Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кобул гузаргоҳҳои марзӣ бо Тоҷикистонро муваққатан мебандад


Ҳукумати Афғонистон тасмим гирифтааст, ки дар рӯзи баргузории интихоботи порлумонӣ ё Вулуси Ҷирга дар он кишвар марзашро бо Тоҷикистон муваққатан бибандад. Масъулони сафорати Афғонистон дар Душанбе гуфтанд, ки "чунин тасмим бесобиқа аст".

  • Интихоботи порлумонӣ дар Афғонистон рӯзи 20-уми октябр баргузор хоҳад шуд. Аммо ба далели ҳамлаҳои маргбори террористӣ дар Қандаҳор раъйдиҳӣ дар ин минтақа ба як ҳафтаи дертар гузошта шудааст.

Нусрат Раҳимӣ, намояндаи Вазорати корҳои дохилии Афғонистон, рӯзи 19-уми октябр дар суҳбат бо бахши дарии Радиои Озодӣ гуфт, ки тасмими бастани марзҳо ба хотири "таъмини амният дар рӯзи баргузории интихобот" ва "ҷилавгирӣ аз тақаллубкорӣ" гирифта шудааст. Ба қавли Раҳимӣ, дар ин рӯз равуои шаҳрвандон ва, ҳамин тавр, ҳаракати мошинҳо аз марзҳои Афғонистон муваққатан қатъ карда мешавад.

"Дар Душанбе раъйдиҳӣ намешавад"

Фаҳим Кӯҳдоманӣ, котиби аввали сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон, рӯзи 19-уми октябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ ин хабарро тасдиқ кард. Ӯ гуфт, "дар таърихи Афғонистон чунин тасмим бесобиқа мебошад".

Кӯҳдоманӣ дар посух ба ин суол, ки оё дар бинои сафорати Афғонистон дар шаҳри Душанбе низ раъйдиҳӣ сурат мегирад, гуфт: "На, ин интихоботи порлумонӣ аст ва тибқи қонунгузорӣ интихоботи вакилони мардумӣ танҳо дар дохили кишвар роҳандозӣ мешавад".

Тоҷикистон бо Афғонистон 1400 километр марзи муштарак дорад. Ва дар тӯли марз панҷ гузаргоҳи сарҳадӣ фаъол аст.

"Мо ҳам гузаргоҳҳоро барои як рӯз мебандем"

Муҳаммадҷон Улуғхоҷаев, сухангӯи нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон гуфт, Кобул онҳоро дар заминаи бастани гузаргоҳҳо огоҳ кардааст. "Онҳо маъракаи муҳими сиёсӣ доранд ва дар доираи ҳамкориҳо аз қабл моро огоҳ карданд. Ба хотири ҳамин, гузаргоҳҳои марзӣ аз тарафи Тоҷикистон ҳам баста мешавад, то мошинҳо аз ҷониби кишвари мо ба сӯи марзи онҳо ҳаракат накунанд. Айни замон фақат барои як рӯз гузаргоҳҳои мазӣ кор намекунанд."

Ба қавли Улуғхоҷаев рӯзона аз марзи Тоҷикистону Афғонистон аз 100 то 150 мошин мегузарад.

Дар чанд соли охир тоҷирони тоҷик қаламрави Афғонистонро барои кашондани маҳсулоти содиротиву воридотӣ истифода мекунанд. Баста шудани марз ҳатто барои як рӯз дар фаъолияти тоҷирон мушкили муваққатӣ эҷод мекунад.

Таҷрибаи бастани марз бо Тоҷикистон тӯли солҳои охир танҳо дар муносибат бо Узбекистон мушоҳида мешуд. Дар замони раҳбарии Ислом Каримов, раиси ҷумҳури пешини Узбекистон, Тошканд дар рӯзҳои ҷашнҳо ё чорабиниҳои сиёсӣ марзҳояшро бо кишварҳои ҳамсояҳо мебаст.

"Нигарониҳои Афғонистон аз Покистон аст"

Ба эътиқоди соҳибназарон, бастани марзи Афғонистон бо Тоҷикистон дар таърихи навин бесобиқа аст. Илҳом Нарзиев, хабарнигори тоҷик, ки ҳаводиси Афғонистонро пайваста пайгирӣ мекунад, гуфт, Кобул аз Тоҷикистон ҳаросе надорад. "Бастани марзҳои ин кишвар умдатан ба хотири таҳдидҳо аз Покистон будааст", - гуфт ӯ.

Назриев афзуд, "дар рӯзҳои охир дар қаламрави Афғонистон чанд амали террористӣ рух дод, ки дар пайи он чанд шахсияти саршиноси ин кишвар кушта шуданд. Кобул дар анҷоми ин амалҳо Покистонро айбдор мекунад. Ба ин далел, метавон гуфт, ки бастани марзҳои Афғонистон асосан барои ҷилавгирӣ аз хатарҳое сурат гирифтааст, ки аз самти Исломобод меоянд."

Дастгоҳҳо шаффофиятро таъмин мекунанд?

Масъулони Кумисюни интихоботӣ дар Афғонистон ба интихоботи порлумонии рӯзи 20-уми октябр омода мешаванд. Ҳазорҳо дастгоҳи биометрӣ қарор аст барои мушаххас кардани ҳувияти раъйдиҳандагон ва ҳам ҷилавгирӣ аз тақаллуб хидмат кунад. Ба гуфтаи сухангӯи Кумисюни интихоботӣ Саидҳафизулло Ҳошимӣ, ин дастгоҳҳо дар интихобот нақши калидӣ мебозанд.

Мақомот умед доранд, ки ин дастгоҳи пешрафта ҷараёни овоздиҳиро шаффоф нигоҳ дошта, эътимоди ҷомеа ба интихоботро афзоиш медиҳад. Ин дастгоҳҳо махсус бо ҳадафи ташхиси шиносномаҳои ҷаълӣ ва ҳам пешгирӣ аз хариду фурӯши овозҳо оварда шудаанд. Ҳарчанд дар миёни масъулон як нигаронӣ ҳам вуҷуд дорад, ки оё ҳамаи 125 ҳазор коргари интихоботӣ тавони истифодаи дурусти ин дастгоҳҳоро сари вақт омӯхтаанд, ё на.

Марям Аҳмадӣ, узви Кумисюни мустақили интихоботӣ гуфт, кормандони интихоботӣ бидуни танаффус кор мекунанд.

Интихобот дар Қандаҳор як ҳафта ба таъхир афтод

Зимнан, рӯзи 19-уми октябр дар остонаи интихоботи порлумонӣ тасмим шуд, ки дар Қандаҳор интихобот як ҳафта баъд баргузор шавад. Ҳамлаҳои маргбори Толибон ба ходимони пулис ва қатли мақомоти амниятии баландпояи маҳаллӣ ба ҷараёни интихобот дар ин минтақа халал ворид кард. Яке аз кушташудаҳо – раҳбари амнияти вилоят генерал Абдурозиқ аст, ки аз афроди бонуфуз ба шумор мерафт. Толибон ҳам қаблан таҳдид карданд, ки ҳадаф доранд овоздиҳии мардумро халалдор кунанд.

Ин дар ҳолест, ки худи интихобот дар Афғонистон аллакай се сол таъхир кардааст. Ноамниҳову анҷом нашудани ҷараёни омодагиҳои мақомот боис ба таъхир дар ташкили интихобот шудааст.

Интихобот дар Афғонистон таҳти тадбирҳои шадиди амниятӣ баргузор мешавад. Ҳудудан 5 ҳазор нуқтаи раъйдиҳиро ҳудудан 54 ҳазор ходими амниятӣ назорат мекунанд.

XS
SM
MD
LG