳоло медал нагирифтаанд. Инчунин тими Эрон бо 3 медали тилло, 6 нуқра ва 4 биринҷӣ дар ҷойи 8-ум аст.
Дар Бозиҳои XVII осиёӣ ҳудуди 9500 варзишгари 45 кишвар барои 439 маҷмӯи медалҳо оид ба 36 риштаи варзиш ва 48 намуд сабқат мекунанд. Шумораи аз ҳама зиёди варзишгарон дар ҳайати мунтахаби Чин – 888 нафар – иштирок доранд. Ба ҳайати мунтахаби мизбонон – Кореяи Ҷанубӣ 829 варзишгар шомил аст. Баъдан мунтахаби Ҷопон бо шумули 717 варзишгар ва Тайланд – 518 варзишгар ба Инчон омадаанд.
Шумораи аз ҳама ками варзишгарон дар дастаҳои Бруней (11 нафар), Бутан (16 нафар) ва Камбоҷа (20 нафар) мебошад. Теъдоди варзишгарон дар ҳайати дастаҳои мунтахаби кишварҳои Осиёи Марказӣ чунин аст: Қазоқистон – 410, Узбакистон – 289, Қирғизистон – 115, Тоҷикистон – 91, Туркманистон – 80. Инчунин дар ин бозиҳо аз Эрон 281 ва аз Афғонистон 71 варзишгар ширкат доранд.
Бояд тазаккур дод, ки мунтахаби Тоҷикистон сар аз соли 1994 барои бори шашум дар Бозиҳои осиёӣ ширкат меварзад. Дар Бозиҳои пешин варзишгарони тоҷик ҳамагӣ 16 медал ба даст овардаанд, ки сетоаш тилло, дутоаш нуқра ва ёздаҳтоаш биринҷӣ мебошад. Аз он ҷумла, ду медали тилло ба Дилшод Назаров, гурзандози машҳури тоҷик, мансуб аст. Як медали дигари тиллоро Ҷаҳон Қурбонов, муштзани маъруфи тоҷик, ба даст овардааст.
Дарвоқеъ, варзишгарони тоҷик соли 2010 дар Бозиҳои XVI осиёӣ дар шаҳри Гуанҷоуи Чин 4 медал (1 тилло ва 3 биринҷӣ) ба даст оварда буданд. Дилшод Назаров дар гурзандозӣ бо натиҷаи 76 метру 44 сантиметр бо медали тилло сарфароз гаштааст. Расул Боқиев дар риштаи дзюдо дар вазни то 73 кг ва Муродҷон Тӯйчиев дар намуди гуштини юнониву румӣ дар вазни 120 кг ва Ҷаҳон Қурбонов дар риштаи бокс дар вазни то 91 кг бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шудаанд.
ҶАДВАЛИ МУСОБИҚОТИ ВАРЗИШГАРОНИ ТОҶИК ДАР БОЗИҲОИ XVII ОСИЁӢ ДАР ИНЧОНИ КОРЕЯИ ҶАНУБӢ
25 сентябр (панҷшанбе)
ШИНОВАРӢ. Мардон. 100 м (усули озод). 09.00-11.30
Мардон. 50 м (брасс). 09.00-11.30
Мардон. 50 м (усули озод). 09.00-11.30
БОКС. Мардон. -49 кг, -60 кг, -75 кг.14.00-17.00 19.00-21.30
ВАЗНАБАРДОРӢ. Мардон. -94 кг. 21.00-21.30
26 сентябр (ҷумъа)
БОКС. Мардон. -91 кг.14.00-17.30 19.00-23.00
27 сентябр (шанбе)
ВАРИШИ САБУК. Давидан, 1500 м. Мардон. 10:30-22.25
Гурзандозӣ. Мардон.18.45-20.15
Давидан, 400 м. Мардон. 21:00-22.25
ГУШТИНИ ОЗОД. Мардон. -57 кг, -70 кг. 13:00-17:00
ҚАИҚРОНӢ ДАР БАЙДАРКА ВА КАНОЭ. Мардон. К1 1000 м, К1 200 м, С1 200 м, К2 200 м. 10:00 – 12:15 14:00-15:05
БОКС. Занон. -51 кг, -60 кг. 14.00-18.00
28 сентябр (якшанбе)
ВАРЗИШИ САБУК. Давидан, 1500 м. Мардон.10:30-11.15
Бисёрҳарба. Занон.10:00-11.15
ГУШТИНИ ОЗОД. Мардон. -65 кг, -97 кг. 13:00-17:00
29 сентябр (душанбе)
СОФТ ТЕННИС. Мардон. (Singles/ 09:00-18:29
ВАРЗИШИ САБУК. Бисёрҳарба. Занон. 10:00-11.15
ГУШТИНИ ОЗОД. Мардон. -61 кг, -74 кг, -86 кг. 13:00-17:00
30 сентябр (сешанбе)
ТАЭКВОНДО. Мардон. -74 кг, -87 кг. 09.30-12-30 14.00-20.00
Занон. -49 кг, -87 кг. 09.30-12-30 14.00-20.00
ГУШТИНИ ЮНОНИВУ РУМӢ. Мардон. -59 кг, -98 кг. 13:00-17:00
ВАРЗИШИ САБУК. Давидан, 200 м. Мардон. 19:45-22.05
Давидан, 800 м. Мардон. 20:40-22.05
1 октябр (чоршнбе)
ГУШТИНИ ЮНОНИВУ РУМӢ. Мардон. -66 кг, -130 кг. 13:00-17:00
19:00-21:00
ТАЭКВОНДО. Мардон. -80 кг, +87 кг. 09.30-12-30 14.00-20.00
Занон. -57 кг. 09.30-12-30 14.00-20.00
2 октябр (панҷшанбе)
СОФТ ТЕННИС. Мардон. (Doubles) 09:00-14:30
ТАЭКВОНДО. Мардон. -63 кг, -68 кг. 09.30-12-30 14.00-20.00
3 октябр (чумъа)
ТАЭКВОНДО. Мардон. -54 кг, -68 кг. 09.30-12-30 14.00-20.00
КАРАТЭ. Мардон. Кумитэ. -60 кг. 11:50-16:50. Занон. +73 кг
Эзоҳ: агар варзишгарон ва дастаҳо ба даври баъдӣ роҳ ёбанд, он гоҳ аз рӯи ҷадвали Бозиҳои XVII осиёӣ сабқатро идома медиҳанд. Замони баргузории мусобиқот бо вақти маҳаллист.
Нарзуллоҳи Латиф, Инчон, Кореяи ҷанубӣ