Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рамазон Раҳимов бо чиниҳо терроризмро баҳс мекунад


Рамазон Раҳимов, вазири умури дохилии Тоҷикистон.
Рамазон Раҳимов, вазири умури дохилии Тоҷикистон.

Тоҷикистон ва Чин роҳҳои мубориза бар зидди терроризм, экстремизм ва сепаратизм баҳс мекунанд.

Бино ба иттилои торнамои Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, як ҳайати баландпояи ин ниҳод бо раҳбарии генерал-лейтенат Рамазон Раҳимов рӯзи якшанбеи 25-уми ноябр озими Чин шудааст.

Ба навиштаи ин манбаъ, дар ҷараёни сафари ин ҳайат, миёни Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ва Вазорати амнияти мардумии Чин масоили гуногун, аз ҷумла мубориза алайҳи терроризм, экстремизм, сепаратизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, мубодилаи иттилоот, омӯзиши кадрҳо ва ҳамкориҳои минтақаҳои наздисарҳадӣ мавриди баррасӣ қарор мегирад.

Дар ҳодисаҳои тобистони соли ҷорӣ дар Хоруғ, ҷониби Чин аз мавқеи ҳукумати Тоҷикистон пуштибонӣ карда ва гуфта буд, тарафдори суботу оромӣ дар минтақа мебошад. Вазорати умури хориҷаи Чин он замон тайи як баёния таъкид карда буд, ки ҳамҷониба омодааст, бо тақвият додани ҳамкориҳои дуҷониба ва ҳамчунин дар доираи Созмони ҳамкориҳои Шонҳой алайҳи «се нерӯи бад» - тундгароӣ, ҷудоиталабӣ ва терроризм мубориза барад.

Ниҳодҳои интизомии Тоҷикистон ва Чин ҳамкориҳои танготанг дорад ва дар моҳи апрели соли 2011 миёни вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва вазорати амнияти мардумии Чин мувофиқатномае ба имзо расид, ки тибқи он Чин ба маблағи 3 миллион юан таҷҳизот дар ихтиёри полиси Тоҷикистон мегузорад. Тоҷикистон ин таҷҳизотро дар мубориза бо қочоқи маводи мухаддир, мубориза бо ҷиноёт ва дар мубориза бо гурӯҳҳои тундрав истифода мекунад.

Дар назар аст зимни сафари Рамазон Раҳимов ва ҳайати ҳамроҳи ӯ ба Пекин, миёни Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ва вазорати амнияти мардумии Чин дар робита ба ҳамкориҳои наздисарҳадӣ Ёддошти тафоҳум ба тасвиб расад. Тоҷикистон бо Чин 500 километр марзи муштарак дорад ва дар ҳоли ҳозир марзбонони ҳар ду кишвар хати марзи муштаракро дар минтақаи мухтори Шинҷон-Уйғури Чин ва дар минтақаи Мурғоби Тоҷикистон назорат мебаранд.

Моҳи октябри соли равон Кумитаи доимии Конгресси мардумӣ – парлумони Чин – созишномаи сеҷонибаи марзӣ бо Тоҷикистону Афғонистонро тасвиб кард. Вазири умури хориҷии Чин Янг Ҷейчӣ он замон ба намояндагӣ аз Шӯрои давлатии Чин ба ин кумита гуфта буд, ки ин қарордод бар пояи паймонҳои марзӣ бо Кобулу Душанбе буда, "тасвиби созишнома гоми муҳиме дар роҳи истиқрори сулҳ дар ин манотиқи марзист ва дӯстиро байни ин се кишвар боз ҳам тақвият хоҳад дод". Чин тарҳи ин созишномаро бо Тоҷикистону Афғонистон ҳанӯз дар соли 2010 имзо карда буд. Тарҳи ниҳоии қарордод моҳи июни соли 2012 аз сӯи вазирони умури хориҷии се кишвар дар Пекин ба имзо расид.

Чин ҳанӯз аз аҳди Шӯравӣ ба бахше аз қаламрави Тоҷикистон даъво дошт. Як ҳадафи асосӣ аз таъсиси Созмони Шанхай низ дар ибтидо пайдо кардани як роҳи ҳалли баҳсҳои марзии Чин бо кишварҳои пасошӯравӣ гуфта мешуд. Музокироти Пекину Душанбе дар масоили марзӣ соли 2012 бо имзои қарордоде зимни сафари раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Чин анҷом ёфт. Бар асоси ин санад, Тоҷикистон тақрибан 1000 километри мураббаъ аз қаламравашро ба Чин дод.

Мунтақидон ба як кишвари хориҷӣ таслим кардани қариб як дарсади хоки Тоҷикистонро ба боди интиқод кашиданд ва мегуфтанд, чунин масъалаи муҳим, тибқи Қонуни асосии Тоҷикистон, бояд бар асоси райъпурсии саросарӣ ҳаллуфасл мешуд. Вале мақомоти Душанбе ин тавофуқро як пирӯзии дипломатӣ ба қалам медиҳанд ва мегӯянд, ҳалли баҳси марзӣ роҳро барои густариши ҳамкориҳои ҳасана бо Пекин ҳамвор кард.
XS
SM
MD
LG