Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Кокул" баста шуд. Толибон гузаргоҳи Ойхонумро "гирифтаанд"


Марзи Тоҷикистону Афғонистон. Акс аз бойгонӣ
Марзи Тоҷикистону Афғонистон. Акс аз бойгонӣ

Фаъолияти гузаргоҳи “Кокул” дар ноҳияи Фархори Тоҷикистон баъди ба дасти гурӯҳи Толибон гузаштани гузаргоҳи “Ойхонум” дар Афғонистон қатъ шудааст.

Як манбаи огоҳ аз гуфт, ки Толибон дар бинои гузаргоҳи "Ойхонум" парчами худро часпондаанд

Мақомоти тоҷику афғон тасдиқ карданд, ки гурӯҳи Толибон рӯзи 13-уми август дар як задухӯрд гузаргоҳи “Ойхонум”-ро дар наздикии марзи Тоҷикистон зери назорати худ дароварданд. Гузаргоҳи “Кокул”, ки дар рӯ ба рӯи гузаргоҳи “Ойхонум” ҷойгир аст, аслан, барои содироту воридоти молу маҳсулот, мисли полезиҳо, орду шакар ва семент истифода мешавад.

Халил Асир, сухангӯи пулиси Тахор рӯзи 14-уми август дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дишаб ба минтақае, ки ин гузаргоҳ ҷойгир аст, Толибон ҳамла кардаанд. Дар ин ҳамла, ба гуфтаи ӯ, 13 пулиси марзбон кушта ва ҳафт тани дигар захмӣ шудаанд.

“Дирӯз гузаргоҳ бо тамоми таҷҳизоти гумрукӣ ба дасти Толибон афтод. Ҳоло қумандонҳои вилояти Тахор ва Кундуз машварат доранд, то барои бозпасгирии минтақа як амалиёти густарда анҷом диҳанд”, - гуфт ӯ дар суҳбати телефонӣ.

Муҳаммад Улуғхоҷаев, сухангӯи нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон гуфт, аз вазъи он тарафи марз огаҳ ҳастанд. “Дар мавриди гузаргоҳи “Ойхонум” чизе гуфта наметавонам, аммо аз вазъияти ду-се рӯзи охир, ки дар ҳамон минтақаи сарҳадии байни Тоҷикистон, бахусус дар Кокул рух додааст, роҳбарияти Қушӯнҳои сарҳадӣ хабардор аст”, - гуфт ӯ.

Ин мақоми марзбонӣ гуфт, “айни замон аз тарафи гурӯҳҳои ифротӣ таҳдидҳо ё кӯшиши убури ғайриқонунии марз сабт нашудааст”.

Аммо як манбаи огоҳ аз мақомоти интизомӣ дар минтақаи Кӯлоб рӯзи 14-уми август ба Радиои Озодӣ гуфт, аллакай Толибон дар бинои гузаргоҳи “Ойхонум” парчами худро часпондаанд.

Миёни гузаргоҳи “Кокул” дар ноҳияи Фархор ва “Ойхонум” дар Тахори Афғонистон пул вуҷуд надорад. Молу маҳсулот аз ин гузаргоҳ тариқи амад кашонда мешаванд.

Иттиҳоди Аврупо барои бунёди пул дар миёни ин ду гузаргоҳ таваҷҷуҳ карда буд. Қарор аст, баҳори соли 2019 бо маблағгузории Иттиҳоди Аврупо сохтмони пул оғоз шавад.

Ҳаҷми молу маҳсулоте, ки аз ин гузаргоҳ интиқол меёбад, маълум нест. Вале соҳибкорон онро як масири муҳим арзёбӣ мекунанд.

Гузаргоҳи "Кокул" дар ноҳияи Фархори вилояти Хатлон бо вилоятҳои Тахор ва Кундузи Афғонистон ҳаммарз аст. Ин ягона гузаргоҳе буд, ки солҳои 1996-2001 "Толибон" бар он назорат надоштанд ва аз ин дидбонгоҳ ба минтақаҳое, ки таҳти тасарруфи "Толибон" набуд, маводи озуқа ва сӯзишворӣ интиқол дода мешуд.

XS
SM
MD
LG