Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бидуни сензура. Осори адибони тоҷик ба Интернет роҳ меёбад


Гаронии нашри китоб ва набуди маблағ бархе адибони тоҷикро водор ба он кардааст, ки аз манфиатҳои Интернет дар муаррифии осори худ истифода кунанд. Вале ин на ба ҳама даст медиҳад.

Чанд нависандаву шоири тоҷик ахиран дар шабакаи ҷаҳонӣ вебсайтҳои хусусии худро боз карда, дар он намунаҳои осори худро ба маърази хонанда гузоштаанд. Бархе Интернетро майдони беминнату озод ва бесензураи нашри осорашон дарёфтаанд.

Дар Ғарбу Аврупо китобхонҳо ба китобҳои электронӣ гузашта, тавассути таблетҳои махсус дилхоҳ адабиётро мутолеа мекунанд
Дар Ғарбу Аврупо китобхонҳо ба китобҳои электронӣ гузашта, тавассути таблетҳои махсус дилхоҳ адабиётро мутолеа мекунанд

Мирзо Насриддин, адиби шинохтаи тоҷик ахиран дар шабакаи Интернет сомонаи худро роҳандозӣ карда (mirzonasriddin.tj), осори навиштаашро дар он ҷо барои ҳаводорони эҷодиёташ пешниҳод мекунад. Вай дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ахиран романи нави хуб бо номи “Оташ дар хонаи қадим”-ро дар ин сомона гузошта ва тӯли чанд соат аз хоанандагонаш дар Тоҷикистон ва хориҷи кишвар тақрибан 80 нома дарёфт кардааст. Ҷаноби Насриддин дар посух ба ин саволи Радиои Озодӣ, ки чӣ омилҳое ӯро барои роҳандозии сомонаи хусусиаш водор кардааст, чунин гуфт:

“Нахуст мехоҳам тавассути Интернет хонандагонро барои хондани осори худ бештар ҷалб созам. Дувум ин гаронии нашри китоб аст. Ҳоло замоне расидааст, ки мардум на рӯзнома мехонанду на китоб. Соле қабл ба як мақоми шаҳри Ҳисор нусхаи китобамро тақдим кардам. Чанд рӯз қабл бо вай вохӯрдам ва маълум шуд, ки ҳанӯз ин китобро нахондааст. Аммо омили асосӣ ин нукта аст, ки ҳафтаномаи “Адабиёт ва санъат” ва маҷаллаи “Садои Шарқ”, ки ҳоло гоҳнома шудааст, талаботи зиёде мекунанд, ки ин нуктаро аз романат бигир ва ё ин қисматашро иваз кун. Дар сомонаи шахсиам романро ба шакле нашр кардам, ки худам навиштаам ва талаби ҳеҷ касеро ба инобат намегирам”.

Мирзо Насриддин мегӯяд, ки дар пайи вокуниши хонандагони интернетӣ ҳоло дар пайи такмили романаш аст, зеро корбарони интернетӣ барояш иттилои изофӣ ва ҷолиб фиристодаанд. Ҳарчанд, ба гуфтаи Мирзо Насриддин, номаҳое аз хонандагон низ ба сомонааш меоянд, ки саршор аз таҳқиру таҳвинанд, адиби тоҷик ин амрро ба мушкили тарбия ва сатҳи дониши хонандагонаш марбут медонад.

Толиби Озарахш, шоири саршиноси тоҷик мегӯяд, ки ҳоло идораҳои нашриёту маҷаллаҳо ба гунаи солҳои шӯравӣ сахтгирӣ ё сензураи зиёд намекунанд, аммо бо ин вуҷуд дар сомона ё блог адиб озод аст ва хостаи худро менависад. Хостае, ки на ҳама аз нашрияҳо ба чопи он мувофиқанд. Толиби Озарахш гуфт, ки ҳоло ба далели серкориаш масъулияти сомонаву блогҳояш бар дӯши фарзандонаш вогузор шудааст. Вай афзуд:

“Ба ҳар як шеъри худ аз хориҷи кишвар даҳҳо тақризу вокунишҳо мегирам. Ин саҳфаи маҷозӣ майдони озодест, ки муаллиф бо хонандаи худ озодона музокирот мекунад. Хонандаҳои ман аз Узбекистону Қирғизистон ва кишварҳои аврупоӣ осори маро мехонанду баҳодиҳӣ мекунанд. Имконе, ки нашрияҳои чопии Тоҷикистон дар ихтиёр надоранд. Интернет имкони хубест, ки адиби тоҷик тавонад эҷодиёти худро ба тоҷикону форсизабонони хориҷӣ муаррифӣ кунад”.

Толиби Озарахш афзуд, ки тавассути сомонааш ҳофизони бархе аз кишварҳои ҳамсоя ба шеърҳои эҷодкардааш оҳанг баста, онро ба шакли суруд пешниҳоди сокинони кишварашон мекунанд.

Бархе аз мунаққидони нашри осори адибон дар сомонаҳои интернетӣ мегӯянд, ки чопи ин мавод бидуни таҳрири муҳаррир метавонад хонандаро ба иштибоҳоти минбаъда такон диҳанд. Зеро, ба эътиқоди онҳо, на ҳар як адиб аз вижагиҳои вазъи иҷтимоӣ ва сиёсиву иқтисодии кишвар огаҳии комил дорад. Баҳманёр, адиби шинохтаи тоҷик ва дорои сомонаи хусусӣ 1 май дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ дар ин бора гуфт:

Навиштаҳои ман ба таҳрири муҳаррир ниёз надоранд ва ба ин далел бе ҳеҷ шакке онро пешкаши хонандагони интернет мекунам. Муҳим ин аст, ки насли ҷавони тоҷик, ки алоқаманди интернет аст, аз хондани китоб дур намонад. Онҳо ин ҳадафи моро ба хубӣ эҳсос карда, тавассути сомона асарҳои маро мутолиа мекунанд”.

Аммо Гулрухсори Сафӣ (gulrukhsorsafi.tj), шоири саршиноси тоҷик, ки гуфтааст, "интернет ҳам китоб аст", ба далелҳои мухталиф аз сӯҳбат бо Радиои Озодӣ худдорӣ кард ва гуфт, ки ҳоло барои фаъол доштани сомонаи худ маблағе надорад. Муаллифони сомонаҳо ва адибон мегӯянд, феълан як китоби бузургҳаҷм аз 60 то 100 сомонӣ маблағ дорад ва ба ин далел сокинони Тоҷикистон, бештарашон зери хатти фақр зиндагӣ мекунанд, тавони харидории онро надоранд.

Сипеҳри Кароматулло, масъули сомонаи Иттиҳоди адибони Тоҷикистон мегӯяд, ки ба ин далел Низом Қосим, раиси ин иттифоқи эҷодӣ дастур додааст, ки дар сомонаи расмии ин муассиса кулли осори адибони тоҷик аз ҷумлаи аъзои Иттифоқи нависандагон нашр карда шавад. Аммо, адибони ҷавоне, ки ҳанӯз ба узвияти ин созмони эҷодӣ пазируфта нашудаанд, аз ин имконият наметавонанд истифода кунанд. Онҳо маблағе барои чопи китоби худ ҳам надоранд. Ҳарчанд, ба гуфтаи соҳибназарон, маҳз дар миёни адибони навқалам бояд ситораҳои нави осмони адабро ҷустуҷӯ кард.

XS
SM
MD
LG